Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс - Марқӯс 8

Марқӯс 8:1-26

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯдаи одамон ба назди Исо ҷамъ омаданд ва чизи хӯрдание надоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт:
2«Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд.
3Агар онҳоро гурусна ба хонаҳояшон фиристам, дар роҳ аз ҳол мераванд ва баъзеи онҳо аз роҳи дур омадаанд».
4Шогирдонаш гуфтанд: «Магар касе метавонад дар ин биёбон ин қадар одамро аз нон сер кунад?»
5Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
6Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд.
7Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. Исо Худоро барои онҳо шукр гуфта, фармуд, ки он моҳиҳо низ байни мардум тақсим шаванд.
8Мардум хӯрда сер шуданд ва аз хӯроки боқимонда ҳафт сабади калонро пур карданд.
9Дар он ҷо қариб чор ҳазор нафар буданд ва Исо онҳоро ҷавоб дод.
10Баъд якбора Ӯ бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ноҳияи Далмонуто раҳсипор гашт.
11Сипас чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада, бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад.
12Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл нишонае талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон нишона дода намешавад».
13Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафи дигари кӯл рафт.
14Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд.
15Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши шоҳ Ҳиродусу фарисиён эҳтиёт кунед».
16Шогирдон бо якдигар муҳокима карда мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби нон надоштанамон инро гуфт».
17Вале Исо аз суханони онҳо дарак дошта гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Магар то ҳол дарк намекунед ва нафаҳмидед? Ё гарданшах шудаед?
18Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед?
19Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бо панҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад».
20Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад!»
21Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?»
22Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад.
23Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?»
24Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд».
25Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид.
26Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.

Read Марқӯс 8Марқӯс 8
Compare Марқӯс 8:1-26Марқӯс 8:1-26