Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно

Юҳанно 11

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Марде, ки Лаъзор ном дошт, бемор шуд. Ӯ аз Байт-Ҳинӣ, аз деҳае буд, ки дар он Марям бо хоҳараш Марто зиндагӣ мекард.
2Марям ҳамон зан буд, ки ба пойҳои Худованд атриёт молида, онҳоро бо мӯйи сари худ хушк карда буд. Лаъзори беморшуда бародари ӯ буд.
3Хоҳарони Лаъзор касеро бо хабаре назди Исо фиристоданд, ки бигӯяд: «Эй Худованд, он касе, ки Ту дӯст медорӣ, бемор аст».
4Исо ин хабарро шунида гуфт: «Ин беморӣ на барои марг, балки барои шӯҳрату ҷалоли Худо ва барои он аст, ки Фарзанди Инсон ба воситаи он ҷалоли худро нишон диҳад».
5Исо Марто, хоҳари ӯ ва Лаъзорро дӯст медошт.
6Вале аз бемории Лаъзор хабардор шуда бошад ҳам, боз ду рӯзи дигар дар ҷояш монд.
7Баъд ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба Яҳудия бармегардем».
8«Устод, — гуфтанд шогирдони ӯ, — навакак мардум шуморо сангсор кардан мехостанду Шумо боз ба он ҷо рафтанӣ ҳастед?»
9Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар як рӯз аз дувоздаҳ соат иборат нест? Касоне, ки рӯзона роҳ мераванд, пешпо намехӯранд, чунки рӯшноии ин ҷаҳонро мебинанд.
10Аммо касоне, ки шабона роҳ мераванд, пешпо мехӯранд, чунки равшанӣ надоранд».
11Исо инро гуфта, давом дод: «Дӯсти мо Лаъзор хобидааст, Ман рафта, ӯро бедор мекунам».
12Шогирдон ба Ӯ гуфтанд: «Худованд, агар хоб рафта бошад, сиҳат мешавад».
13Исо мурдани Лаъзорро дар назар дошт, аммо онҳо фикр мекарданд, ки Ӯ дар бораи хоби муқаррарӣ гап мезанад.
14Он гоҳ Исо ошкоро ба онҳо гуфт: «Лаъзор мурдааст,
15вале Ман ба хотири шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем».
16Он гоҳ Тумо, ки ӯро боз Дугоник меномиданд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед, мо ҳам меравем, то ҳамроҳи Ӯ бимирем!»
17Ба он ҷо расида омадан замон Исо фаҳмид, ки Лаъзорро чор рӯз пеш гӯронидаанд.
18Деҳаи Байт-Ҳинӣ аз Ерусалим дур набуд, тақрибан дар масофаи се километр роҳ буд,

19бинобар ин бисёре аз яҳудиён ба назди Марто ва Марям омаданд, то ки барои марги бародарашон ҳамдардиашонро изҳор намоянд.
20Марто ҳамин ки хабари ба назди онҳо омада истодани Исоро шунид, ба пешвози Ӯ рафт, вале Марям дар хона монд.
21Марто ба Исо гуфт: «Худованд, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам аз дунё намегузашт!
22Аммо ман медонам, ки ҳоло ҳам ҳар чӣ аз Худо талаб кунӣ, ба Ту медиҳад».
23«Бародарат гашта зинда мешавад», — гуфт ба ӯ Исо.
24«Медонам, ки дар рӯзи қиёмат, ҳангоми зинда шудани мурдагон вай ҳам зинда мешавад», — ҷавоб дод Марто.
25Исо гуфт: «Ман каси зиндакунанда ва ҳаётбахш ҳастам. Касе ки ба Ман имон дорад, бимирад ҳам, аз нав зинда мешавад.
26Инчунин, ҳар касе ки дар Ман зиндагӣ мекунад ва ба Ман имон меоварад, ҳаргиз намемирад. Ту ба ин бовар мекунӣ?»
27«Бале, Худованд, — ҷавоб дод Марто, — ман бовар мекунам, ки Ту Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».
28Инро гуфта, Марто рафт ва хоҳари худ Марямро ҷеғ зада, фақат ба ӯ гуфт: «Устод омадааст ва туро даъват мекунад».
29Марям инро шунида, зуд аз ҷояш бархест ва ба назди Исо рафт
30(Исо ҳанӯз ба деҳа надаромада буд, балки дар ҳамон ҷое монд, ки Марто ба пешвозаш баромада буд).
31Дар хона ҳамроҳи Марям яҳудиёне буданд, ки ӯро дилбардорӣ мекарданд. Онҳо зуд аз ҷояш хеста ва аз хона баромадани Марямро дида, гумон карданд, ки вай ба сари қабр рафта, гиря мекунад ва аз паси ӯ равона шуданд.
32Вақте Марям ба ҷое, ки Исо буд, омаду Ӯро дид, пеши пойҳояш худро партофта, гуфт: «Худованд, агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд».
33Вақте Исо Марям ва одамони ҳамроҳаш омадаро гирён дид, дилаш сахт безобита шуда
34гуфт: «Шумо ӯро дар куҷо гӯронидед?» Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Рафтем, Худованд, нишон медиҳем».
35Исо ашки чашм рехт.
36Он гоҳ яҳудиён гуфтанд: «Бубинед, чӣ қадар ӯро дӯст медошт!»

37Лекин баъзеи онҳо гуфтанд: «Ӯ, ки чашмони кӯрро бино карда буд, магар Лаъзорро аз марг нигоҳ дошта наметавонист?»
38Исо бори дигар хашмгин шуда, ба сари қабр омад. Ин як ғоре буд, ки дар даромадгоҳи он санг гузошта шуда буд.
39«Сангро дур кунед!» — гуфт Исо. Марто, хоҳари марҳум ба Ӯ гуфт: «Худованд, аллакай бӯй гирифтааст. Охир аз рӯзе, ки ӯро дафн кардем, чор рӯз гузашт».
40Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шӯҳрату ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?»
41Сангро дур карданд. Исо ба боло нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, шукри Туро мекунам, ки дуои Маро шунидӣ.
42Ман медонистам, ки Ту ҳамеша дуои Маро мешунавӣ, вале инро ба хотири мардуме, ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то онҳо имон оваранд, ки Маро Ту фиристодаӣ!»
43Инро гуфта, бо овози баланд хитоб кард: «Эй Лаъзор, берун баро!»
44Мурда, ки дасту пойҳояш бо кафану рӯяш бо рӯймол печонда шуда буд, аз қабр баромад. Исо ба онҳо гуфт: «Дасту пойҳои ӯро кушоед, ки роҳ равад!»
45Бисёре аз яҳудиёне, ки назди Марям омада буданд, мӯъҷизаи Исоро дида ба Ӯ имон оварданд.
46Аммо баъзе аз онҳо ба пеши фарисиён рафта, дар бораи корҳои Исо хабар доданд.
47Он гоҳ сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён маҷлиси шӯроро ҷамъ карда, гуфтанд: «Чӣ кор мекунем? Ин одам мӯъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад.
48Агар мо имконият диҳем, ки Ӯ кори худро давом диҳад, ҳама ба Ӯ имон меоваранд. Он вақт румиён омада, ҳам ҷои муқаддасамон ва ҳам халқи моро нест мекунанд».
49Яке аз онҳо ба номи Қаёфо, ки дар он сол сарвари рӯҳониён буд, гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед!
50Магар аён нест, ки агар як нафар ба хотири халқ бимирад, барои шумо беҳтар аст, аз он ки тамоми халқ нобуд шавад».
51Қаёфо ин суханонро боихтиёри худ нагуфт, балки аз сабаби ҳамон сол сарвари рӯҳониён буданаш аз ӯ ин пешгӯӣ баромаданд, ки Исо барои халқ мемирад.
52Вале на танҳо барои халқи яҳудиён, инчунин барои муттаҳид гардондани тамоми фарзандони Худо низ, ки дар рӯи замин парокандаанд, мемирад.
53Аз ҳамон рӯз сар карда, онҳо роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Ӯро фикр карданд.
54Аз ин сабаб Исо дигар дар Яҳудия ошкоро рафтуомад намекард. Вай аз он ҷо ба Эфроим ном шаҳре, ки дар наздикии биёбон ҷойгир шуда буд, рафта, бо шогирдонаш дар ҳамон ҷо монд.

55Иди Балогардони яҳудиён наздик мешуд ва аз гӯшаву канори мамлакат мардуми зиёд ба Ерусалим равона шуданд, то пеш аз сар шудани ид расму таомули покшавиро ба ҷо оваранд.
56Онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданду дар Хонаи Худо аз ҳамдигар мепурсиданд: «Чӣ фикр доред? Наход Ӯ ба ид биёяд?»
57Зеро сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён фармон бароварданд, ки агар касе дар куҷо будани Исоро донад, бояд ба онҳо хабар диҳад, то Ӯро дастгир карда тавонанд.