Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 18

Луқо 18:14-42

Help us?
Click on verse(s) to share them!
14Ба шумо мегӯям, ки на фарисӣ, балки ҳамин андозгир сафед шуда, ба хонааш баргашт. Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад ва, баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор гирад, сарбаланд мешавад».
15Ба назди Исо кӯдакони хурдсолро оварданд, то ки Ӯ бар сари онҳо даст гузорад. Вале шогирдон инро дида, мардумро сарзаниш карданд.
16Исо кӯдаконро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд.
17Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
18Яке аз ҷумлаи сардорон аз Исо пурсид: «Эй устоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?»
19Исо аз ӯ пурсид: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худои ягона нек нест.
20Ту фармоишҳоро медонӣ: алоқаи беникоҳ накун, одамкушӣ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо».
21Вай ба Исо ҷавоб дод: «Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам».
22Исо инро шунида гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад. Ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, ба бечорагон бидеҳ. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
23Вале он мард инро шунида бисёр ғамгин шуд, чунки хеле бой буд.
24Исо ба вай нигоҳ карда гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст.
25Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси бой ба подшоҳии Худо дохил шавад».
26Онҳое, ки Ӯро мешуниданд, пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?»
27Исо ҷавоб дод: «Ҳар чизе, ки барои одамон ғайриимкон бошад, барои Худо имконпазир аст».
28Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри хонаҳои худ баромада, Шуморо пайравӣ кардем».
29Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири подшоҳии Худо аз баҳри хона, зан, бародарон, падару модар ва фарзандонаш гузарад,
30дар ин дунё ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар ба даст меораду дар он дунё ҳаёти абадӣ насибаш мегардад».
31Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад.
32Ӯро ба дасти беимонон месупоранд. Онҳо Ӯро масхара ва ҳақорат карда, туфборон
33ва қамчинкорӣ намуда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ дар рӯзи сеюм аз нав зинда хоҳад шуд».
34Лекин шогирдон аз ин гуфтаҳо чизеро нафаҳмиданд. Маънои суханони Исо аз онҳо пӯшида монд ва онҳо намефаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи чӣ сухан меронад.
35Вақте ки Исо ба Ериҳӯ наздик мешуд, нобиноеро дид, ки дар канори роҳ нишаста садақа мепурсид.
36Чун нобино шунид, ки аз наздаш мардуми зиёде мегузаранд, пурсид: «Худаш чӣ гап?»
37Ба вай гуфтанд, ки аз он ҷо Исои Носирӣ гузашта истодааст.
38Он нобино дод зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед».
39Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ торафт баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кунед».
40Исо аз роҳаш бозистода фармуд, ки он нобиноро ба наздаш биёранд. Вақте ки ӯ наздик омад, Исо аз вай пурсид:
41«Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Вай ҷавоб дод: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам».
42Исо гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо дод».

Read Луқо 18Луқо 18
Compare Луқо 18:14-42Луқо 18:14-42