1Ба шогирдонаш бошад, Исо чунин гуфт: «Албатта васвасаҳои зиёд пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли он касе, ки ба воситаи вай васвасаҳо ба миён меоянд.
2Агар бар гардани вай санги осиёбро овехта, ӯро ба баҳр мепартофтанд, барояш беҳтар аз он мебуд, ки ӯ яке аз пайравони хурдтаринро ба васвасаи гуноҳ андозад.
3Пас, эҳтиёт бошед! Агар бародаратон бар шумо гуноҳе бикунад, ӯро таъкид кунед ва агар тавба карда, аз гуноҳ даст кашад, ӯро бубахшед.
4Агар рӯзе ҳафт бор гуноҳ кунад ва ҳафт маротиба „Тавба кардам“ гӯяд, бояд ӯро бубахшед».
5Вакилон ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёдтар бикун».
6Худованд гуфт: «Агар имонатон донаи хардал барин бошад, шумо ба ин дарахти тут „Решакан шаву ба баҳр шинонда шав“ гуфта метавонед ва вай ба шумо итоат мекунад.
7Фарз кардем, ки яке аз шумо хизматгоре дореду вай ба шудгори замин ва ё ба чӯпонӣ машғул аст. Магар вақти аз киштзор баргаштанаш шумо ба вай мегӯед, ки зуд омада назди дастархон бишинад?
8Магар ба ӯ чунин намегӯед: „Хӯроки шомро тайёр кун ва то вақте ки ман мехӯраму менӯшам, миёнатро маҳкам баста, ба ман хизмат кун. Баъдтар худат мехӯрӣ ва менӯшӣ?“
9Охир, шумо ба хизматгоратон барои иҷро кардани фармонҳоятон ташаккур намегӯед-ку?
10Пас, шумо низ, баъд аз он ки фармонҳои ба шумо додашударо иҷро мекунед, бигӯед: „Мо танҳо хизматгори ночиз ҳастему вазифаи худро иҷро кардем“».
11Исо ба сӯи Ерусалим равона шуд. Вай қад-қади сарҳаде, ки байни Сомарияву Ҷалил буд, роҳ мерафт.
12Боре, вақте ки Ӯ ба деҳае медаромад, бо даҳ одамони махав рӯ ба рӯ шуд. Онҳо каме дур истода
13дод мезаданд: «Эй Исо, хоҷа, ба мо раҳм кунед!»
14Исо онҳоро дида, гуфт: «Бираведу худро ба рӯҳониён нишон диҳед». Онҳо рафтанд ва дар аснои роҳ пок шуданд.
15Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро ситоиш намуда, баргашт
16ва худро пеши пойҳои Исо партофта, ба Ӯ миннатдорӣ баён кард. Ӯ марди сомарӣ буд.
17Исо пурсид: «Магар даҳ нафар пок нашудаанд? Нӯҳ нафари дигар куҷоянд?
18Пас, наход ғайр аз ин марди бегона ягон нафаре аз онҳо барнагашт, ки Худоро ҳамду сано хонад?»
19Баъд ба он мард гуфт: «Бархезу бирав, туро имонат шифо дод».
20Фарисиён аз Исо пурсиданд, ки кай подшоҳии Худо фаро мерасад? Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Аз рӯи нишонаҳои намоён омадани подшоҳии Худоро муайян кардан имконнопазир аст.
21Касе ба шумо намегӯяд: „Нигоҳ кунед, вай дар ин ҷост“ ва ё „Вай дар он ҷост!“ Охир, подшоҳии Худо аллакай дар байни шумо вуҷуд дорад».
22Вале ба шогирдонаш гуфт: «Вақте мерасад, ки ба дидани Фарзанди Инсон зор мешавед, вале Ӯро намебинед.
23Ба шумо мегӯянд: „Вай дар он ҷост!“ ё „Вай дар ин ҷост!“ Аз ҷоятон ҷаста, аз қафояшон надавед.
24Зеро Фарзанди Инсон дар рӯзи омаданаш монанди барқе, ки дурахшида осмонро аз як сӯ то сӯи дигар нурпошӣ мекунад, пайдо мешавад.
25Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад.
26Чи тавре ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд, пеш аз омадани Фарзанди Инсон низ ҳамон тавр мешавад.
27Зеро то рӯзи ба киштӣ даромадани Нӯҳ одамон мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мебаромаданд, вале баъд тӯфон бархоста, ҳамаро несту нобуд кард.
28Ҳамчунин монанди замони Лут хоҳад буд, ки одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, мекоштанду иморат месохтанд.
29Вале рӯзе, ки Лут аз шаҳри Садӯм баромад, ба рӯи замин оташу сулфур борида, ҳамаро нест кард.
30Рӯзе, ки Фарзанди Инсон зоҳир мегардад, низ ҳамон тавр хоҳад буд.
31Агар касе он вақт дар болои бом бошаду чизу чорааш даруни хона, барои гирифтани онҳо поён нафарояд ва ҳар кӣ дар саҳро бошад, ба хонааш барнагардад.
32Зани Лутро ба хотир оваред.
33Ҳар кӣ ҷони худро эмин нигоҳ доштанӣ аст, онро аз даст медиҳад ва ҳар кӣ ҷони худро фидо кунад, онро эмин нигоҳ хоҳад дошт.
34Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як ҷойгаҳ хобанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
35Аз ду зане, ки дар як осиёб гандум орд мекунанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад».
37Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Эй Худованд, ин дар куҷо ба амал меояд?» Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар ҷо ки ҷасади мурдае бошад, паррандаҳои лошахӯр дар он ҷо гирд меоянд».