Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо

Луқо 12

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Дар ин миён ҳазор-ҳазор одамон ҷамъ омада, якдигарро тела медоданд ва Исо аввал ба шогирдони худ муроҷиат карда гуфт: «Худро аз хамиртуруши фарисиён, ки дурӯягӣ аст, эҳтиёт кунед.
2Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад.
3Пас он чиро, ки дар торикӣ гуфта будед, дар рӯшноӣ хоҳанд шунид ва он чиро, ки шумо дар пинҳонӣ пичиррос карда гуфтед, аз болои бомҳо эълон хоҳанд кард.
4Ба шумо мегӯям: Эй дӯстонам, аз онҳое, ки ҷисматонро мекушанд ва баъд аз он ҳеҷ кори дигаре карда наметавонанд, натарсед.
5Ман ба шумо мефаҳмонам, ки аз кӣ бояд тарсед. Аз он касе тарсед, ки баъд аз куштан шуморо ба дӯзах партофта метавонад. Бале, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ бояд битарсед.
6Магар ба ду танга панҷ гунҷишк фурӯхта намешавад? Вале Худо ҳар як гунҷишкро ҳам дар хотираш нигоҳ медорад
7ва ҳар тори мӯйи саратон ҳам ба ҳисоб гирифта шудааст. Бинобар ин натарсед, шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам қиматтар ҳастед.
8Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум гӯяд, ки пайрави Ман аст, Фарзанди Инсон низ дар назди фариштагони Худо пайрави Ман будани ӯро тасдиқ мекунад.
9Лекин, ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Фарзанди Инсон низ дар пеши фариштагони Худо ӯро рад мекунад.
10Ҳар кӣ бар зидди Фарзанди Инсон сухане бигӯяд, бахшида мешавад, лекин касе, ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона бигӯяд, бахшида нахоҳад шуд.
11Вақте шуморо ба ибодатхонаҳо, ба назди сардорону ҳукуматдорон меоранд, ғам нахӯред, ки чӣ хел бояд ҷавоб диҳед ё чӣ бояд гӯед.
12Зеро Рӯҳи Муқаддас ба шумо ёд медиҳад, ки ҳамон лаҳза чӣ бояд бигӯед».
13Марде аз байни мардум ба Исо гуфт: «Устод! Ба бародарам бигӯ, ки меросро бо ман тақсим кунад».
14Исо ҷавоб дод: «Эй мард, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё довар таъин кардааст?»
15Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна ҳирсу чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз зиёдатии бойигариаш иборат нест».
16Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровоне ба бор овард.
17Вай худ ба худ фикр карда гуфт: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?“
18Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам — анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам ва тамоми ҳосилу бойигариамро ба он ҷо бурда,

19ба худ мегӯям: Акнун ту бойигарии бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва аз кайфу сафои зиндагӣ бебаҳра намон“.
20Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Ҳамин шаб ҷонат аз ту талаб карда мешавад. Пас, он чӣ захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?“
21Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ бойигарӣ ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест».
22Исо ба шогирдони худ гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: на ташвиши онро кашед, ки дар зиндагиатон чӣ мехӯред ва на ғами баданатонро хӯред, ки чӣ мепӯшед.
23Охир зиндагӣ муҳимтар аз хӯрок ва бадан муҳимтар аз пӯшок аст.
24Ба зоғҳо нигоҳ кунед, онҳо на мекоранд, на медараванд, на анбор доранду на каҳдон, вале Худо ризқу рӯзиашонро мефиристад ва шумо нисбат ба паррандаҳо қадри баландтаре доред!
25Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан метавонед умратонро ақаллан як соат дарозтар кунед?
26Пас, агар шумо чунин як кори ночизро иҷро карда натавонед, чаро ғами чизҳои дигарро мехӯред?
27Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: Онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд, лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату бойигариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст.
28Пас, агар Худо алафи саҳроиро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, пӯшонда метавонад!
29Шумо ғам хӯрда, аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед.
30Ин ғами асосии тамоми халқҳои дигар аст, вале Падари шумо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба шумо лозиманд.
31Танҳо подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ бар замми он ба шумо ин чизҳоро хоҳад дод.
32Эй рамаи хурди гӯсфандон, натарсед! Зеро иродаи Падаратон чунин аст, ки подшоҳиро ба шумо диҳад.
33Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон бойигариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад.
34Зеро ба он ҷое, ки бойигарӣ доред, дилатон кашол аст.
35Ҳар яки шумо миёнатонро баста, чароғашро равшан нигоҳ доред.
36Ба монанди хизматгороне бошед, ки интизори аз тӯй баргаштани соҳибашон ҳастанд, то ки вақти баргашта дарро кӯфтани соҳибашон, онро зуд ба рӯяш кушоянд.

37Хушбахтанд хизматгороне, ки соҳибашон вақти баргашта омадан онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи соҳиб миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад.
38Хушбахтанд онҳое, ки соҳибашон хоҳ ними шаб, хоҳ наздики субҳ баргашта, онҳоро бедор меёбад.
39Бидонед, ки агар соҳибхона вақту соати омадани дуздро донад, вай намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд.
40Пас, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон тайёр бошед, зеро Вай вақте меояд, ки интизораш нестед».
41Петрус гуфт: «Худовандо! Ин масалро танҳо барои мо ё барои ҳама гуфтӣ?»
42Худованд ҷавоб дод: «Монанди ҳамон хизматгори бовафову хирадманд бошед, ки соҳибаш дилпурона метавонад ӯро бар хизматгорони дигар назоратчӣ таъин кунад ва ба ӯ дар вақти муайяншуда додани хӯрду хӯроки онҳоро боварӣ намояд.
43Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад.
44Ба ростӣ мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд.
45Вале агар он хизматгор фикр кунад, ки соҳибаш дер карда истодааст ва хизматгоронро, марду занро фарқ накарда, латукӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад,
46ана, он гоҳ дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш бармегардад ва ӯро ду пора карда, насиби беимононро медиҳад.
47Хизматгоре, ки хоҳиши соҳибашро медонад, вале онро иҷро намекунад ва иҷро карданӣ ҳам нест, сахт лат карда мешавад.
48Аммо хизматгоре, ки иродаи соҳибашро надониста, кори баде мекунад, ҷазои сабуктаре мебинад. Ба ҳар касе, ки зиёд дода шудааст, аз ӯ низ зиёд пурсида мешавад ва ба ҳар касе, ки чизи бисёре боварӣ карда шудааст, аз вай низ бисёртар талаб карда мешавад.
49Ман омадам, ки дар рӯи замин оташ даргиронам ва бисёр мехоҳам, ки он зудтар фурӯзон гардад.
50Ҳамон тавре ки одам дар вақти таъмид гирифтан ба об ғӯта мезанад, Ман низ бояд ба азоби марговар ғӯтавар гардам ва то ба амал омадани ин кор нороҳат ҳастам.
51Шумо гумон мекунед, ки Ман барои ба замин овардани сулҳ омадаам? Баръакс, на барои сулҳ, балки барои ҷудоӣ андохтан омадаам.
52Баъд аз ин агар дар хонае панҷ нафар бошанд, аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд: се нафар ба ду нафар ва ду нафар ба се нафар зид мебароянд.
53Падар бар зидди писараш ва писар бар зидди падараш, модар бар зидди духтараш ва духтар бар зидди модараш, хушдоман бар зидди келинаш ва келин бар зидди хушдоманаш мебарояд».
54Ҳамчунин ба мардум гуфт: «Вақте мебинед, ки аз ғарб абре пайдо мешавад, дарҳол мегӯед: „Бояд борон борад“ ва чунин мешавад.

55Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегӯед: „Ҳаво гарм мешавад“ ва ҳамин тавр ҳам мешавад.
56Эй дурӯяҳо! Шумо нишонаҳои замину осмонро дида чӣ гуна шудани ҳаворо фаҳмида метавонеду чаро фаҳмида наметавонед, ки ҳоло чӣ замоне фаро расидааст?
57Барои чӣ худи шумо муайян карда наметавонед, ки чӣ бояд кунед?
58Охир, вақте ки бо даъвогар ба пеши қозӣ меравед, бояд ҳаматарафа кӯшиш кунед, ки дар роҳ бо даъвогар оштӣ шавед, вагарна ӯ шуморо ба назди қозӣ мебарад ва қозӣ шуморо ба дасти зиндонбон месупораду вай шуморо ба зиндон мепартояд.
59Росташро мегӯям, ки то тангаи охирини қарзатонро надиҳед, ҳаргиз аз ҳабс намебароед».