Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо

Луқо 24

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Рӯзи якшанбе, саҳарии барвақт занҳо атрҳои хушбӯйро гирифта, ба сӯи қабр равона шуданд.
2Вале омада диданд, ки санги даҳани қабр ба як тараф ғелонда шудааст.
3Онҳо ба дарун даромада ҷасадро наёфтанд.
4Занҳо ҳайрон шуда меистоданд, ки баногоҳ дар пеши назарашон ду одам пайдо шуданд, ки дар тан либосҳои дурахшон доштанд.
5Занҳо аз тарс худро рӯй ба замин партофтанд, вале он ду нафар ба онҳо гуфтанд: «Чаро зиндаро дар байни мурдаҳо мекобед?
6Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Вай ба шумо чӣ гуфта буд?
7Ӯ гуфта буд, ки Фарзанди Инсон бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад».
8Ва занҳо суханони Исоро ба хотир оварданд.
9Сипас он занҳо аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ шогирд ва ҳамаи дигарон нақл намуданд.
10Дар ин бора ба вакилон Марями Маҷдалия, Юҳона, Марям, ки модари Ёқуб буд ва занҳои дигар низ нақл карданд.
11Вале суханони онҳо ба назари вакилон ҳамчун сафсатаи бофташуда намуд ва онҳо ба гапи занҳо бовар накарданд.
12Петрус бошад, ҳамон замон ба сӯи қабр давида, ба даруни он нигоҳ кард, лекин танҳо кафани холиро диду аз ин ҳодиса ҳайрон шуда, ба хона баргашт.
13Худи ҳамон рӯз ду нафар аз пайравони Исо ба Аммоус ном деҳае равона буданд, ки тақрибан 12 километр аз Ерусалим дур буд.
14Роҳравон бо якдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд.
15Ҳангоми гуфтугӯю муҳокимаашон худи Исо ба онҳо наздик шуда, ҳамроҳашон равона шуд.
16Аммо чашмони он ду нафарро гӯё чизе гирифта бошад, ки Исоро медиданду намешинохтанд.
17Пас, Ӯ ба сухан даромада аз онҳо пурсид: «Шумо роҳравон чиро муҳокима мекунед?» Онҳо, ки чеҳраҳои ғамгин доштанд, бозистоданд
18ва якеашон, ки Клеюпос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Магар Шумо ягона мусофире дар Ерусалим ҳастед, ки аз воқеаи ҳамин рӯзҳо дар ин ҷо рӯйдода хабар надоред?»

19Исо пурсид: «Аз кадом воқеа?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеае, ки бо Исои Носирӣ рӯй дод. Ӯ дар пеши Худову тамоми мардум пайғамбари дар гуфтору кирдор тавоно буд.
20Вале сардорони рӯҳонӣ ва аъзоёни шӯрои мо Ӯро ба дасти румиён супориданд, то ба марг маҳкум намоянд ва Ӯро ба салиб мехкӯб карданд.
21Мо бошем, умед доштем, ки Ӯ Исроилро озод мекунад. Ҳа, боз як чиз… Имрӯз се рӯз мешавад, ки ин воқеа рӯй дод
22ва ҳоло занҳои гурӯҳамон моро ҳайрон карданд. Онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафта,
23ҷасади Исоро наёфтанд. Сипас баргашта, арз намуданд, ки ба онҳо фариштагон зоҳир шуда гуфтанд, ки Ӯ зинда аст.
24Чанд нафар аз гурӯҳи мо ба сари қабр рафта, ҳамон тавре ки занҳо гуфта буданд, дарёфтанд, вале худи Исоро надиданд».
25Исо ба он ду нафар гуфт: «Оҳ, чӣ хел шумо кундфаҳм ҳастед! Бо чӣ душворӣ ба ҳамаи он чизе, ки пайғамбарон гуфта буданд, имон меоваред!
26Магар Таъиншудаи Худо пеш аз соҳиби тамоми шӯҳрату ҷалолаш шудан набояд ҳамаи ин азобро аз сар мегузаронд?»
27Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мӯсо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда ҳар як ҷои навиштаҷотро, ки дар борааш чизе гуфта шуда буд, ба онҳо фаҳмонд.
28Вақте он ду нафар ба деҳае, ки мерафтанд, наздик шуданд, ба назарашон намуд, ки Исо роҳашро давом додан мехоҳад.
29Вале онҳо Ӯро бисёр хоҳиш карда гуфтанд: «Бо мо бимон. Рӯз ба охир расида истодаасту шом наздик аст». Исо ба хона даромада, бо он ду нафар монд.
30Ӯ бо онҳо дар сари дастархон нишаста, нонро ба даст гирифт ва дуои шукрона карду онро пора карда ба он ду нафар дод.
31Ҳамин вақт гӯё пардае аз чашмони он ду нафар бардошта шуд ва онҳо Исоро шинохтанд, вале Ӯ аз назари онҳо нопадид гашт.
32Онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Вақте ки Ӯ дар роҳ бо мо сӯҳбат мекарду навиштаҷотро мефаҳмонд, магар мо ба ҳаяҷон намеомадем?»
33Онҳо зуд аз ҷой бархеста, ба Ерусалим баргаштанду он ёздаҳ вакил ва пайравони дигари Исоро ҷамъ шуда ёфтанд,
34ки байни худ мегуфтанд: «Дар ҳақиқат Худованд аз мурдагон зинда шуд! Вай ба Шимъӯн зоҳир гардидааст».
35Баъд он ду нафар низ ба ҷамъшудагон нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ воқеа рӯй дод ва чӣ хел онҳо Исоро дар вақти нон шикастанаш шинохтанд.
36Вақте ки шогирдон дар ин бора нақл мекарданд, баногоҳ дар мобайнашон Исо пайдо шуда ба онҳо гуфт: «Худо шуморо баракат диҳад!»

37Онҳо ба тарсу ҳарос афтода, фикр мекарданд, ки арвоҳро мебинанд.
38Ӯ аз онҳо пурсид: «Чаро ин қадар метарсед ва барои чӣ дар дилатон шубҳае пайдо шуд?
39Ба дастонам ва пойҳоям нигоҳ кунед, ин Ман ҳастам. Ба Ман даст расонда бинед, ки Ман ҷисму устухон дорам, вале арвоҳ ин чизҳоро надорад».
40Инро гуфта, ба онҳо дастону пойҳои худро нишон дод.
41Онҳо аз хурсандӣ ҳеҷ бовар карда наметавонистанду хеле ҳайрон буданд. Он гоҳ Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо дар ин ҷо ягон чизи хӯрданӣ доред?»
42Онҳо ба Исо як бурда моҳии пухтагӣ доданд.
43Вай моҳиро гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.
44Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳоеро, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мӯсо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».
45Он гоҳ Исо хиради онҳоро равшан сохт, то ки маънои навиштаҷотро фаҳмида тавонанд.
46Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Таъиншудаи Худо бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда шавад.
47Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад
48ва шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед.
49Ман ба шумо чизи Падарам ваъдакардаро мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Ерусалим бимонед».
50Исо шогирдонро берун аз шаҳр бароварда, ҳамроҳашон то худи Байт-Ҳинӣ рафт ва дастонашро боло бардошта, онҳоро баракат дод.
51Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд
52ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бепоён ба Ерусалим баргаштанд.
53Сипас, тамоми вақти худ дар ҳавлии Хонаи Худо монда, Худоро ҳамду сано мехонданд.