Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 17:13-24 in Tajik

Help us?

Юҳанно 17:13-24 in Хушхабар

13 Вале акнун Ман назди Ту меравам ва ин чизҳоро ҳанӯз ки дар ин ҷаҳон ҳастам, мегӯям, то шодии Ман дар онҳо пурра шавад.
14 Ман каломи Туро ба онҳо расондаам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, ҳамон тавр ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам.
15 Ман талаб намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, аммо мехоҳам, ки онҳоро аз иблис муҳофизат намоӣ.
16 Онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам.
17 Тавассути ростӣ онҳоро барои худ ҷудо кун; каломи Ту ростӣ аст.
18 Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодаӣ, ҳамин тавр Ман ҳам онҳоро ба ҷаҳон фиристодаам.
19 Ман ба хотири онҳо худро ба Ту бахшидам, то ки онҳо низ ба тавассути ростӣ худро ба Ту бахшида тавонанд.
20 Ман на фақат барои онҳо дуо мекунам, балки барои касоне ҳам, ки ба воситаи суханони онҳо ба Ман имон меоваранд.
21 Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки ту, Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ.
22 Ман ба онҳо ҳамон шӯҳрату ҷалолеро додаам, ки Ту ба Ман додаӣ, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту як ҳастем.
23 Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва онҳоро ҳамон тарз дӯст медорӣ, ки Маро дӯст медорӣ.
24 Эй Падар, мехоҳам, онҳое ҳам, ки Ту ба Ман бахшидаӣ, ҳамроҳи Ман дар он ҷое бошанд, ки Ман мешавам ва он шӯҳрату ҷалолеро бубинанд, ки Ту ба Ман додаӣ, зеро Ту Маро пеш аз офариниши олам дӯст дошта будӣ.
Юҳанно 17 in Хушхабар