Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 17

Юҳанно 17:13-24

Help us?
Click on verse(s) to share them!
13Вале акнун Ман назди Ту меравам ва ин чизҳоро ҳанӯз ки дар ин ҷаҳон ҳастам, мегӯям, то шодии Ман дар онҳо пурра шавад.
14Ман каломи Туро ба онҳо расондаам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, ҳамон тавр ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам.
15Ман талаб намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, аммо мехоҳам, ки онҳоро аз иблис муҳофизат намоӣ.
16Онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам.
17Тавассути ростӣ онҳоро барои худ ҷудо кун; каломи Ту ростӣ аст.
18Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодаӣ, ҳамин тавр Ман ҳам онҳоро ба ҷаҳон фиристодаам.
19Ман ба хотири онҳо худро ба Ту бахшидам, то ки онҳо низ ба тавассути ростӣ худро ба Ту бахшида тавонанд.
20Ман на фақат барои онҳо дуо мекунам, балки барои касоне ҳам, ки ба воситаи суханони онҳо ба Ман имон меоваранд.
21Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки ту, Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ.
22Ман ба онҳо ҳамон шӯҳрату ҷалолеро додаам, ки Ту ба Ман додаӣ, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту як ҳастем.
23Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва онҳоро ҳамон тарз дӯст медорӣ, ки Маро дӯст медорӣ.
24Эй Падар, мехоҳам, онҳое ҳам, ки Ту ба Ман бахшидаӣ, ҳамроҳи Ман дар он ҷое бошанд, ки Ман мешавам ва он шӯҳрату ҷалолеро бубинанд, ки Ту ба Ман додаӣ, зеро Ту Маро пеш аз офариниши олам дӯст дошта будӣ.

Read Юҳанно 17Юҳанно 17
Compare Юҳанно 17:13-24Юҳанно 17:13-24