Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс

Марқӯс 10

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Исо он ҷоро монда, ба тарафи сарзамини Яҳудия ва қисми шарқии дарёи Урдун рафт. Боз мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯи одат ба таълими онҳо шурӯъ кард.
2Он гоҳ чанд нафар фарисиён омада, Ӯро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст, ки мард аз занаш ҷудо шавад?»
3Исо ҳам аз онҳо пурсид: «Мӯсо дар ин бора чӣ фармудааст?»
4Ҷавоб доданд: «Мӯсо иҷозат додааст, ки мард талоқномае навишта, аз занаш ҷудо шавад».
5Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Мӯсо аз сабаби гарданшахии шумо бароятон чунин иҷозатро навишта буд.
6Вале аз ибтидои офариниши ин дунё Худо „онҳоро мард ва зан офаридааст“.
7„Бинобар ин мард аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш мепайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд“. Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд.
9Пас, он чиро ки Худо бо ҳам пайвастааст, инсон набояд ҷудо кунад».
10Вақте ки онҳо ба хона баргаштанд, шогирдонаш дар ин бора аз Исо пурсиданд.
11Исо ба онҳо гуфт: «Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо шуда, зани дигар мегирад, нисбат ба ҳамсари аввалааш гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад.
12Ҳамчунин агар зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ба марди дигар ба шавҳар барояд, гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад».
13Рӯзе одамон фарзандонашонро назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст гузошта, баракат диҳад. Вале шогирдон онҳоро сарзаниш карданд.
14Исо рафтори шогирдонашро диду ба ғазаб омада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд ва пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд.
15Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар касе, ки подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба ин подшоҳӣ дохил намешавад».
16Баъд кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва ба болои сарашон даст гузошта, онҳоро баракат дод.
17Вақте ки Исо ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омада дар пешаш ба зону афтод ва пурсид: «Эй устоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?»
18Исо гуфт: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ғайр аз Худо каси нек нест.
19Худат фармоиши Худоро медонӣ: одамкушӣ накун, алоқаи беникоҳ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, касеро фиреб надеҳ ва падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо».

20Мард ҷавоб дод: «Эй устод! Ҳамаи ин фармоишҳоро аз хурдсолиам риоя кардаам».
21Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ, бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, он гоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
22Вале он мард, ки бойигарии зиёде дошт, аз шунидани чунин суханон рӯҳафтода шуду ғамгин ба хонааш баргашт.
23Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонаш гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст».
24Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба подшоҳии Худо дохил шудан чӣ душвор аст.
25Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад».
26Шогирдон беш аз пеш дар ҳайрат монда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?»
27Исо ба шогирдонаш нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон ин корро кардан ғайриимкон аст, вале на ба Худо; бо Худо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст».
28Он вақт Петрус ба Исо гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем».
29Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад,
30ҳоло дар вақти ҳозира сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарону хоҳарон, модарону фарзандон, заминҳо ва баробари ҳамаи ин азобҳо низ пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад.
31Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд».
32Онҳо ба сӯи Ерусалим раҳсипор шуданд. Исо пешопеш мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки дар Ерусалим Ӯро чӣ сарнавиште интизор аст.
33Ӯ гуфт: «Мо ба Ерусалим рафта истодаем, ки дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон фурӯхта мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум мекунанду баъд ба дасти беимонон месупоранд.
34Беимонон бошанд, Ӯро масхара карда, ба Вай туф мекунанд ва латукӯб карда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ пас аз се рӯз аз нав зинда мешавад».
35Ёқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунед».
36Исо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред? Бароятон чӣ кор кунам?»
37Гуфтанд: «Вақте ки Шумо бо шӯҳрату ҷалол подшоҳӣ мекунед, иҷозат диҳед, яке аз дасти рост ва дигаре аз дасти чапатон бишинем».

38Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косае, ки Ман бояд бинӯшам, нӯшида метавонед ва магар бо он азоби марговаре, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид гирифта метавонед?»
39Ҷавоб доданд: «Бале, метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Хӯш, аз косаи Ман хоҳед нӯшид ва бо азобе, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид хоҳед гирифт.
40Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, Ман ҳақ надорам. Ба ин ҷойҳо касоне мешинанд, ки Худо онҳоро пешакӣ таъин кардааст».
41Даҳ шогирди дигар инро шунида, ба Ёқубу Юҳанно сахт қаҳрашон омад.
42Пас, Исо ҳамаи онҳоро гирд оварда гуфт: «Шумо хуб медонед, ки подшоҳон ва бузургони халқҳо ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро ба онҳо мегузаронанд.
43Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар кас ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори шумо бошад
44ва ҳар касе, ки мехоҳад дар сафи пеш истад, бояд ғуломи ҳама бошад.
45Ҳатто Фарзанди Инсон барои он наомадааст, ки касе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигарон хизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонашро фидо кунад».
46Баъд онҳо ба Ериҳӯ омада расиданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берун мерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное, ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид.
47Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед!»
48Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Вале ӯ овозашро боз ҳам баландтар карда фарёд мезад: «Эй Насли Довуд, ба ман раҳм кунед!»
49Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, ки ин ҷо биёяд». Мардум нобиноро ҷеғ зада гуфтанд: «Аз ҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад».
50Бартимай ҷомаашро кашида, аз ҷояш парида хест ва назди Исо омад.
51Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам бино шавам».
52Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Он мард ҳамон лаҳза бино шуд ва аз паси Исо рафт.