Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо

Луқо 19

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо ба Ериҳӯ ворид шуда, аз он ҷо мегузашт.
2Дар он шаҳр Заккай ном марди сарватманде буд, ки вазифаи сардори андозгиронро ба ӯҳда дошт.
3Вай мехост бубинад, ки Исо кист. Вале, азбаски мардум зиёд буду Заккай қади паст дошт, Ӯро дида натавонист.
4Бинобар ин ӯ давида пеш гузашту ба болои дарахти анҷир баромад, то ки Исоро ҳангоми аз он ҷо гузаштанаш бубинад.
5Исо ба он ҷо наздик шудан замон ба Заккай нигоҳ карда гуфт: «Заккай! Зудтар поён фаро! Ман бояд имрӯз дар хонаи ту бимонам».
6Вай зуд поён фаромада, бо хурсандӣ Исоро меҳмондорӣ кард.
7Инро дида, ҳама норозигии худро баён намуда мегуфтанд: «Ӯ дар хонаи марди гунаҳкор меҳмон шудааст».
8Аммо Заккай рост истода ба Худованд гуфт: «Ана, Худованд, ман нисфи бойигариамро ба бечорагон медиҳам ва агар аз касе бо фиреб пул ситонда бошам, чор баробар зиёдтар бармегардонам».
9Исо гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки Заккай ҳам аз насли Иброҳим аст.
10Зеро Фарзанди Инсон барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».
11Азбаски Исо аллакай дар наздикии Ерусалим буду шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод:
12«Як шахси олимартаба ба кишвари дурдаст сафар дошт, то ҳуқуқи ба тахти подшоҳӣ нишастанашро тасдиқ намуда, баргардад.
13Пеш аз рафтан вай даҳ нафар хизматгоронашро ба наздаш ҷеғ зада, ба ҳар кадомаш як тангаи тилло доду гуфт: „Дар вақти набудани ман ин тангаҳоро ба муомилот дароред“.
14Аммо ҳамшаҳриҳояш, ки ба вай нафрат доштанд, аз паси вай сафиронашонро фиристоданд, то рафта чунин бигӯянд: „Мо намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“.
15Вақте ки ӯ тахти подшоҳиро соҳиб шуда баргашт, фармон дод, то ҳамон хизматгоронеро, ки ба онҳо пул дода буд, ба наздаш ҷеғ зананд. Вай мехост бифаҳмад, ки ҳар яке аз онҳо чӣ қадар фоида ба даст овардааст?
16Аввалинаш омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо даҳ танга фоида овард“.
17Подшоҳ ба вай гуфт: „Офарин, хизматгори некам. Азбаски дар иҷрои вазифаи андаке вафодориатро нишон додӣ, туро ба даҳ шаҳр ҳоким таъин мекунам“.
18Дуюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, як тангаи тиллои шумо панҷ танга фоида овард“.

19Подшоҳ ба вай гуфт: „Туро низ ба панҷ шаҳр ҳоким таъин мекунам“.
20Сеюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, ана ин ҳамон тангаи тиллои шумо. Ман онро ба рӯймолчае печонда, нигоҳ доштам,
21чунки аз шумо метарсидам. Охир шумо одами сахтгир ҳастед. Аз он ҷое, ки нагузоштаед, мегиред ва он чизеро, ки накоштаед, дарав мекунед“.
22Подшоҳ ба вай гуфт: „Ту хизматгори бад будаӣ! Аз рӯи он чизе ки гуфтӣ, ба ту ҳукм мебарорам! Охир ту медонистӣ, ки ман одами сахтгир ҳастам, аз он ҷое, ки нагузоштаам, мегирам ва он чизеро, ки накоштаам, дарав мекунам.
23Пас, чаро пули маро ба муомилот нагузоштӣ, то ки вақти баргаштанам онро бо фоидааш бигирам?“
24Баъд ба онҳое, ки дар наздаш буданд, фармон дод: „Аз дасташ тангаи тиллоро гирифта, ба хизматгоре диҳед, ки даҳ танга дорад“.
25Онҳо гуфтанд: „Хоҷаам, охир вай аллакай даҳ тангаи тилло дорад!“
26„Ман ба шумо мегӯям, ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз ҳам зиёд дода мешавад. Лекин аз касе, ки ҳеҷ чиз надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад.
27Ҳоло бошад, он душманонамро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо биёреду дар пеши назарам ба қатл расонед“».
28Исо ин масалро нақл карда, роҳашро давом дод ва ба сӯи Ерусалим раҳсипор гашт.
29Вақте ки онҳо ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун воқеъ гаштаанд, наздик шуданд, Исо ду шогирдашро фиристоданӣ шуда,
30ба онҳо гуфт: «Ба қишлоқи дарпешистода биравед ва, ҳамин ки вориди он гаштед, харкурраи бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред.
31Агар касе аз шумо пурсад, ки барои чӣ бандашро мекушоед, гӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд».
32Шогирдони фиристодашуда рафтанд ва, ҳамон тавре ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, дарёфтанд.
33Вақте ки онҳо банди харкурраро мекушоданд, соҳибонаш аз онҳо пурсиданд: «Чаро банди харкурраро мекушоед?»
34Онҳо ҷавоб доданд: «Вай ба Худованд лозим аст».
35Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда, ба болояш ҷомаҳои худро партофтанду Исоро ба он савор карданд.
36Исо савора мерафту мардум ҷомаҳояшонро дар сари роҳи Вай пойандоз мекарданд.

37Вақте Исо ба роҳе наздик шуд, ки он аз болои теппаи Зайтун ба поён мебурд, тамоми гурӯҳи шогирдонаш барои ҳамаи мӯъҷизаҳое, ки дида буданд, шодикунон бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонда
38мегуфтанд: «Баракат ёбад шоҳе, ки аз номи Худованд меояд! Сулҳ дар осмон ва шӯҳрату ҷалол ба Худо дар осмон!»
39Баъзе фарисиён аз байни мардум ба Исо гуфтанд: «Эй устод, шогирдонатро ором кун!»
40Вай ҷавоб дод: «Бовар кунед, агар онҳо хомӯш шаванд, сангҳо дод мезананд».
41Вақте ки онҳо наздиктар омаданд, Исо шаҳрро дида, дилаш ба ҳоли он сӯхта гиря карду гуфт:
42«Оҳ, кошки ақаллан ҳамин рӯз роҳеро, ки туро ба осоиштагӣ мебарад, медидӣ! Вале ҳоло он роҳ аз чашмони ту ниҳон аст.
43Аз барои он ки ту ба наздат омадани Худовандро нафаҳмидӣ, ба сарат рӯзҳои сахт хоҳанд омад. Душманонат туро бо хоктӯдаҳо иҳота карда, муҳосира хоҳанд намуд. Онҳо аз ҳар тараф фишор оварда, туву сокинонатро ба хок яксон хоҳанд кард ва аз ту санг бар санге нахоҳад монд».
45Исо ба ҳавлии Хонаи Худо даромада, ба пеш кардани савдогарон даромад.
46Вай ба онҳо гуфт: «Дар навиштаҷот гуфтаҳои Худо омадаанд, ки „Хонаи Ман ҷои дуогӯӣ мешавад“. Шумо бошед, онро ба паноҳгоҳи дуздон табдил додаед!»
47Ӯ ҳар рӯз дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим медод. Сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва раисони халқи Исроил бошанд, дар фикри куштани Ӯ буданд.
48Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, чунки тамоми мардум беист ва бодиққат ба ҳар як сухани Ӯ гӯш медоданд.