Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 11

Юҳанно 11:6-40

Help us?
Click on verse(s) to share them!
6Вале аз бемории Лаъзор хабардор шуда бошад ҳам, боз ду рӯзи дигар дар ҷояш монд.
7Баъд ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба Яҳудия бармегардем».
8«Устод, — гуфтанд шогирдони ӯ, — навакак мардум шуморо сангсор кардан мехостанду Шумо боз ба он ҷо рафтанӣ ҳастед?»
9Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар як рӯз аз дувоздаҳ соат иборат нест? Касоне, ки рӯзона роҳ мераванд, пешпо намехӯранд, чунки рӯшноии ин ҷаҳонро мебинанд.
10Аммо касоне, ки шабона роҳ мераванд, пешпо мехӯранд, чунки равшанӣ надоранд».
11Исо инро гуфта, давом дод: «Дӯсти мо Лаъзор хобидааст, Ман рафта, ӯро бедор мекунам».
12Шогирдон ба Ӯ гуфтанд: «Худованд, агар хоб рафта бошад, сиҳат мешавад».
13Исо мурдани Лаъзорро дар назар дошт, аммо онҳо фикр мекарданд, ки Ӯ дар бораи хоби муқаррарӣ гап мезанад.
14Он гоҳ Исо ошкоро ба онҳо гуфт: «Лаъзор мурдааст,
15вале Ман ба хотири шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем».
16Он гоҳ Тумо, ки ӯро боз Дугоник меномиданд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед, мо ҳам меравем, то ҳамроҳи Ӯ бимирем!»
17Ба он ҷо расида омадан замон Исо фаҳмид, ки Лаъзорро чор рӯз пеш гӯронидаанд.
18Деҳаи Байт-Ҳинӣ аз Ерусалим дур набуд, тақрибан дар масофаи се километр роҳ буд,
19бинобар ин бисёре аз яҳудиён ба назди Марто ва Марям омаданд, то ки барои марги бародарашон ҳамдардиашонро изҳор намоянд.
20Марто ҳамин ки хабари ба назди онҳо омада истодани Исоро шунид, ба пешвози Ӯ рафт, вале Марям дар хона монд.
21Марто ба Исо гуфт: «Худованд, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам аз дунё намегузашт!
22Аммо ман медонам, ки ҳоло ҳам ҳар чӣ аз Худо талаб кунӣ, ба Ту медиҳад».
23«Бародарат гашта зинда мешавад», — гуфт ба ӯ Исо.
24«Медонам, ки дар рӯзи қиёмат, ҳангоми зинда шудани мурдагон вай ҳам зинда мешавад», — ҷавоб дод Марто.
25Исо гуфт: «Ман каси зиндакунанда ва ҳаётбахш ҳастам. Касе ки ба Ман имон дорад, бимирад ҳам, аз нав зинда мешавад.
26Инчунин, ҳар касе ки дар Ман зиндагӣ мекунад ва ба Ман имон меоварад, ҳаргиз намемирад. Ту ба ин бовар мекунӣ?»
27«Бале, Худованд, — ҷавоб дод Марто, — ман бовар мекунам, ки Ту Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».
28Инро гуфта, Марто рафт ва хоҳари худ Марямро ҷеғ зада, фақат ба ӯ гуфт: «Устод омадааст ва туро даъват мекунад».
29Марям инро шунида, зуд аз ҷояш бархест ва ба назди Исо рафт
30(Исо ҳанӯз ба деҳа надаромада буд, балки дар ҳамон ҷое монд, ки Марто ба пешвозаш баромада буд).
31Дар хона ҳамроҳи Марям яҳудиёне буданд, ки ӯро дилбардорӣ мекарданд. Онҳо зуд аз ҷояш хеста ва аз хона баромадани Марямро дида, гумон карданд, ки вай ба сари қабр рафта, гиря мекунад ва аз паси ӯ равона шуданд.
32Вақте Марям ба ҷое, ки Исо буд, омаду Ӯро дид, пеши пойҳояш худро партофта, гуфт: «Худованд, агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд».
33Вақте Исо Марям ва одамони ҳамроҳаш омадаро гирён дид, дилаш сахт безобита шуда
34гуфт: «Шумо ӯро дар куҷо гӯронидед?» Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Рафтем, Худованд, нишон медиҳем».
35Исо ашки чашм рехт.
36Он гоҳ яҳудиён гуфтанд: «Бубинед, чӣ қадар ӯро дӯст медошт!»
37Лекин баъзеи онҳо гуфтанд: «Ӯ, ки чашмони кӯрро бино карда буд, магар Лаъзорро аз марг нигоҳ дошта наметавонист?»
38Исо бори дигар хашмгин шуда, ба сари қабр омад. Ин як ғоре буд, ки дар даромадгоҳи он санг гузошта шуда буд.
39«Сангро дур кунед!» — гуфт Исо. Марто, хоҳари марҳум ба Ӯ гуфт: «Худованд, аллакай бӯй гирифтааст. Охир аз рӯзе, ки ӯро дафн кардем, чор рӯз гузашт».
40Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шӯҳрату ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?»

Read Юҳанно 11Юҳанно 11
Compare Юҳанно 11:6-40Юҳанно 11:6-40