Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 13

Луқо 13:1-12

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Дар ин маврид баъзеҳо ба назди Исо омада, дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки Пилотус онҳоро ҳангоми қурбонӣ карданашон кушт.
2Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба гумонатон ин ҷалилиён аз ҷалилиёни дигар гунаҳкортар буданд, ки бо онҳо чунин ҳодиса рӯй дод?
3Не, мегӯям ба шумо! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед.
4Ё ба фикратон он ҳаждаҳ нафаре, ки манораи Шилӯаҳ ба болояшон чаппа шуда нобудашон кард, аз дигар сокинони Ерусалим гунаҳкортар буданд?
5Не, мегӯям ба шумо! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед».
6Исо чунин масалеро гуфт: «Дар токзори як мард дарахти анҷире шинонда шуда буд. Вай омада, аз он мева ҷустуҷӯ кард, вале чизе наёфт.
7Пас, ба боғбон гуфт: „Се сол боз ман меоям, то аз ин дарахт мевае пайдо бикунам, вале чизе намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?“
8Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар ҳам онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам.
9Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бибуред“».
10Дар яке аз рӯзҳои истироҳат Исо дар ибодатхона мардумро таълим медод.
11Дар он ҷо зане ҳузур дошт, ки ҳаждаҳ сол боз гирифтори рӯҳи нопок буд. Аз ин сабаб миёни зан хам гашта, ӯ ҳеҷ қоматашро рост карда наметавонист.
12Исо инро дида, ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд.

Read Луқо 13Луқо 13
Compare Луқо 13:1-12Луқо 13:1-12