Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс

Марқӯс 7

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Рӯзе чанд нафар аз фарисиён ва шариатдонон аз Ерусалим ба назди Исо омаданд. Онҳо гирди Ӯ ҷамъ омада
2диданд, ки баъзе шогирдонаш бо дасти «бетаҳорат», яъне ношуста хӯрок мехӯранд.
3Ҳол он ки яҳудиён, махсусан фирқаи фарисиён, то даме ки дастҳояшонро мувофиқи урфу одатҳои аҷдодон нашӯянд, ҳаргиз хӯрок намехӯрданд.
4Инчунин ҳеҷ чизро аз бозор то нашӯянд намехӯрданд. Боз бисёр урфу одатҳои дигарро риоя мекарданд, монанди шустани пиёла ва дегу табақҳои биринҷӣ.
5Фарисиён ва шариатдонон аз Исо пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро риоя накарда, бо дастҳои бетаҳорат хӯрок мехӯранд?»
6Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте оид ба шумо, дурӯяҳо пешгӯӣ карда гуфта буд: „Худо мегӯяд: «Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд, вале дилашон аз Ман дур аст.
7Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд, чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“
8Шумо фармудаҳои Худоро як тараф гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ пайравӣ мекунед.
9Шумо барои нигоҳ доштани урфу одатҳои худ шуда моҳирона фармудаҳои Худоро беэътибор мемонед.
10Масалан, Худо ба воситаи Мӯсо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст“.
11Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам,
12шумо дигар намегузоред, ки вай ба падару модараш ягон кӯмаке кунад.
13Ҳамин тавр шумо суханони Худоро бо урфу одатҳои худ барҳам дода, насл ба насл инро ёд медиҳед ва бисёр корҳои мисли ин мекунед».
14Исо мардумро боз наздаш даъват намуда гуфт: «Ҳамаатон Маро гӯш карда, бифаҳмед.
15Ҳар чизе ки аз берун ба даруни одам медарояд, вайро ҳаром карда наметавонад, аммо он чизе, ки аз даруни одам берун мебарояд, вайро ҳаром мекунад».
17Вақте ки Исо аз назди мардум рафта, ба хона даромад, шогирдонаш аз Ӯ маънои ин масалро пурсиданд.
18Вай ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам инро нафаҳмида бошед? Магар намедонед, ки он чӣ ба даруни одам аз берун медарояд, ӯро ҳаром карда наметавонад?
19Чунки хӯрок ба дили шумо дохил намешавад, балки аз меъдаи шумо гузашта, берун мебарояд» (бо ин суханон Исо эълон кард, ки ҳар гуна хӯрок ҳалол аст).

20Баъд илова кард: «Он чизе, ки аз даруни худи инсон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад.
21Чунки маҳз аз дохил, аз дили инсон ниятҳои бад берун меоянд, ба монанди алоқаи беникоҳ, дуздиву одамкушӣ ва бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду тӯҳматкунӣ, мағрурӣ ва бефаросатӣ.
23Ҳамаи ин бадиҳо аз даруни инсон берун баромада, ӯро ҳаром мекунанд».
24Аз он ҷо Исо ба шаҳри Сур рафт. Ӯ ба хонае даромад ва нахост, ки касе омаданашро фаҳмад. Вале ин кор ба Ӯ муяссар нашуд.
25Зане, ки духтари хурдсолаш гирифтори рӯҳи нопок буд, аз омадани Исо зуд бохабар шуда, ба назди Ӯ омад ва ба пеши пойҳояш афтод.
26Вай зани юнонӣ, зодаи Финиқияи Сурия буд. Ӯ илтимос кард, ки Исо девро аз духтараш берун кунад.
27Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, чунки нони фарзандонро гирифта ба сагон додан нодуруст аст».
28Вале зан ҷавоб дод: «Дуруст аст, хоҷаам, вале сагон ҳам нонпораҳои аз дастархони кӯдакон афтодаро чида мехӯранд».
29Он гоҳ Исо ба зан гуфт: «Барои чунин ҷавобат метавонӣ ба хонаат баргардӣ, ки дев аз духтарат дур шудааст».
30Зан ба хонааш омада дид, ки дев аз духтараш берун шуда, вай ором хобидааст.
31Сипас, Исо аз Сур баромада, бо роҳи Сидун ба тарафи кӯли Ҷалил ба ноҳияи Даҳ Шаҳр равона шуд.
32Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад.
33Исо ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда, ангуштонашро ба гӯши вай гузошт ва туф карда, ангуштонашро ба забони мард расонд.
34Баъд ба осмон нигариста оҳе кашиду гуфт: «Ифатаҳ!», ки маънояш «Кушода шав!» мебошад.
35Он мард зуд шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданд, забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зада метавонистагӣ шуд.
36Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд, вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, онҳо ҳамон қадар зиёдтар овозаҳо паҳн мекарданд.
37Мардум қоил шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Ҳар коре, ки мекунад, хуб аст. Ӯ ҳатто карҳоро шунаво мекунаду забони гунгҳоро мекушояд».