Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс

Марқӯс 11

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Баъд Исо ва шогирдонаш ба наздикии Ерусалим, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки дар доманаи теппаи Зайтун ҷойгир шудаанд, рафта расиданд. Ӯ ду шогирдашро пешопеши худ фиристода,
2ба онҳо гуфт: «Ба қишлоқи дар пешистода равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, харкурраи бастаеро мебинед, ки ҳанӯз ба он касе савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред.
3Агар касе бипурсад, ки чаро ин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад».
4Он ду шогирд рафта, харкурраеро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд
5баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харкурраро мекушоед?»
6Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд.
7Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои харкурра партофтанд ва Исо ба он савор шуд.
8Бисёр одамон ҷомаҳои худро сари роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд.
9Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!
10Муборак бошад подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки наздик омада истодааст! Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»
11Ҳамин тавр, Исо ба Ерусалим омада, ба Хонаи Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди худ ба Байт-Ҳинӣ равона шуд.
12Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Ҳинӣ мерафтанд, Исо гурусна монд.
13Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки дар шохаҳояш ғайр аз барг чизи дигаре набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд.
14Сипас, Исо дарахти анҷирро лаънат карда гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргиз аз ту дигар мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.
15Ҳангоме ки ба Ерусалим даромаданд, Исо ба Хонаи Худо рафт ва онҳоеро, ки дар он ҷо машғули хариду фурӯш буданд, берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард.
16Вай нагузошт, ки касе чизеро барои савдо аз саҳни Хонаи Худо гузаронад.
17Сипас мардумро таълим дода гуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман ҷои дуогӯӣ барои тамоми халқҳо номида мешавад“? Шумо бошед, онро ба лонаи дуздон табдил додаед».
18Чун шариатдонон ва сардорони рӯҳонӣ ин суханонро шуниданд, роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд.

19Худи ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт.
20Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ ҳамон дарахти анҷирро диданд, ки аз решааш хушк шудааст.
21Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кунед! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардед, хушк шудааст!»
22Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед.
23Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархезу ба баҳр биафт“ ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чӣ мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш рӯй медиҳад.
24Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чӣ дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад.
25Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе хафагие дошта бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонӣ низ гуноҳҳоятонро ба шумо бахшида тавонад».
27Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни Хонаи Худо рафтуо мекард, сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм назди Ӯ омада
28пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?»
29Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо саволе медиҳам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам.
30Ба Ман бигӯед, ки ҳуқуқи таъмиддиҳиро ба Яҳё Худо ё инсон дода буд?»
31Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар бигӯем, ки Худо дода буд, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?“
32Агар бигӯем: „Инсон“…», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум имон доштанд, ки Яҳё пайғамбари Худост).
33Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».