1Исо як назар андохта, бойҳоеро дид, ки ба сандуқи хайрия ҳадяҳои худро меандохтанд.
2Ӯ бевазани камбағалеро низ дид, ки ба он ҷо ду тангаи хурди мисинро андохт.
3Баъд гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард.
4Чунки онҳо аз зиёдатии бойигариашон хайрия карданд, вай бошад, ҳамаи он ризқу рӯзиашро, ки дошт, дод».
5Вақте ки баъзеҳо дар бораи Хонаи Худо сухан меронданду таъриф мекарданд, ки он бо чӣ гуна сангҳои зебо ва ҳадяҳои қиматбаҳо оро дода шудааст, Исо гуфт:
6«Рӯзҳое меоянд, ки аз ҳамаи ин чизҳои медидаатон санг бар болои сангаш намонда ба замин яксон мегардад».
7Аз Ӯ пурсиданд: «Устод, пас ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва ба амал омадани онро аз кадом нишона мефаҳмем?»
8Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо шуморо гумроҳ накунанд, зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ мегӯянд. Аз паси онҳо наравед!
9Вақте ки овозаи ҷангҳову шӯришҳо ба гӯшатон мерасад, ба воҳима наафтед. Зеро аввал бояд ҳамаи ин воқеаҳо ба вуҷуд оянд, вале ин маънои якбора расидани охирзамонро надорад».
10Баъд Исо ба онҳо гуфт: «Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад.
11Заминҷунбиҳои сахт ва дар ҷойҳои гуногун қаҳтиву гуруснагӣ ва вабо хоҳад шуд. Аз осмон ҳодисаҳои пурдаҳшат ва нишонаҳои бузург намоён хоҳанд гашт.
12Вале, пеш аз он ки ҳамаи ин ба амал ояд, шуморо дастгир карда, азоб хоҳанд дод ва ба ибодатхонаву зиндонҳо хоҳанд бурд. Аз барои номи Ман шуморо ба назди подшоҳону ҳокимон мебаранд.
13Ин ҳамон вақтест, ки дар бораи Ман шаҳодат медиҳед.
14Қарор диҳед, то пешакӣ ташвиш накашед, ки дар ҷавоб чӣ бояд бигӯед.
15Зеро Ман ба шумо чунон ҳикмат ва суханпардозиро ато мекунам, ки ҳеҷ яке аз душманонатон наметавонад бар он муқобилате нишон дода, норозигии худро баён кунад.
16Ҳатто падару модарон, бародарон, хешон ва дӯстонатон шуморо таслим хоҳанд намуд ва баъзеи шумо кушта мешавед.
17Аз барои Маро пайравӣ карданатон ҳама ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
18Вале як тори мӯйе ҳам аз сари шумо нахоҳад афтод.
19Истодагарӣ намоед ва ҳаётро ба даст хоҳед овард.
20Ҳамин ки Ерусалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст.
21Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Касе, ки дар Ерусалим бошад, аз он ҷо биравад ва касе, ки дар гирду атрофи шаҳр ҳаст, ба шаҳр барнагардад.
22Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд.
23Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад.
24Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо Ерусалимро поймол мекунанд.
25Дар офтоб, моҳ ва ситорагон нишонаҳое зоҳир мешаванд ва дар рӯи замин мардум ба ғаму андӯҳ печида, аз хурӯши баҳру мавҷҳо ба ҳайрат меафтанд.
26Аз барои он ки ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд, одамон аз наздик шудани мусибате, ки ба сари ҷаҳон меояд, тарсида беҳуш мешаванд.
27Дар он вақт одамон Фарзанди Инсонро мебинанд, ки дар болои абр бо қудрат ва шӯҳрату ҷалоли бузурге меояд.
28Вақте ки ба амал омадани ин гуфтаҳо сар мешавад, қомататонро рост карда саратонро боло бардоред, чунки вақти харида гирифта шуданатон наздик аст».
29Баъд Исо ба онҳо чунин масалеро нақл кард: «Ба дарахти анҷир ва дигар дарахтҳо нигоҳ кунед.
30Вақте мебинед, ки онҳо барг мебароранд, медонед, ки тобистон аллакай наздик аст.
31Пас шумо ҳам вақте ки ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, донед, ки подшоҳии Худо наздик аст.
32Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ба амал меояд.
33Замину осмон нест мешавад, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
34Пас, бохабар бошед, ки дилҳои шумо саргарми айшу ишрат, бадмастӣ ва ташвишҳои ин рӯзгор нашавад, ки, вагарна он рӯз ногаҳон,
35мисли дом барои шумо фаро хоҳад расид. Зеро он рӯз ба сари тамоми сокинони рӯи замин хоҳад омад.
36Ҳамеша бедор бошед ва дуо гӯед, то қувват дошта бошед, ки аз мусибатҳои омадаистода халосӣ ёбед ва дар назди Фарзанди Инсон истед».
37Ҳар рӯз Исо дар ҳавлии Хонаи Худо таълим медод ва бо фарорасии бегоҳ ба теппаи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард.
38Тамоми мардум бошанд, саҳарии барвақт барои шунидани суханони Ӯ ба ҳавлии Хонаи Худо меомаданд.