1Як рӯз пеш аз иди Балогардон Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё рафтан ва ба пеши Падараш баргаштани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд.
2Иблис аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом
4Ӯ аз сари дастархон бархеста, ҷомаашро кашиду миёни худро бо сачоқ баст.
5Пас, ба тағораи дастурӯшӯйӣ об рехта, ба шустану бо сачоқи дар миён бастааш хушк кардани пойҳои шогирдон шурӯъ кард.
6Ӯ ба назди Шимъӯни Петрус омад ва Шимъӯни Петрус гуфт: «Худованд, магар Ту пойҳои маро шустанӣ ҳастӣ?!»
7Исо ҷавоб дод: «Ҳоло ту кори мекардаамро намефаҳмӣ, баъдтар мефаҳмӣ».
8Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳаргиз пойҳои маро намешӯӣ». «Агар нашӯям, ту бо Ман шарик намешавӣ!» — ҷавоб дод Исо.
9Шимъӯни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Худовандо, пас на фақат пойҳоямро, балки дасту сарамро низ бишӯй!»
10«Барои касе, ки ҳаммом кардааст, танҳо пойҳояшро шустан лозим аст, чунки ӯ комилан пок аст, — гуфт Исо. — Шумо ҳам пок ҳастед, вале на ҳама».
11Зеро Ӯ медонист, ки дар ҳаққаш кӣ хиёнат мекунад ва барои ҳамин гуфт, ки на ҳама пок ҳастанд.
12Баъд аз он ки пойҳои онҳоро шуст, либосашро пӯшиду боз ба сари дастархон нишаста гуфт: «Оё медонед, ки Ман бароятон чӣ кор кардам?
13Шумо Маро устод ва Худованд меномед ва ин дуруст аст, чунки Ман ҳамонам.
14Пас, агар Ман, ки Худованд ва устоди шумо ҳастам, пойҳои шуморо шуста бошам, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед.
15Ман ба шумо намунаи ибрат шудам, ки шумо айнан мисле ки Ман нисбат ба шумо рафтор кардам, рафтор кунед.
16Ба шумо рост мегӯям, ки хизматгор аз хоҷаи худ ва фиристодашуда аз шахсе, ки ӯро фиристодааст, бузургтар нест.
17Акнун ки шумо ин чизҳоро медонед, хушбахт мешавед, агар онҳоро ба амал оваред.
18Ман на дар бораи ҳамаи шумо мегӯям; Ман касони интихобкардаамро медонам. Вале, бигзор, суханон аз навиштаҷот ба амал оянд: „Касе ки нони Маро мехӯрд, бар зидди Ман даст бардошт“.
19Инро ҳоло пеш аз рӯй доданаш ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми ба амал омадани ин ҳодиса имон оваред, ки ин Ман ҳастам.
20Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, фиристандаи Маро қабул мекунад».
21Инро гуфта, Исо сахт безобита шуду эълон кард: «Ба шумо рост мегӯям, яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».
22Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат монданд, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфта бошад.
23Яке аз шогирдон, ки Исо ӯро дӯст медошт, дар паҳлӯи Ӯ такя карда нишаста буд.
24Шимъӯни Петрус ба ӯ ишора кард, то аз Исо бипурсад, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфт.
25Он шогирд ба Исо наздиктар шуда пурсид: «Худованд, ин кист?»
26Исо ҷавоб дод: «Ба кӣ луқмаи нонро дар коса тар карда диҳам, ҳамон аст». Баъд луқмаи нонро тар карда, ба Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют дод.
27Ҳамин ки Яҳудо луқмаи нонро гирифт, иблис ба вуҷуди ӯ дохил шуд. Исо ба ӯ гуфт: «Он ниятеро, ки дар дил дорӣ, зудтар иҷро бикун».
28Ҳеҷ касе аз онҳое, ки дар сари дастархон буданд, нафаҳмиданд, ки барои чӣ Исо ба ӯ ин суханро гуфт.
29Азбаски хазинаи пул дар дасти Яҳудо буд, баъзеҳо гумон карданд, ки Исо ба ӯ фармуд, то ҳар чӣ барои ид лозим аст, барояшон бихарад ё ки ба бенавоён чизе бидиҳад.
30Яҳудо нонро гирифта, ҳамон замон берун баромад. Шаб буд.
31Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Фарзанди Инсон шӯҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфт.
32Агар Худо дар Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфта бошад, пас Худо низ дар худ Ӯро шӯҳрату ҷалол медиҳад ва фавран инро мекунад.
33Эй фарзандонам, муддати кам мондааст, ки Ман ҳамроҳи шумо мемонам. Шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, вале, чӣ тавре ки ба роҳбарони яҳудӣ гуфта будам, акнун ба шумо низ мегӯям, ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед.
34Ман ба шумо фармони нав медиҳам, ки якдигарро дӯст доред. Ҳамон тавре ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред.
35Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед».
36Шимъӯни Петрус аз Ӯ пурсид: «Худованд, Ту ба куҷо меравӣ?» «Ба ҷое, ки Ман меравам, ту ҳоло аз паси Ман омада наметавонӣ, — ҷавоб дод Исо, — аммо баъдтар хоҳӣ омад».
37Петрус ба Ӯ гуфт: «Худованд! Чаро ман ҳоло аз паси Ту рафта наметавонам? Ман тайёрам ҷони худро барои Ту фидо кунам!»
38Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту рост мегӯям, ки пеш аз ҷеғ задани хурӯс ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!»