Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно

Юҳанно 14

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо суханашро давом дода гуфт: «Бигзор дилҳоятонро ғаму ғусса фаро нагирад! Ба Худо имон оваред ва ба Ман низ имон оваред!
2Дар хонаи Падари Ман ҳуҷраҳо бисёранд. Агар чунин намебуд, магар Ман ба шумо мегуфтам, ки рафта, барои шумо ҷой тайёр мекунам?
3Вақте ки Ман меравам ва барои шумо ҷой тайёр мекунам, баргашта, шуморо пеши худ мебарам, то дар ҷое, ки Ман ҳастам, шумо ҳам бошед.
4Роҳ ба он ҷое, ки Ман меравам, барои шумо маълум аст».
5Он гоҳ Тумо ба Ӯ гуфт: «Худовандо, мо намедонем, ки Ту ба куҷо меравӣ. Пас роҳро аз куҷо дониста метавонем?»
6Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман.
7Модоме ки шумо Маро мешиносед, Падарамро ҳам мешиносед. Аз имрӯз эътиборан шумо Ӯро мешиносед ва ҳатто Ӯро дидаед!»
8«Худовандо! — гуфт ба Ӯ Филиппус, — Падарро ба мо нишон деҳ ва ин бароямон кифоя аст».
9Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ин қадар ҳамроҳи шумо будам ва ту, Филиппус, Маро то ҳол намешиносӣ? Ҳар кӣ Маро дида бошад, Падарро дидааст. Пас чӣ гуна ту „Падарро ба мо нишон деҳ“ мегӯӣ?
10Магар бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст? Суханонеро, ки Ман ба шумо мегӯям, аз худам намегӯям. Падарам, ки дар Ман аст, корҳои худро иҷро мекунад.
11Ба Ман бовар кунед, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст. Вагарна ба хотири он корҳое, ки мекунам, бовар кунед.
12Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ ба Ман имон оварад, корҳоеро, ки Ман мекунам, вай ҳам мекунад ва ҳатто корҳои бузургтар аз он мекунад, чунки Ман ба назди Падарам меравам.
13Инчунин ҳар чиро, ки аз номи Ман талаб кунед, Ман иҷро мекунам, то ки шӯҳрату ҷалоли Падар дар Писар намоён гардад.
14Агар аз номи Ман чизеро аз Ман талаб кунед, онро иҷро хоҳам кард.
15Агар шумо Маро дӯст доред, фармонҳои Маро иҷро мекунед.
16Он гоҳ Ман аз Падарам хоҳиш мекунам ва Ӯ ба шумо Мададгори дигареро медиҳад, ки то абад бо шумо мемонад.
17Ин Рӯҳи ростӣ аст, ки ҷаҳон Ӯро қабул карда наметавонад, чунки Ӯро на мебинаду на мешиносад. Вале шумо Ӯро мешиносед, чун Вай ҳамроҳи шумо аст ва дар шумо мешавад.
18Ман шуморо бепарастор намегузорам: боз ба назди шумо бармегардам.

19Пас аз андаке ҷаҳон Маро дигар намебинад, вале шумо Маро хоҳед дид. Азбаски Ман зиндаам, шумо ҳам зинда мешавед.
20Дар он рӯз медонед, ки Ман дар Падарам ҳастам ва шумо дар Ман ҳастед ва Ман дар шумо.
21Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва худро ба ӯ ошкор мекунам».
22Яҳудо (на Исқарют) гуфт: «Худовандо, ин чӣ тавр мешавад, ки Ту худро ба мо зоҳир мекунӣ, аммо на ба ҷаҳон?»
23Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва дар наздаш ҷой мегирем.
24Касе ки Маро дӯст намедорад, суханони Маро иҷро намекунад. Он сухане, ки шумо мешунавед, аз Ман нест, балки сухани Падар аст, ки Маро фиристодааст.
25Ман ин суханонро ба шумо ҳанӯз, ки бо шумо ҳастам, мегӯям.
26Вале Мададгор, Рӯҳи Муқаддас, ки Ӯро Падар аз номи Ман ба шумо мефиристад, ҳама чизро ба шумо ёд медиҳад ва ҳар сухани Маро ба хотири шумо меоварад.
27Ман оромиро бо шумо мемонам, оромии худамро ба шумо медиҳам. Ман онро ба шумо на ба он тавре медиҳам, ки ҷаҳон медиҳад. Ғаму ғуссаро аз дилҳоятон дур кунеду ҳаросон нашавед!
28Шумо аллакай суханони Маро шунида будед, ки Ман меравам ва ба назди шумо бармегардам, гуфта будам. Агар Маро дӯст медоштед, хурсанд мешудед, ки Ман ба пеши Падар меравам, зеро Падар аз Ман бузургтар аст.
29Ана Ман инро пеш аз ба амал омаданаш ба шумо гуфтам, то вақте ки ин ҳодиса ба амал меояд, имон оваред!
30Ман дигар вақти дароз бо шумо гап намезанам, чунки ҳукмрони ин ҷаҳон омада истодааст. Вай бар Ман ҳеҷ қудрате надорад,
31вале Ман аз рӯи фармони Падар, ки ба Ман додааст, ин корро мекунам, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам. Бархезед, биёед, аз ин ҷо меравем!»