1Дар ибтидо Калом буд ва ин Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд.
2Вай дар аввал бо Худо буд
3ва ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шуду бе Ӯ ҳеҷ чизе аз офариниш пайдо нашуд.
4Дар Ӯ ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон равшанӣ буд.
5Равшанӣ дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонад.
6Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода мешавад,
7ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳаду ҳама ба воситаи Ӯ имон оваранд.
8Яҳё худ равшанӣ набуд, вале барои он омад, ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳад.
9Он равшании ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон медурахшад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
10Калом дар ҷаҳон буд ва мардуми ҷаҳон ба воситаи Ӯ офарида шуда бошанд ҳам, Ӯро нашинохтанд.
11Вай ба назди қавмаш омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд.
12Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд.
13Онҳо на ба таври табиӣ ва на аз рӯи хоҳиши инсонӣ, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
14Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.
15Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ман Ӯро дар назар дошта ба шумо гуфта будам, ки баъд аз ман каси аз ман бузургтаре меояд, чунки Вай пеш аз ман вуҷуд дошт».
16Аз фаровонии файзи Ӯ ҳамаи мо баракат аз паси баракат ёфтаем.
17Худо шариатро ба воситаи Мӯсо додааст, вале файзу ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.
18Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.
19Вақте роҳбарони яҳудӣ аз Ерусалим ба назди Яҳё чанд нафар рӯҳониён ва левизодагонро фиристоданд, то аз ӯ кӣ буданашро бипурсанд, Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонду ошкоро эълон карда, чунин шаҳодат дод: «Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам».
21Онҳо боз пурсиданд: «Пас, шумо кистед? Оё Илёс пайғамбаред?» «Не», — ҷавоб дод ӯ. «Ё ҳамон пайғамбаред, ки мунтазираш ҳастем?» «Не», — гуфт ӯ.
22Онҳо пурсиши худро давом доданд: «Охир, шумо кистед? Мо бояд ба касоне, ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем. Шумо дар бораи худ чӣ мегӯед?»
23Яҳё бо суханоне, ки Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ҷавоб дод: «Ман касе ҳастам, ки дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳро рост намоед!“».
24Аз тарафи фарисиён низ фиристодашудагоне буданд,
25ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки шумо на Таъиншудаи Худо, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастед, ки дар мунтазираш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳед?»
26«Ман бо об таъмид медиҳам, — ҷавоб дод Яҳё. — Вале дар байни шумо шахсе ҳаст, ки баъд аз ман меояд ва ман ҳатто лоиқи он нестам, ки банди пойафзолашро кушоям. Шумо Ӯро намешиносед».
28Ҳамаи ин воқеа дар Байт-Ҳинӣ, дар соҳили дигари дарёи Урдун ба амал омад, ки Яҳё дар он ҷо мардумро таъмид медод.
29Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида, гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад!
30Ман дар бораи Ӯ гуфта будам, ки аз паси ман касе меояд, ки аз ман бузургтар аст, зеро пеш аз ман вуҷуд дошт.
31Худи ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад».
32Баъд шаҳодат дода гуфт: «Ман дидам, ки Рӯҳи Муқаддас монанди кабӯтар аз осмон фаромада, бар Ӯ қарор гирифт.
33Худи ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Бар касе бинӣ, ки Рӯҳ бар Ӯ фаромада қарор мегирад, бидон, ки Вай ҳамон касест, ки бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад“.
34Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост».
35Рӯзи дигар Яҳё бо ду нафар шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод
36ва Исои аз роҳ гузашта истодаро дида, гуфт: «Ана Ӯ Барраи Худо аст!»
37Он ду шогирд суханонашро шунида, аз паси Исо равона шуданд.
38Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки онҳо аз паси Ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Шумо чиро мекобед?» Онҳо дар ҷавоб пурсиданд: «Раббӣ! Шумо дар куҷо зиндагӣ мекунед? (Маънои калимаи „Раббӣ“ устод аст)».
39Ӯ гуфт: «Рафтем, мебинед». Вақте ки онҳо ҳамроҳаш рафта, ҷои истиқомати Ӯро диданд, соат қариби чори бегоҳ буд ва онҳо ҳамон рӯз бо Ӯ монданд.
40Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд.
41Ӯ аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта ба ӯ гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем» (Маънои калимаи «Масеҳ» Таъиншудаи Худо аст).
42Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ» (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ — маънои ҳардуяш ҳам «санг» аст).
43Рӯзи дигар Исо қарор дод, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд.
44Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус яке аз сокинони Байт-Сайдо буд.
45Филиппус, дар навбати худ, Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо он касеро ёфтем, ки дар борааш Мӯсо дар шариат ва пайғамбарон дар гуфтаҳои худ навишта буданд! Ин Исои писари Юсуф, аз аҳли Носира аст».
46«Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» — гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».
47Исо Натаноили ба наздаш омада истодаро дида, дар бораи ӯ гуфт: «Ана ин исроилии ҳақиқист, ки дар дил макре надорад».
48«Ту маро аз куҷо мешиносӣ?» — пурсид Натаноил. Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ҳанӯз, пеш аз он ки Филиппус туро фарёд кунад, Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам».
49«Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» — гуфт Натаноил.
50Исо ҷавоб дод: «Магар ту барои он имон овардӣ, ки „туро дар зери дарахти анҷир дида будам“ гуфтам? Ту корҳои аз ин ҳам бузургтарро мебинӣ.
51Ба шумо рост мегӯям, ки баъд аз ин шумо осмонро кушода ва ба пеши Фарзанди Инсон фаромадану боло баромадани фариштагони Худоро хоҳед дид».