Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо

Луқо 3

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Дар замони сарвари рӯҳониён будани Ҳонон ва Қаёфо каломи Худо дар биёбон ба гӯши Яҳёи писари Закарё расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии император Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус фармонравои Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар Итурияву вилояти Тархонитус ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд.
3Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, эълон мекард, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд.
4Дар бораи вай дар китоби Ишаъё пайғамбар чунин навишта шудааст: «Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!
5Бигзор ҳар водӣ баланд шавад, ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ мубаддал гардад. Бигзор роҳҳои печ дар печ рост шуда, роҳҳои пасту баланд ҳамвор шаванд,
6он гоҳ ҳар як ҷони зинда наҷоти Худоро мебинад!“»
7Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?
8Асло фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед.
9Теша аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки меваи хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад».
10Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?»
11Яҳё ҷавоб дод: «Касе, ки ду ҷома дорад, яктоашро ба касе диҳад, ки ба он мӯҳтоҷ аст ва ҳар кӣ хӯрок дорад, низ чунин бикунад».
12Андозгирон ҳам, ки барои таъмид гирифтан омада буданд, аз ӯ пурсиданд: «Устод, мо чӣ кор кунем?»
13Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он андозе, ки бароятон муайян карда шудааст, аз мардум наситонед».
14Сарбозон низ аз ӯ пурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» Яҳё гуфт: «Касеро бо зӯриву тӯҳмати ноҳақ ғорат накунед ва ба маоши худ қаноат намоед».
15Мардум интизори омадани Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо буданд ва баъд аз шунидани гуфтаҳои Яҳё худ ба худ фикр мекарданд, ки шояд Яҳё Таъиншудаи Худо аст.
16Яҳё бошад, ба онҳо гуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале тавонотаре аз ман меояд, ки ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзоли Ӯ нестам. Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва оташ таъмид хоҳад дод.
17Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Вай бо он хирмани худро тоза карда, гандумро дар анбораш ҷамъ мекунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».
18Ҳамин тавр Яҳё мардумро панду насиҳат карда, ба онҳо хушхабарро мерасонд.
19Яҳё ҳоким Ҳиродусро ҳам барои он ки ҳамсари бародари худаш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш сарзаниш мекард.

20Бинобар ин Ҳиродус, бар замми ҳамаи кирдори бадаш, боз Яҳёро ба ҳабс андохт.
21Инак, вақте ки ҳамаи мардум таъмид гирифта буданд, Исо низ таъмид гирифту ба дуогӯӣ машғул шуд. Дар ҳамин вақт осмон кушода шуда,
22Рӯҳи Муқаддас дар шакли кабӯтаре фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва садое аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам!»
23Вақте ки Исо ба хизмати худ шурӯъ намуд, тақрибан сисола буд ва ҳама гумон мекарданд, ки Ӯ писари Юсуф аст. Юсуф бошад, писари Элӣ,
24Элӣ писари Маттот, Маттот писари Левӣ, Левӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Яннай, Яннай писари Юсуф,
25Юсуф писари Матитё, Матитё писари Омӯс, Омӯс писари Наҳум, Наҳум писари Ҳеслӣ, Ҳеслӣ писари Наҷҷой,
26Наҷҷой писари Маҳат, Маҳат писари Матитё, Матитё писари Шимъӣ, Шимъӣ писари Юсуф, Юсуф писари Юдо,
27Юдо писари Юҳонон, Юҳонон писари Ресо, Ресо писари Зарубобил, Зарубобил писари Шаалтиил, Шаалтиил писари Нерӣ,
28Нерӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Аддӣ, Аддӣ писари Қӯсом, Қӯсом писари Элмадом, Элмадом писари Эр,
29Эр писари Юсе, Юсе писари Элизер, Элизер писари Юрим, Юрим писари Маттот, Маттот писари Левӣ,
30Левӣ писари Шимъӯн, Шимъӯн писари Яҳудо, Яҳудо писари Юсуф, Юсуф писари Юном, Юном писари Элёқим,
31Элёқим писари Малё, Малё писари Мино, Мино писари Матато, Матато писари Натан, Натан писари Довуд,
32Довуд писари Йисой, Йисой писари Убид, Убид писари Бӯаз, Бӯаз писари Салмӯн, Салмӯн писари Наҳшӯн,
33Наҳшӯн писари Аминодоб, Аминодоб писари Адамин, Адамин писари Ҳорнӣ, Ҳорнӣ писари Ҳесрӯн, Ҳесрӯн писари Форас, Форас писари Яҳудо,
34Яҳудо писари Ёқуб, Ёқуб писари Исҳоқ, Исҳоқ писари Иброҳим, Иброҳим писари Тораҳ, Тораҳ писари Ноҳӯр,
35Ноҳӯр писари Саруҷ, Саруҷ писари Рау, Рау писари Фолаҷ, Фолаҷ писари Эбар, Эбар писари Шолаҳ,
36Шолаҳ писари Қенон, Қенон писари Арфакшад, Арфакшад писари Сом, Сом писари Нӯҳ, Нӯҳ писари Ломак,
37Ломак писари Матушолаҳ, Матушолаҳ писари Ҳанӯҳ, Ҳанӯҳ писари Ёрад, Ёрад писари Маҳалалъил, Маҳалалъил писари Қенон,

38Қенон писари Анӯш, Анӯш писари Шет, Шет писари Одам ва Одам писари Худо буданд.