Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно

Юҳанно 20

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Пагоҳии барвақти рӯзи якшанбе, ҳанӯз равшан нашуда, Марями Маҷдалия ба сари қабр омад ва дид, ки санг аз даромадгоҳи он гирифта шудааст.
2Ӯ давида назди Шимъӯни Петрус ва шогирди дигар, ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Онҳо Худованди моро аз қабр бурдаанд ва мо намедонем, ки Ӯро ба куҷо гузоштаанд».
3Пас, Петрус ва он шогирди дигар ба тарафи қабр равона шуданд.
4Ҳардуи онҳо медавиданд, вале он шогирди дигар аз Петрус тезтар давида, аввалин шуда ба сари қабр расида омад.
5Ӯ хам шуда кафанро дид, вале ба даруни қабр надаромад.
6Аз паси ӯ Шимъӯни Петрус ҳам давида омад. Вай ба даруни қабр даромада, дид, ки кафан ҳаст ва
7матое, ки дар сари Исо буд, на бо кафан, балки дар каноре ҷудо печонда шудааст.
8Он гоҳ шогирди дигар ҳам, ки аввалин шуда ба сари қабр омада буд, ба қабр даромаду ҳамаи инро дида имон овард.
9Онҳо ҳанӯз суханони навиштаҷотро намефаҳмиданд, ки дар бораи Ӯ гуфта шуда буд, ки бояд баъд аз марг зинда шавад.
10Шогирдон ба хонаашон баргаштанд.
11Аммо Марям берун аз қабр истода гиря мекард. Ӯ гирякунон хам шуда ба даруни қабр нигоҳ кард
12ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар ҷое, ки пештар Исо гузошта шуда буд, нишастаанд, яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пой.
13«Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» — пурсиданд онҳо. Марям ба онҳо ҷавоб дод: «Худованди маро бурдаанд ва ман намедонам, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд».
14Инро гуфта, ӯ ба қафо рӯ гардонду дид, ки дар рӯ ба рӯи ӯ Исо истодааст. Вале ӯ надонист, ки ин Исо аст.
15Исо ба вай гуфт: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро меҷӯӣ?» Марям Ӯро боғбон фикр карда ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа, агар шумо Ӯро бурда бошед, ба ман бигӯед, ки дар куҷо гузоштаед, то Ӯро гирифта барам».
16«Эй Марям!» — гуфт Исо. Марям рӯ оварда, бо забони ибронӣ фарёд зад: «Эй Раббунӣ (ки маънояш „устод“ аст)!»
17Исо ба ӯ гуфт: «Ба Ман даст нарасон, ки ҳанӯз ба пеши Падар боло нарафтаам. Лекин назди бародаронам рафта гӯй, ки Ман назди Падари Ману шумо, ба назди Худои Ману шумо меравам».
18Марями Маҷдалия ба назди шогирдон омада, дар бораи Худовандро диданаш ба онҳо хабар дод. Инчунин суханони Исоро, ки ба ӯ гуфта буд, ба онҳо нақл кард.

19Бегоҳии худи ҳамон рӯз, яъне рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон якҷоя ҷамъ шуда, аз тарси роҳбарони халқ дарҳоро маҳкам баста менишастанд, Исо омаду дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам».
20Инро гуфта, дастҳо ва паҳлӯяшро ба онҳо нишон дод. Шогирдон аз дидани Худовандашон хурсанд шуданд.
21«Ба шумо оромӣ мехоҳам! — такрор кард Исо. — Чунон ки Падар Маро фиристодааст, Ман низ шуморо мефиристам».
22Баъд аз ин суханон Ӯ бар онҳо пуф карда, гуфт: «Рӯҳи Муқаддасро қабул кунед!
23Гуноҳи касонеро, ки бубахшед, ба онҳо бахшида мешавад ва онҳоеро, ки набахшед, гуноҳ дар гардани онҳо мемонад».
24Тумо, яке аз он дувоздаҳ шогирди Исо, ки боз Дугоник номида мешуд, ҳангоми омадани Исо дар он ҷо ҳамроҳи онҳо набуд.
25Шогирдони дигар ба ӯ гуфтанд: «Мо Худовандро дидем!» Вале ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «То бо чашмони худам изҳои мехро дар дастони Ӯ набинам ва ангуштамро ба он нагузорам ва дастамро ба захми паҳлӯяш намонам, бовар намекунам!»
26Баъд аз як ҳафта шогирдон боз ҷамъ омаданд ва Тумо ҳам ҳамроҳи онҳо буд. Дар баста буд, вале Исо омада, дар миёни онҳо истоду гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам!»
27Баъд ба Тумо гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузору дастонамро бин ва дастатро ба захми паҳлӯям гузор! Дигар шубҳа накуну бовар кун!»
28Тумо ба Вай ҷавоб дод: «Эй Худованди ман, Худои ман!»
29Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Магар аз сабаби он бовар мекунӣ, ки Маро мебинӣ? Вале хушбахтанд онҳое, ки Маро надида имон овардаанд».
30Исо дар ҳузури шогирдони худ бисёр мӯъҷизоти дигареро ҳам нишон дода буд, ки дар бораи онҳо дар ин китоб гуфта нашудааст.
31Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Таъиншуда ва Писари Худо будани Исо имон овареду ба воситаи имон ба Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед.