1Баъд аз ин Исо шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа гашта, ба мардум хабари хуши подшоҳии Худоро мерасонд. Дар ин кор Ӯро дувоздаҳ шогирд
2ва якчанд зан, ки аз рӯҳҳои нопок ва бемориҳо шифо ёфта буданд, ҳамроҳӣ мекарданд. Яке аз он занҳо Марям буд, ки Маҷдалия номида мешуду аз ӯ ҳафт дев берун рафта буд.
3Дигаре Юҳона буд, ки шавҳараш Кузо ном дошту дар дарбори Ҳиродус вазифаи назоратчиро иҷро мекард. Ҳамчунин Сусан ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд.
4Вақте ки мардуми бисёре аз шаҳрҳои гирду атроф ҷамъ шуда, ба назди Исо омаданд, Ӯ масалеро гуфт:
5«Рӯзе як деҳқон барои киштани донаҳои худ мебарояд. Вақте ки дона мепошад, миқдоре аз онҳо ба пайраҳа афтода поймол мешавад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд.
6Миқдори дигари донаҳо ба замини санглох афтода месабзанд, вале аз беобӣ хушк мешаванд.
7Боз як миқдори донаҳо ба миёни хорҳо афтода месабзанд, вале хорҳо қад кашида онҳоро пахш мекунанд.
8Аммо қисми донаҳое, ки ба замини хуби ҳосилхез меафтанд, сабзида, сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд». Инро гуфту хитоб кард: «Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»
9Шогирдон аз Исо маънои ин масалро пурсиданд
10ва Ӯ гуфт: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо ба дигарон бо масалҳо мегӯям, то ки „онҳо нигоҳ кунанду набинанд, гӯш кунанду нашунаванд“.
11Маънои масал ин аст: дона — каломи Худост.
12Донаҳое, ки ба пайраҳа афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале иблис онро аз дилашон медуздад, то ки имон наоваранд ва наҷот наёбанд.
13Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, онро бо шодӣ қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш зуд аз имони худ мегарданд.
14Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ташвишу бойигарӣ ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад ва онҳо ҳеҷ самаре ба бор намеоваранд.
15Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода онҳоянд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили неку самимиашон нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар ба бор меоваранд.
16Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо косае намепӯшонад ва ё ба зери кат намегузорад. Баръакс, онро ба чароғпоя мегузорад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад.
17Зеро ҳеҷ чизи махфие нест, ки ошкор нашавад ва чизи пинҳоне нест, ки маълум ва равшан нагардад.
18Пас, аҳамият диҳед, ки суханони Маро чӣ хел гӯш мекунед, зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз зиёд дода мешавад, аммо аз он касе, ки надорад, ҳатто он чизе, ки ба гумони худ дорад, аз вай кашида гирифта мешавад».
19Ҳамин вақт модару бародарони Исо ба наздаш омаданд, аммо аз сабаби бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд.
20Ба Исо гуфтанд: «Модар ва бародаронатон дар берун истодаанду мехоҳанд Шуморо бубинанд».
21Ӯ ҷавоб дод: «Модар ва бародарони Ман онҳое ҳастанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро ба ҷо меоранд».
22Рӯзе аз рӯзҳо Исо бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда ба онҳо гуфт: «Биёед, ба он тарафи кӯл мегузарем». Онҳо равон шуданду
23дар аснои роҳ Исоро хоб бурд. Баногоҳ дар кӯл тӯфони сахте бархест ва қаиқ аз об пур мешуду ҷони одамон дар хатар мемонд.
24Шогирдон пеши Исо омада, бо суханони «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯро бедор карданд. Ӯ аз хоб хеста, боду мавҷҳои пурталотумро таъна зад, баъд тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт.
25Сипас Вай ба шогирдонаш гуфт: «Имонатон куҷост?!» Шогирдон бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар мегуфтанд: «Ин кист, ки ҳатто ба боду об фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
26Баъд аз ин онҳо ба сарзамини Ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи ноҳияи Ҷалил воқеъ аст, омада расиданд.
27Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, бо марде аз аҳли он шаҳр вохӯрд, ки гирифтори девҳо буд. Ӯ дер боз дар танаш либос надошт ва на дар хона, балки дар қабрҳо зиндагӣ мекард.
28Ҳамин ки ӯ Исоро дид, бо доду фиғон ба пеши пойҳои Ӯ афтид ва бо овози баланд гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Илтимос мекунам, маро азоб надеҳ».
29Ӯ инро гуфт, чунки Исо аллакай ба рӯҳи нопок фармон дода буд, ки аз он мард берун барояд. Дар гузашта дев чандин бор ба он мард ҳамла меовард ва ҳарчанд девонаро асир намуда, бо занҷиру бандҳо мебастанд, мард онҳоро пора-пора мекард ва дев ӯро ба биёбон мебурд.
30Исо аз ӯ пурсид: «Номи ту чист?» Ӯ гуфт: «Лашкар», чунки девҳои бисёре ба даруни он мард дохил шуда буданд.
31Девҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки онҳоро ҷазо дода, ба чоҳи бепоён нафиристад.
32Ҳамон ҷо, дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид. Девҳо аз Исо хоҳиш карданд, ки ба даруни хукҳо ҷо шаванд ва Ӯ ба онҳо иҷозат дод.
33Девҳо аз он мард берун шуда, ба даруни хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ давон-давон худро ба кӯл партофта, ғарқ шуд.
34Хукбонон инро дида гурехтанд ва ҳамаи воқеаро дар шаҳру деҳот овоза карданд.
35Мардум барои дидани ин воқеа ба назди Исо рафтанд ва омада, мардеро диданд, ки девҳо аз ӯ берун рафта буданд. Вай дар тан либос дошту бо ақли солим дар пеши пои Исо менишаст. Ҳамаро тарс фаро гирифт.
36Шоҳидони ин воқеа ба одамон чӣ гуна шифо ёфтани девонаро нақл карданд.
37Баъд аз ин тамоми мардуми сарзамини Ҷадариён аз Исо хоҳиш карданд, ки аз пеши онҳо биравад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифта буд ва Ӯ барои баргаштан боз ба қаиқ савор шуд.
38Марде, ки девҳо аз ӯ берун шуда буданд, илтимос кард, ки Исо ӯро бо худ бубарад. Вале Исо ӯро ҷавоб дода гуфт:
39«Ба хонаат баргард ва аз чунин кори бузурге, ки Худо дар ҳаққи ту кардааст, нақл кун». Ӯ рафта дар тамоми шаҳр дар бораи он кори бузурге, ки Исо барояш карда буд, эълон кард.
40Вақти баргаштани Исо мардуми зиёде, ки Ӯро интизор буданд, ба пешвозаш баромаданд.
41Ҳамон вақт Ёир ном марде, ки сардори ибодатхона буд, назди Исо омада ба пеши пойҳояш афтид ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биравад,
42зеро духтари ягонааш, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар бистари марг мехобид. Исо ҳамроҳи Ёир мерафт ва мардуми бисёре аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд.
43Як зан дар давоми дувоздаҳ сол гирифтори касалии хунравӣ буд. Вай тамоми буду шудашро ба табибон сарф кард, вале ҳеҷ кас ӯро шифо дода натавонист.
44Он зан аз ақиб ба Исо наздик шуду ба домани ҷомаи Ӯ даст расонд ва ҳамон замон хунравиаш бозмонд.
45Исо пурсид: «Кӣ ба Ман даст расонд?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ба Ӯ гуфт: «Устод! Мардуми зиёде Туро иҳота карда, аз ҳар тараф фишор меоранд».
46Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расонд, зеро Ман ҳис кардам, ки қуввае аз Ман берун рафт».
47Вақте он зан дид, ки дигар пинҳон монда наметавонад, тарсону ларзон омада пеши пои Исо афтид ва дар ҳузури ҳамаи мардум ба Ӯ иқрор шуд, ки чаро ба Ӯ даст расонд ва чӣ тавр зуд шифо ёфт.
48Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод. Рав ва дар амон бош».
49Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, як нафаре аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфт: «Духтаратон гузашт, дигар устодро заҳмат надиҳед».
50Вале Исо инро шунида, гуфт: «Натарс, фақат имон дошта бош ва ӯ шифо меёбад».
51Вақте ки Исо ба назди хонаи Ёир омада расид, ба ғайр аз Петрус, Юҳанно, Ёқуб ва падару модари он духтар ба каси дигаре иҷозат надод, ки бо Ӯ ба хона дарояд.
52Ҳама барои он духтар гиряву нола мекарданд, вале Исо гуфт: «Дигар гиря накунед, ӯ намурдааст, балки хобидааст».
53Одамон писханде намуданд, зеро аниқ медонистанд, ки духтар мурдааст.
54Аммо Исо дасти духтарро гирифта гуфт: «Эй духтарак, бархез!»
55Вай аз нав зинда шуд ва зуд аз ҷояш бархест. Исо фармуд, ки ба ӯ хӯрок диҳанд.
56Падару модари вай дар ҳайрат монданд, Исо бошад, ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд.