Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо

Луқо 14

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Боре, дар рӯзи истироҳат Исо барои хӯрдани хӯрок ба хонаи яке аз сардорони фарисиён рафт ва онҳо корҳои Ӯро мушоҳида мекарданд.
2Дар рӯ ба рӯи Исо марде менишаст, ки баданаш варам карда буд.
3Исо ба қонуншиносону фарисиён муроҷиат намуда гуфт: «Дар рӯзи истироҳат касеро шифо додан мумкин аст ё не?»
4Онҳо хомӯш монданд, Ӯ бошад, ба бемор даст расонда шифо бахшиду ҷавоб дод.
5Сипас ба онҳо гуфт: «Агар бача ва ё барзагови яке аз шумо дар рӯзи истироҳат ба чоҳ афтад, магар онро зуд берун намебароред?»
6Вале онҳо ба Ӯ ҷавобе дода натавонистанд.
7Исо мушоҳида мекард, чӣ тавр меҳмонон мехостанд ҷойҳои болотарро ишғол кунанд, бинобар ин ба онҳо масалеро гуфт:
8«Вақте ки ба тӯи арӯсӣ даъват мешавӣ, аз боло гузашта нашин, чун шояд шахсе даъват шуда бошад, ки аз ту баобрӯтар аст.
9Он гоҳ соҳибхонае, ки ҳардуи шуморо даъват кардааст, омада ба ту нагӯяд: „Ҷоятро ба ӯ бидеҳ“. Он вақт шарм дошта, маҷбур мешавӣ, ки ба поён гузашта шинӣ.
10Баръакс, вақте ки туро даъват мекунанд, омада дар ҷои поён бишин, то соҳибхона омада, ба ту бигӯяд: „Дӯстам, болотар бишин“. Он гоҳ иззату эҳтиромат дар пеши назари ҳамаи онҳое, ки дар гирди дастархон нишастаанд, ба ҷо оварда мешавад.
11Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор гирад, сарбаланд хоҳад шуд».
12Баъд ба соҳибхонае, ки Ӯро даъват карда буд, гуфт: «Вақте ки зиёфате ташкил мекунӣ, дӯстон, бародарон, хешон ва ҳамсояҳои бойи худро даъват накун, чунки онҳо низ туро даъват мекунанду некиатро бармегардонанд.
13Беҳтараш вақти зиёфат оростан камбағалону маъюбон ва шалҳову нобиноёнро даъват намо.
14Он гоҳ хушбахт хоҳӣ шуд, чунки онҳо некиатро баргардонда наметавонанд, вале дар рӯзе, ки некон зинда мешаванд, Худо некиатро ба ту бармегардонад».
15Инро шунида яке аз меҳмонон ба Исо гуфт: «Хушбахт аст он касе, ки дар подшоҳии Худо хӯрок бихӯрад!»
16Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Марде зиёфати калоне ороста, мардуми зиёдро даъват намуд.
17Чун вақти хӯрдани хӯрок расид, хизматгорашро фиристод, то ба даъватшудагон бигӯяд: „Биёед, аллакай ҳама чиз тайёр аст“.
18Ҳамин вақт ҳама, яке аз пайи дигар ба узрхоҳӣ даромаданд. Якумаш гуфт: „Ман замин харидам ва бояд рафта, онро бубинам. Хоҳиш мекунам, маро бубахшед“.

19Дигаре гуфт: „Ман панҷ ҷуфт барзагов харидам ва ҳоло барои санҷидани онҳо меравам. Илтимос мекунам, маро бубахшед“.
20Саввумӣ гуфт: „Ман зан гирифтам, бинобар ин рафта наметавонам“.
21Хизматгор баргашта ин хабарро ба хоҷааш расонд. Он гоҳ хоҷа дар ғазаб шуда, ба хизматгораш фармон дод: „Зудтар ба кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, шалҳо ва нобиноёнро ба ин ҷо биёр“.
22Хизматгор гуфт: „Хоҷаам! Фармонатонро иҷро намудам, вале боз ҳам ҷойҳои холӣ ҳастанд“.
23Сипас хоҷа ба хизматгор гуфт: „Қад-қади роҳҳои васеъву танг гашта, мардумро ба омадан маҷбур кун, то ки хонаам пур шавад.
24Ба шумо мегӯям, ҳеҷ нафаре, ки аз аввал даъват шуда буд, мазаи хӯроки идонаи маро нахоҳад чашид“».
25Ҳамроҳи Исо мардуми бисёре равона буданд ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда гуфт:
26«Касе, ки пеши Ман меояду Маро бештар аз падару модараш, зану фарзандонаш, бародарону хоҳаронаш ва зиёдтар аз ҷони худ дӯст намедорад, шогирди Ман шуда наметавонад.
27Касе, ки салиби азобу маргашро бо худ набардошта аз пайи Ман ояд, шогирди Ман шуда наметавонад.
28Зеро кӣ аз байни шумо қалъае сохтанӣ мешаваду аввал нишаста харҷи онро ҳисоб намекунад, то бифаҳмад, ки имконияти ба анҷом расондани сохтмонро дорад ё не?
29То мабодо баъд аз гузоштани пойдевор он сохтмонро ба охир расонда натавонад ва ҳамаи онҳое, ки инро мебинанд, писханд зада
30гӯянд: „Ин мард сохтмонро сар карду ба тамом кардани он қувваташ нарасид.“
31Ҳамчунин подшоҳе низ пеш аз ба ҷанги зидди подшоҳи дигар баромадан, аввал бояд нишаста, нағзакак фикр кунад, ки оё метавонад бо даҳ ҳазор сарбози худ ба подшоҳе, ки бо бист ҳазор сарбозаш бар зидди ӯ меояд, муқобилат нишон диҳад?
32Пас, агар натавонад, ҳанӯз ки душманаш дур аст, сафиронашро барои сулҳ бастан мефиристад.
33Айнан ҳамин тавр ҳеҷ яке аз шумо то аз тамоми чизу чораи худ даст накашед, наметавонед шогирди Ман бошед.
34Шумо медонед, ки намак чизи хуб аст, вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад?
35Он вақт намак барои ҳеҷ чиз ба кор намеояд: на барои замин ва на барои пору. Онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»