1Бори дигар Исо дар канори кӯл ба мардум таълим медод ва тӯда-тӯдаи одамон дар гирдаш ҷамъ омаданд. Бинобар ин Ӯ маҷбур шуд, ки ба қаиқ нишаста, аз кӯл ба мардуме, ки дар соҳил буд, сухан гӯяд.
2Ӯ таълим додани бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо сар кард. Ӯ гуфт:
3«Гӯш кунед! Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд.
4Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онро аз замин чида пок-покиза мехӯранд.
5Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад.
6Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад.
7Як миқдори дигараш ба миёни хорҳо меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи баромадаро пахш мекунанду намегузоранд, ки он ҳосил диҳад.
8Лекин як ҳиссаи донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, месабзад ва қад кашида сӣ, шаст ва сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад».
9Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»
10Вақте ки Ӯ танҳо буд, он дувоздаҳ нафар ва пайравонаш аз Ӯ маънои масалро пурсиданд.
11Исо ҷавоб дод: «Худо ба шумо сирру асрори подшоҳии худро ошкор кардааст. Вале барои онҳое, ки бо мо нестанд, ҳама чиз бо мақолу масалҳо таълим дода мешавад,
12то ки онҳо „бо чашмони худ нигоҳ кунанду набинанд, бо гӯшҳои худ шунаванду нафаҳманд ва сӯи Худо рӯ нагардонанд, то Худо гуноҳҳояшонро бубахшад“».
13Баъд аз онҳо пурсид: «Магар маънои ин масалро нафаҳмидед? Пас ҳамаи масалҳои дигарро чӣ тавр мефаҳмед?
14Деҳқон каломи Худоро мекорад.
15Он ҳиссаи донаҳо, ки ба пайраҳа меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, вале шайтон зуд омада, каломи дар дили онҳо кошта шударо медуздад.
16Донаҳои ба замини санглох афтода касоне мебошанд, ки каломро шунида, якбора бо хушҳолӣ онро қабул мекунанд,
17вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд. Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азоб дучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд.
18Донаҳое, ки ба замини хорзор меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд,
19аммо ғаму ташвиши зиндагӣ, орзуи бойигарӣ ва майлу рағбат ба чизҳои дигар фикру хаёлашонро ба худ банд карда, каломро пахш менамоянд ва дар натиҷа онҳо ҳеҷ ҳосиле намеоранд.
20Вале донаҳое, ки ба замини ҳосилхез меафтанд, монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду қабул мекунанд ва сӣ, шаст ва сад баробар бештар ҳосил медиҳанд».
21Баъд аз онҳо пурсид: «Магар чароғро барои он меоранд, ки зери тағора ё кате гузоранд? Оё онро ба чароғпоя намегузоранд?
22Ҳамин тавр, ҳар чӣ пинҳон ва пӯшида аст, ошкор ва равшан мегардад.
23Пас, ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!
24Суханони мешунидаатонро бо диққат мулоҳиза намоед. Бо кадом санги тарозу шумо баркашед, бо ҳамон санги тарозу ва ҳатто зиёдтар аз он ба шумо баркашида мешавад.
25Зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ҳам зиёдтар дода мешавад ва касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад».
26Исо суханони худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад
27ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки сабзиш чӣ тавр сурат мегирад.
28Чунки худи замин донаҳоро месабзонад. Аввал дона сабзида қад мекашад, баъд хӯша пайдо шуда, аз дона пур мешавад.
29Ҳамин ки хӯшаҳо пухта мерасанд, вай бо дос меояд, чунки мавсими ҳосил расидааст».
30Инчунин Исо гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунем? Бо кадом масал онро шарҳ диҳем?
31Вай монанди донаи хардалест, ки ҳангоми коштан аз ҳамаи донаҳои рӯи замин майдатарин мебошад,
32вале баъд аз кошта шудан, калон мешаваду аз ҳама гиёҳҳо баландтар мегардад ва шохаҳояш то андозае баланд мешаванд, ки паррандаҳо дар сояаш лона месозанд».
33Ҳамин тавр, ба қадре ки мардум фаҳмида метавонист, Ӯ каломи Худоро ба тариқи чунин масалҳои зиёд баён мекард.
34Исо ба онҳо ҳама чизро бо масал таълим медод, вале маънои масалҳоро ба шогирдонаш дар танҳоӣ мефаҳмонд.
35Бегоҳии ҳамон рӯз Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба канори дигари кӯл гузарем».
36Сипас, онҳо мардуми дар соҳил ҷамъомадаро тарк карданд ва ба қаиқе, ки Исо дар он нишаста буд, савор шуда, ба роҳ даромаданд. Бо Ӯ қаиқҳои дигар ҳам равона шуданд.
37Ногаҳон тӯфони сахте сар шуд. Мавҷҳо бо зарб ба қаиқ бармехӯрданд ва оқибат қаиқ аз об пур шуд.
38Аммо Исо дар қафои қаиқ сарашро ба болишт гузошта мехобид. Шогирдонаш Ӯро бедор карда гуфтанд: «Устод! Магар парво надоред, ки мо мемирем?!»
39Ӯ бархест ва бодро таъна зада, ба кӯл фармон дод: «Хомӯш шав! Ором бош!» Ҳамон лаҳза бод аз вазидан бозмонд ва дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд.
40Исо ба шогирдонаш гуфт: «Чаро ин қадар тарсидед? Оё ҳоло ҳам боварӣ надоред?»
41Вале онҳо, дар ҳолате ки тарсу ҳарос тамоми вуҷудашонро фаро гирифта буд, ба якдигар мегуфтанд: «Ин кӣ аст, ки ҳатто бод ва кӯл ба Ӯ итоат мекунанд!»