1Пас аз ин суханон Исо ҳамроҳи шогирдонаш баромада, ба канори дигари водии Қидрун гузашт. Дар он ҷо боғе буд ва Исо бо шогирдонаш ба он боғ даромад.
2Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ он ҷоро медонист, чунки Исо ва шогирдонаш бисёр вақт дар он ҷо ҷамъ меомаданд.
3Инак, Яҳудо дастаи аскарони румӣ ва посбонони Хонаи Худоро, ки аз тарафи сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён фиристода шуданд, бо худ ба он ҷо овард. Онҳо ҳама мусаллаҳ буданд ва дар даст фонусу машъал бардошта меомаданд.
4Исо медонист, ки бо Ӯ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, бинобар ин ба пеши онҳо баромада, пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?»
5Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро». «Ин Манам», — ҷавоб дод Исо. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ ҳамроҳи онҳо буд.
6Ҳамин ки Исо «Ин Манам» гуфт, онҳо ақибнокӣ рафта, ба замин афтоданд.
7Исо боз аз онҳо пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» «Исои Носириро», — гуфтанд онҳо.
8«Ман ба шумо гуфтам, ки ин Ман ҳастам. Агар барои шумо Ман лозим бошам, пас монед, ки ин одамон раванд».
9Ӯ барои он ин тавр гуфт, то суханони «Аз он касоне, ки Ту ба Ман бахшидӣ, касеро аз даст надодам» гуфтааш иҷро шаванд.
10Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро аз ғилоф кашида, ғуломи сарвари рӯҳониёнро заду гӯши рости ӯро бурида партофт. Он ғулом Малҳус ном дошт.
11Исо ба Петрус гуфт, ки шамшерашро ба ғилофаш андозад. Инчунин илова кард: «Наход, ки аз косаи азобе, ки Падарам барои Ман додааст, нанӯшам?»
12Он гоҳ дастаи аскарони румӣ бо фармондеҳи худ ва посбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда бастанд.
13Аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо бурданд, ки ҳамон сол сарвари рӯҳониён буд.
14Қаёфо ин ҳамон шахсе буд, ки ба ҳукуматдорони яҳудӣ маслиҳат дод, ки агар ба ҷои тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст.
15Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигари Исо аз паси Ӯ рафтанд. Он шогирд бо сарвари рӯҳониён ошноӣ дошт, бинобар ин ҳамроҳи Исо ба ҳавлии сарвари рӯҳониён даромад.
16Вале Петрус дар беруни ҳавлӣ, дар назди дарвоза истод. Пас он шогирде, ки бо сарвари рӯҳониён ошноӣ дошт, баромада, бо зане, ки дарвозабон буд, гуфтугӯ карда, Петрусро ба ҳавлӣ даровард.
17Зани дарвозабон ба Петрус гуфт: «Оё ту аз шогирдони он кас нестӣ?» «Не, нестам», — ҷавоб дод Петрус.
18Азбаски ҳаво хунук буд, хизматгорон ва посбонон гулхан даргиронда, дар гирди он худро гарм мекарданд. Петрус низ дар паҳлӯи онҳо истода, худро гарм мекард.
19Сарвари рӯҳониён аз Исо дар бораи шогирдон ва таълимоти Ӯ пурсуҷӯ кард.
20Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман дар пеши ҳама ошкоро сухан гуфтаам. Ман доимо дар ибодатхонаҳо ва дар Хонаи Худо, ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам.
21Пас, чаро шумо аз Ман мепурсед? Аз шунавандагон бипурсед, ки Ман дар бораи чӣ ба онҳо гуфтаам. Онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам».
22Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, яке аз посбонони дар паҳлӯяш истода Исоро торсакӣ зада, гуфт: «Ту чӣ тавр ба сарвари рӯҳониён гап гардонда метавонӣ?»
23«Агар чизе нодуруст гуфта бошам, бигӯ, ки хатои Ман дар чист, — ҷавоб дод Исо. — Вале агар дуруст гуфта бошам, чаро Маро мезанӣ?»
24Он гоҳ Ҳонон Исои дастбастаро ба назди Қаёфои сарвари рӯҳониён фиристод.
25Шимъӯни Петрус бошад, дар ҷои пештарааш истода, худро гарм мекард. Аз ӯ пурсиданд: «Магар ту ҳам аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вале Петрус инро инкор карда, «не» ҷавоб дод.
26«Магар туро дар боғ бо Ӯ надида будам?» — гуфт яке аз хизматгорони сарвари рӯҳониён, хеши ҳамон касе, ки гӯшашро Петрус бурида буд.
27Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад.
28Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба қасри ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонанд, ба қаср надаромаданд.
29Пас, Пилотус ба назди онҳо баромада, гуфт: «Айби ин одам дар чист?»
30Онҳо ҷавоб доданд: «Агар Ӯ ҷинояткор намебуд, магар ба дасти шумо месупоридем?»
31«Худатон Ӯро гирифта аз рӯи қонунатон ҳукм кунед», — гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем», — ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ.
32(Ҳамаи ин барои он рӯй дод, то суханони Исо, ки дар бораи тарзи маргаш гуфта буд, иҷро шаванд).
33Пилотус ба қаср баргашт ва Исоро ҷеғ зада гуфт: «Оё Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?»
34Исо дар ҷавоб гуфт: «Ту ин саволро аз худат мегӯӣ ё дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтанд?»
35Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқ ва сардорони рӯҳонии худат Туро дошта, ба дасти ман супориданд. Ту чӣ кор кардӣ?»
36Исо гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест. Агар подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, одамони зердастам меҷангиданд, то ки Ман ба дасти ҳукуматдорони яҳудӣ таслим нашавам. Не, подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест».
37«Пас, Ту Шоҳ ҳастӣ?» — пурсид аз Ӯ Пилотус. Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯӣ, ки Ман подшоҳ ҳастам. Ман барои он таваллуд шуда ба ин ҷаҳон омадам, ки шоҳиди ростӣ бошам. Ҳар кӣ тарафдори ростӣ бошад, Маро гӯш мекунад».
38«Ростӣ чист?» — пурсид аз Ӯ Пилотус. Ин суханонро гуфта, Пилотус боз ба назди яҳудиён баромаду гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо наёфтам.
39Лекин шумо як анъана доред, ки ҳар иди Балогардон ман бароятон як зиндониро озод мекунам. Мехоҳед, ки бароятон Шоҳи Яҳудиёнро озод кунам?»
40«Не! — дод зада ҷавоб доданд онҳо. — Ба ҷои Ӯ Бараббосро озод кун!» Бараббос як марди роҳзан буд.