Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 12:34-46 in Tajik

Help us?

Юҳанно 12:34-46 in Хушхабар

34 Мардум ҷавоб доданд: «Мо аз шариат медонем, ки Таъиншудаи Худо то абад зинда мемонад. Пас, чӣ тавр мегӯӣ, ки Фарзанди Инсон бояд боло бардошта шавад? Охир, Фарзанди Инсон кист?»
35 Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе равшанӣ бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки равшанӣ доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, ҷои мерафтагиашро намедонад.
36 Пас, ҳанӯз ки равшанӣ бо шумост, ба он имон биёваред, то ки писарони равшанӣ шавед!» Исо инро гуфта, он ҷойро монда рафту аз назари онҳо ғоиб шуд.
37 Бо вуҷуди он ки Исо дар ҳузури онҳо мӯъҷизоти бисёр нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд.
38 Ишаъё пайғамбар гуфта буд: «Эй Худованд, кӣ ба паёми мо бовар кардааст? Ба кӣ қудрати Худо ошкор гардидааст?» Ин пешгӯӣ ҳамин тавр иҷро шуд.
39 Инчунин онҳо боз аз он сабаб имон оварда натавонистанд, ки Ишаъё пайғамбар чунин ҳам гуфта буд:
40 «Худо чашмони онҳоро нобино ва ақли онҳоро тира кардааст, то ки онҳо бо чашмони худ набинанд ва бо ақли худ дарк накунанд. Вагарна, мегӯяд Худо, ба Ман муроҷиат мекарданд, то Ман онҳоро шифо диҳам».
41 Ишаъё барои он чунин гуфта буд, ки шӯҳрату ҷалоли Исоро дид ва дар бораи Ӯ сухан гуфт.
42 Ба ҳар ҳол, бисёри одамон, ҳатто аз байни мансабдорон низ ба Исо эътиқод карданд, вале аз тарси фарисиён ошкоро ба ин иқрор намешуданд, ки мабодо онҳоро аз ибодатхонаҳо ҷудо накунанд.
43 Зеро онҳо назар ба таърифе, ки аз ҷониби Худо аст, таърифи инсониро беҳтар донистанд.
44 Исо бо овози баланд хитоб кард: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, на ба Ман, балки ба касе, ки Маро фиристодааст, имон меоварад.
45 Ҳар кӣ Маро мебинад, он касеро мебинад, ки Маро фиристодааст.
46 Ман ҳамчун равшанӣ ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.
Юҳанно 12 in Хушхабар