Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо

Луқо 6

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Яке аз рӯзҳои истироҳат Исо аз миёни киштзорҳои гандум мегузашт. Шогирдонаш хӯшаҳоро чида, бо кафи дасташон молида мехӯрданд.
2Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Чаро шумо кореро мекунед, ки кардани он дар рӯзи истироҳат раво нест?»
3Исо ҷавоб дод: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд?
4Ӯ ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯи шариат фақат рӯҳониён ҳақ доштанд он нонро бихӯранд».
5Баъд ба онҳо гуфт: «Фарзанди Инсон соҳиби рӯзи истироҳат аст».
6Боз як рӯзи истироҳат Исо ба ибодатхона рафта, машғули таълим шуд. Дар он ҷо як марде ҳузур дошт, ки дасти росташ хушк шуда буд.
7Шариатдонон ва фарисиён мехостанд бинанд, ки Исо дар рӯзи истироҳат касеро шифо медиҳад ё не, то тавонанд Ӯро дар ин кор айбдор бикунанд.
8Аммо Исо фикри онҳоро медонист ва ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо исто». Он мард бархесту истод.
9Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо саволе медиҳам: оё дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ? Ҷони касеро наҷот ё барбод додан?»
10Баъд ба ҳамаи онҳо нигоҳ карда, ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд.
11Аммо шариатдонон ва фарисиён дар ғазаб шуда, бо ҳамдигар маслиҳат мекарданд, ки бар зидди Исо чӣ коре карда метавонанд.
12Дар он рӯзҳо Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад ва тамоми шабро бо дуои Худо гузаронид.
13Вақте ки субҳ дамид, шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зада, аз миёнашон дувоздаҳ нафарро интихоб кард ва онҳоро вакил номид, ки инҳоянд:
14Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъӯн Андриёс, Ёқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо,
15Матто ва Тумо, Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Шимъӯн, ки ба ӯ лақаби Ватандӯстро гузошта буданд,
16Яҳудои писари Ёқуб ва Яҳудои Исқарют, ки оқибат хиёнаткор мешавад.
17Исо ва вакилонаш аз кӯҳ поён фаромада, дар ҳамворие ҷой гирифтанд. Шумораи зиёди пайравонаш ва мардуми бешуморе аз тамоми гирду атрофи сарзаминҳои Яҳудия, Ерусалим ва аз ноҳияҳои назди баҳрии Суру Сидун ҷамъ омаданд,
18то ки Исоро бишнаванд ва аз бемориҳо шифо ёбанд. Касоне, ки аз рӯҳи нопок азоб мекашиданд, низ шифо ёфтанд.

19Бинобар ин ҳама кӯшиш мекарданд, ки дасти худро ба Исо бирасонанд, чун қуввае, ки аз Ӯ берун меомад, ҳамаро шифо мебахшид.
20Исо ба шогирдонаш чашм дӯхта гуфт: «Хушбахтед шумо, ки ҳоло бечораед, чунки Худо дар ҳаётатон подшоҳӣ мекунад.
21Хушбахтед шумо, ки ҳоло гуруснаед, чунки сер хоҳед шуд. Хушбахтед шумо, ки ҳоло гиря мекунед, зеро хандон мешавед.
22Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Фарзанди Инсон аз шумо нафрат мекунанд, шуморо аз байнашон меронанд, дашном медиҳанд ва номатонро ба бадӣ бароварда аз шумо рӯй мегардонанд.
23Дар он рӯз хурсанд бошед ва аз шодӣ бирақседу бидонед, ки Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Зеро авлоди гузаштаи ин одамон низ бо пайғамбарон ҳамин тавр рафтор мекарданд.
24Лекин вой бар ҳоли шумо, эй сарватмандон, зеро аллакай тасаллии дили худро ёфтаед.
25Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло сер ҳастед, чунки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло механдед, зеро гирёну нолон хоҳед шуд.
26Вой бар ҳоли шумо, вақте ки ҳама шуморо таърифу тавсиф мекунанд, чунки авлоди гузаштаи ин одамон низ бо пайғамбарони бардурӯғ ҳамин тавр рафтор мекарданд.
27Аммо ба шумо, ки ҳоло сухани Маро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки шуморо бад мебинанд, некӣ кунед,
28барои онҳое, ки шуморо лаънат мехонанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки шуморо дашном медиҳанд, дуои хайр гӯед.
29Агар касе ба як тарафи рӯятон торсакӣ занад, тарафи дигари рӯятонро бар ӯ бигардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад.
30Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, ба ӯ бидиҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед.
31Пас, чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед.
32Агар танҳо онҳоеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ фоида ба даст меоред? Зеро гунаҳкорон ҳам дӯстдорандагони худро дӯст медоранд.
33Агар фақат ба касоне, ки ба шумо некӣ мекунанд, некӣ кунед, шумо чӣ ифтихоре доред? Зеро гунаҳкорон низ чунин мекунанд.
34Агар ба касе қарз диҳеду умеди пас гирифтани онро дошта бошед, чӣ фоида дорад? Зеро гунаҳкорон низ ба гунаҳкорон қарз дода, интизори пас гирифтани он ҳастанд.
35Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори пас гардонда гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони хасис ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад.
36Пас, ҳамон тавре ки Падари шумо раҳмдил аст, шумо низ раҳмдил бошед.

37Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Касеро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед.
38Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: ба андозаи хуби ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба доманатон меандозанд, зеро бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад».
39Ҳамчунин Ӯ масалеро ба онҳо гуфт: «Оё як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон дода метавонад? Магар ҳардуяшон ба чоҳ намеафтанд?
40Шогирд аз устодаш болотар нест. Аммо вақте ки донишашро пурра мекунад, ба устодаш баробар мешавад.
41Чаро шумо хасро дар чашми бародаратон мебинеду чӯберо, ки дар чашми худатон ҳаст, ҳис намекунед?
42Чӣ тавр метавонед ба бародаратон бигӯед: „Эй бародар, иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, вақте ки чӯбро дар чашми худ намебинед? Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
43Ҳаргиз дарахти хуб меваи бад ва ё дарахти бад меваи хуб ба бор намеоварад,
44чунки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад. Аз буттаҳои хор анҷир намечинанд ва ё ҳосили ангур намегиранд.
45Шахси нек аз хазинаи неки дилаш некиро ва шахси бад аз хазинаи бади дилаш бадиро берун меорад, зеро он чи дилашро пур мекунад, баъд лабрез шуда, аз забонаш берун меояд.
46Чаро ба Ман „Худовандо! Худовандо!“ мегӯед, вале гуфтаҳоямро иҷро намекунед?
47Ҳоло ба шумо ба кӣ монанд будани касеро мефаҳмонам, ки пеши Ман омада, сухани Маро мешунавад ва аз рӯи он амал мекунад.
48Ӯ ба одаме монанд аст, ки барои сохтани хонааш заминро чуқур канда, пойдеворашро болои санге мегузорад. Ҳангоме ки сел меояду оби пурталотумаш хонаро зер мекунад, ба он ҳеҷ осебе намерасад, чунки пойдевораш мустаҳкам сохта шудааст.
49Аммо касе, ки суханони Маро шунида, аз рӯи он амал намекунад, ба одаме монанд аст, ки хонаашро бе пойдевор болои хок сохтааст. Пас, вақте ки сел омада, оби пурталотумаш хонаро зер мекунад, он ба зудӣ фурӯ рафта несту нобуд мешавад».