1Исо дувоздаҳ вакилонашро ҷеғ зада, ба онҳо қуввату қудрати берун кардани ҳамаи девҳо ва аз ҳар беморӣ шифо додани одамонро бахшид.
2Ӯ онҳоро фиристод, то дар бораи подшоҳии Худо эълон карда, беморонро шифо бахшанд.
3Исо ба онҳо гуфт: «Ба роҳ бо худ ҳеҷ чиз нагиред: на асо, на борхалта, на нон, на пул ва на либоси иловагӣ.
4Ба ҳар хонае, ки даромадед, то вақти боз ба роҳ баромадан дар ҳамон ҷо бимонед.
5Вале агар шуморо дар ҷое қабул накунанд, аз он шаҳр берун биравед ва чанги он шаҳрро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».
6Шогирдон аз он ҷо рафтанду деҳа ба деҳа гашта, хушхабарро эълон мекарданд ва дар ҳама ҷо мардумро шифо мебахшиданд.
7Вақте ки ҳоким Ҳиродус ҳамаи инро шунид, ба як ҳолати ногувор афтод, зеро баъзеҳо мегуфтанд, ки ин Яҳё аз мурдагон зинда шудааст,
8дигарон бошанд, мегуфтанд, ки Илёс пайғамбар зоҳир гардидааст ва баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони давраҳои қадим зинда шудааст.
9Вале Ҳиродус гуфт: «Охир ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо кардам. Пас, ин кист, ки дар борааш чунин суханҳоро мешунавам?» Вай хост Исоро бубинад.
10Вақте ки вакилон баргаштанд, тамоми корҳои иҷрокардаашонро ба Исо баён намуданд. Ӯ онҳоро бо худ гирифта ба шаҳри Байт-Сайдо равона шуд, то ки бо шогирдонаш танҳо ба танҳо бимонад.
11Вале мардум аз ин бохабар шуда, аз пасаш рафтанд ва Исо онҳоро бо хушнудӣ қабул карда, ба онҳо дар бораи подшоҳии Худо нақл кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод.
12Рӯз бегоҳ мешуд ва он дувоздаҳ шогирд ба назди Исо омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷои беодам аст. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳо ва деҳоти гирду атроф рафта, барои худ ҷои хоб ва хӯроке пайдо кунанд?»
13Вале Вай ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон гуфтанд: «Мо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем. Магар ин ки худамон рафта, барои тамоми мардум хӯрок бихарем».
14Дар он ҷо тақрибан панҷ ҳазор мард буд ва Исо ба шогирдонаш гуфт: «Онҳоро панҷоҳнафарӣ гурӯҳ-гурӯҳ шинонед».
15Онҳо гуфтаи Исоро ба ҷо оварда, ҳамаро шинонданд.
16Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим бикунанд.
17Ҳама то сер шудан хӯрданд ва аз пораҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабад пур шуд.
18Рӯзе, вақте ки Исо дар танҳоӣ дуо мекарду дар наздаш фақат шогирдонаш буданд, аз онҳо пурсид: «Мардум дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?»
19Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, баъзеи дигарашон фикр мекунанд, ки Шумо Илёс ҳастед ва дигарон мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст».
20Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ».
21Баъд Исо онҳоро таъкид карда фармон дод, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
22Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Фарзанди Инсон бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад».
23Пас аз он Исо ба ҳама гуфт: «Ҳар касе, ки аз байни шумо пайрави Ман шудан мехоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад.
24Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.
25Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад ва ҷазо бинад?
26Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханонам шарм кунад, Фарзанди Инсон низ, ҳангоме ки дар дурахши ҷалоли худ, шӯҳрату ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард.
27Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо чанд касе ҳастанд, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон подшоҳии Худоро мебинанд».
28Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт. Исо Петрус, Юҳанно ва Ёқубро бо худ гирифта, барои дуогӯӣ ба болои кӯҳе баромад.
29Вақте ки Ӯ ба дуогӯӣ машғул буд, чеҳрааш тағйир ёфта, либосаш сап-сафеди дурахшон шуд
30ва инак ду мард, Мӯсою Илёс дар шӯҳрату ҷалол зоҳир гардиданд. Онҳо бо Исо гуфтугӯ карда нақл мекарданд, ки Ӯ дар Ерусалим бояд аз ин дунё равад ва бо ҳамин мақсадашро анҷом медиҳад.
32Петрус ва ҳамроҳонашро хоб бурд ва ҳангоме ки бедор шуданд, шӯҳрату ҷалоли Исо ва он ду мардро, ки бо Ӯ меистоданд, диданд.
33Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биёед, ҳоло се хайма месозем: яке — барои Шумо, дигаре — барои Мӯсо ва сеюм — барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд.
34Петрус ҳанӯз суханашро тамом накарда, абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва вақте ки Мӯсо ва Илёс ба даруни абр даромаданд, шогирдон тарсиданд.
35Ҳамин вақт аз абр овозе шунида шуд, ки мегуфт: «Ин Писари Ман аст, Ман Вайро интихоб кардаам. Ӯро гӯш кунед».
36Вақте ки овоз гум шуд, Исо боз танҳо монд. Шогирдон хомӯш монданд ва ҳамон вақт аз он чӣ дида буданд, ба касе чизе нагуфтанд.
37Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ мефаромаданд, мардуми бисёре Исоро пешвоз гирифтанд.
38Ногаҳон марде аз миёни мардум фарёд зад: «Устод! Аз Шумо илтимос мекунам, ки ба писарам як назар андозед, зеро ӯ фарзанди ягонаи ман аст.
39Гоҳ-гоҳ ба вай рӯҳе ҳамла мекунад ва ӯ якбора дод зада, беихтиёрона печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд. Он рӯҳ ӯро бисёр азоб дода, ба зӯрӣ аз ӯ даст мекашад.
40Аз шогирдонатон илтимос кардам, ки он рӯҳро берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд».
41Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр!»
42Вақте ки писар ба назди Исо меомад, дев ӯро ба замин ғалтонда, печутоб дод. Вале Исо рӯҳи нопокро манъ карду писарро шифо бахшида, ба падараш супорид
43ва ҳама аз бузургии қудрати Худо дар ҳайрат монданд. Дар ҳоле, ки мардум аз тамоми корҳои кардаи Исо дар тааҷҷуб буданд, Вай ба шогирдонаш гуфт:
44«Он чизеро, ки ҳоло мегӯям, бишнавед ва дар ёд доред: Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад».
45Вале шогирдон маънои ин суханонро нафаҳмиданд, чунки маънояш аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд ва ҳам метарсиданд, ки дар ин бора аз Исо чизе бипурсанд.
46Шогирдон байни худ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.
47Исо медонист, ки онҳо дар дили худ чӣ фикр доранд, бинобар ин кӯдакеро гирифта, ба паҳлӯи худ гузошт
48ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ба хотири Ман ин кӯдакро қабул кунад, дар асл Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, касеро қабул мекунад, ки Маро фиристодааст. Зеро он касе, ки дар байни шумо аз ҳама хурдтарин аст, бузургтарин мебошад».
49Он вақт Юҳанно гуфт: «Хоҷа, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, аммо чун ӯ бо мо нест, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».
50Исо ба ӯ гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Зеро касе ки бар зидди шумо нест, тарафдори шумост».
51Азбаски то ба осмон бурда шудани Исо вақт кам монда буд, Ӯ қарори қатъӣ қабул кард, ки ба сӯи Ерусалим равона гардад.
52Исо одамонашро пешопеши худ фиристод ва онҳо ба деҳаи сомариён даромада, барои омадани Ӯ ҳама чизро тайёр намуданд.
53Аммо сомариён Исоро қабул накарданд, зеро Ӯ ба Ерусалим равона буд.
54Шогирдонаш Ёқуб ва Юҳанно инро дида гуфтанд: «Худовандо! Биёед, мегӯем, ки аз осмон оташе борида онҳоро нобуд созад?»
55Вале Исо ба Ёқубу Юҳанно рӯ оварда, онҳоро сарзаниш кард ва ҳама ба деҳаи дигаре равон шуданд.
57Онҳо сафарашонро давом медоданд ва дар роҳ марде ба Исо гуфт: «Ман дар ҳама ҷо Шуморо пайравӣ мекунам».
58Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва мурғони ҳаво лона доранд, аммо Фарзанди Инсон ҷое надорад, ки сарашро монда дам гирад»
59ва ба дигаре гуфт: «Аз паси Ман биё». Аммо ӯ ҷавоб дод: «Хоҷаам, иҷозат диҳед, ки аввал ба хонаам баргашта, падарамро ба хок супорам».
60Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд, вале ту рафта, дар бораи подшоҳии Худо эълон бикун».
61Шахси дигаре ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Ман аз паят меравам, вале иҷозат деҳ, ки аввал бо аҳли хонаводаам хайрухуш кунам».
62Исо ба вай гуфт: «Касе, ки ба шудгор кардан шурӯъ менамояду баъд ба ақиб нигоҳ мекунад, лоиқ нест, ки дар подшоҳии Худо бошад».