Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 12

Юҳанно 12:34-46

Help us?
Click on verse(s) to share them!
34Мардум ҷавоб доданд: «Мо аз шариат медонем, ки Таъиншудаи Худо то абад зинда мемонад. Пас, чӣ тавр мегӯӣ, ки Фарзанди Инсон бояд боло бардошта шавад? Охир, Фарзанди Инсон кист?»
35Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе равшанӣ бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки равшанӣ доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, ҷои мерафтагиашро намедонад.
36Пас, ҳанӯз ки равшанӣ бо шумост, ба он имон биёваред, то ки писарони равшанӣ шавед!» Исо инро гуфта, он ҷойро монда рафту аз назари онҳо ғоиб шуд.
37Бо вуҷуди он ки Исо дар ҳузури онҳо мӯъҷизоти бисёр нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд.
38Ишаъё пайғамбар гуфта буд: «Эй Худованд, кӣ ба паёми мо бовар кардааст? Ба кӣ қудрати Худо ошкор гардидааст?» Ин пешгӯӣ ҳамин тавр иҷро шуд.
39Инчунин онҳо боз аз он сабаб имон оварда натавонистанд, ки Ишаъё пайғамбар чунин ҳам гуфта буд:
40«Худо чашмони онҳоро нобино ва ақли онҳоро тира кардааст, то ки онҳо бо чашмони худ набинанд ва бо ақли худ дарк накунанд. Вагарна, мегӯяд Худо, ба Ман муроҷиат мекарданд, то Ман онҳоро шифо диҳам».
41Ишаъё барои он чунин гуфта буд, ки шӯҳрату ҷалоли Исоро дид ва дар бораи Ӯ сухан гуфт.
42Ба ҳар ҳол, бисёри одамон, ҳатто аз байни мансабдорон низ ба Исо эътиқод карданд, вале аз тарси фарисиён ошкоро ба ин иқрор намешуданд, ки мабодо онҳоро аз ибодатхонаҳо ҷудо накунанд.
43Зеро онҳо назар ба таърифе, ки аз ҷониби Худо аст, таърифи инсониро беҳтар донистанд.
44Исо бо овози баланд хитоб кард: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, на ба Ман, балки ба касе, ки Маро фиристодааст, имон меоварад.
45Ҳар кӣ Маро мебинад, он касеро мебинад, ки Маро фиристодааст.
46Ман ҳамчун равшанӣ ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.

Read Юҳанно 12Юҳанно 12
Compare Юҳанно 12:34-46Юҳанно 12:34-46