Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо

Луқо 20

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Рӯзе, вақте ки Исо дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим дода, хабари хушро эълон мекард, ба наздаш сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм омада
2пурсиданд: «Ба мо бигӯй, Ту бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунӣ? Кӣ ба Ту чунин ҳуқуқро додааст?»
3Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳам ба шумо як савол медиҳам ва шумо ба Ман ҷавоб диҳед, ки
4ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?»
5Онҳо бо ҳам муҳокима намуда, мегуфтанд: «Агар „Худо“ гӯем, Вай аз мо мепурсад: „Чаро ба Яҳё бовар накардед?“
6Агар „одамон“ гӯем, мардум моро сангсор мекунанд. Охир одамон боварии комил доранд, ки Яҳё пайғамбар буд».
7Онҳо ҷавоб доданд, ки намедонанд.
8«Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунам», — гуфт Исо.
9Баъд Исо ба халқ нақл кардани чунин масалро сар кард: «Шахсе токзоре бунёд карда, онро ба иҷоракорон ба иҷора дод ва худаш ба муддати дуру дароз ба кишвари дигар сафар кард.
10Чун вақти ҳосилғундорӣ расид, ӯ хизматгореро ба назди иҷоракорон фиристод, то ҳаққи худро аз он токзор бигирад. Вале иҷоракорон ӯро латукӯб карда, бо дасти холӣ баргардонданд.
11Он вақт ӯ хизматгори дигарашро фиристод. Вале онҳо ӯро ҳам зада, шарманда карданду бо дасти холӣ баргардонданд.
12Ӯ боз хизматгори сеюмашро фиристод. Вайро низ маҷрӯҳ намуда, берун партофтанд.
13Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: „Чӣ бояд бикунам? Писари азизамро мефиристам, шояд ӯро эҳтиром кунанд“.
14Вале иҷоракорон писари ӯро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва токзор аз они мо мешавад!“
15Ва ӯро аз токзор берун бароварда куштанд. Ба фикри шумо соҳиби токзор бо онҳо чӣ хел рафтор мекунад?
16Вай баргашта, он иҷоракоронро мекушаду токзорро ба дигарон медиҳад». Онҳое, ки Исоро мешуниданд, гуфтанд: «Худо нигоҳ дорад!»
17Ӯ ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Пас ин калимаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид“.
18Ҳар кӣ ба болои он санг ғалтад, шикаста майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».

19Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд.
20Онҳо якчанд нафарро барои аз пайи Исо поидан фиристоданд, то ки худро ростқавл нишон дода, Ӯро бо сухан ба дом афтонанду барои ҳукм шудан ба дасти ҳокими румӣ супоранд.
21Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Шумо аз рӯи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надоред ва роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед.
22Бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?»
23Ӯ аз макри онҳо пай бурда, ба онҳо гуфт:
24«Ба Ман динореро нишон диҳед. Дар он акс ва номи кӣ аст?» «Император», — ҷавоб доданд онҳо.
25Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чӣ аз они Худост, ба Худо».
26Онҳо натавонистанд Исоро пеши мардум бо сухан ба дом афтонанд ва аз ҷавоби Ӯ ба ҳайрат афтода, хомӯш шуданд.
27Чанд нафар аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба пеши Исо омаданду
28ба Вай чунин савол доданд: «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.
29Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифту фарзанде ба дунё наоварда мурд.
30Бародари дуюм, сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ мегирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо фарзанде ба дунё наоварда мурданд.
32Оқибат зан ҳам аз дунё чашм пӯшид.
33Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
34Исо ҷавоб дод: «Одамони ин олам зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд.
35Вале онҳое, ки ба зинда шудану дар олами оянда зиндагӣ кардан лоиқ дониста шудаанд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мебароянд.
36Онҳо дигар мурда наметавонанд, чунки мисли фариштаҳо мешаванд. Онҳо фарзандони Худо ҳастанд, охир Худо онҳоро аз мурдагон зинда кардааст.
37Дар бораи аз нав зинда шудани мурдагон бошад, худи Мӯсо ба воситаи буттаи сӯхтаистода нақл карда, Худовандро Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб меномад.

38Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Барои Ӯ ҳама зинда ҳастанд».
39Он гоҳ баъзе аз шариатдонон гуфтанд: «Хуб гуфтӣ, устод!»
40Ва дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад.
41Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Чӣ тавр одамон гуфта метавонанд, ки Таъиншудаи Худо аз насли Довуд аст?
42Охир, худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят наандозам, аз тарафи дасти рости Ман бишин»“.
44Довуд Ӯро „Худованд“ меномад. Пас, чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?»
45Ҳангоме ки тамоми мардум ба суханони Вай гӯш мекарданд, Исо ба шогирдони худ гуфт:
46«Аз шариатдонон эҳтиёт шавед. Чун либосҳои қимат пӯшида мегарданд ва ба онҳо маъқул аст, ки мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд.
47Онҳо намоишкорона дуру дароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Барои ин корашон ҷазои сахттар мебинанд».