Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс

Марқӯс 12

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Баъд Исо ба мардум бо масалҳо гап заданро сар кард: «Марде токзоре бунёд карда, атрофи онро девор гирифт. Барои фишурдани ангур ҳавзчае тайёр карда, дидбонгоҳе сохт ва токзорро ба деҳқонон иҷора дода ба сафар баромад.
2Дар мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор хизматгорашро назди иҷоракорон фиристод, то ки ҳаққашро аз ҳосили боғ бигирад.
3Вале онҳо он хизматгорро гирифта заданду бо дасти холӣ баргардонданд.
4Соҳиби токзор хизматгори дигареро фиристод, вале онҳо ба сари вай зада, бо ӯ беномусона рафтор карданд.
5Баъд боз хизматгори дигареро фиристод, лекин ӯро куштанд. Бисёр хизматгорони дигареро ҳам, ки мефиристод, ё мезаданд, ё мекуштанд.
6Ҳамин тавр, дар хонаи соҳиби токзор ба ғайр аз писари азизаш каси дигаре намонд. Оқибат, „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро фиристод.
7Вале иҷоракорон ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва токзор аз они мо мешавад!“
8Сипас, ӯро дастгир карда куштанд ва ҷасадашро берун аз токзор партофтанд.
9Акнун соҳиби токзор чӣ кор мекунад? Мераваду он иҷоракоронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад.
10Оё шумо дар навиштаҷот нахондаед: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид.
11Ин кори Худованд аст ва ба назарамон аҷиб менамояд“».
12Азбаски роҳбарони халқ фаҳмиданд, ки Исо бо ин масал онҳоро мисол овардааст, хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли худ гузошта рафтанд.
13Дертар чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиён ба назди Исо фиристода шуданд, то ки Ӯро бо сухан ба дом афтонанд.
14Онҳо омада гуфтанд: «Устод, мо медонем, ки Шумо ростқавл ҳастед ва хушомадгӯи мардум нестед, чунки ба мавқею дараҷаи онҳо эътибор намедиҳед, балки роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. Ҳоло бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?
15Мо бояд онро супорем ё не?» Исо аз дурӯягии онҳо бохабар буда чунин гуфт: «Чаро мехоҳед Маро ба дом афтонед? Ба Ман динореро биёред, ки бубинам».
16Вақте динорро ба Ӯ доданд, пурсид: «Дар рӯи ин акс ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Императорро».
17Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Он чи аз они император аст, ба император бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо». Онҳо аз ҷавоби Исо дар ҳайрат монданд.
18Баъд баъзе аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба назди Исо омада пурсиданд:

19«Устод, Мӯсо дар шариат ба мо чунин навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.
20Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифт ва бефарзанд мурд.
21Баъд бародари дуюм ҳамсари ӯро ба занӣ гирифта, ӯ ҳам бефарзанд мурд. Бо бародари сеюм ҳам ҳамин тавр рӯй дод.
22Бо ҳамин сурат ҳамаи ҳафт бародарон бефарзанд вафот карданд. Баъд аз ҳама он зан ҳам аз дунё гузашт.
23Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
24Исо ҷавоб дод: «Хатои шумо дар он аст, ки на мазмуни навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро.
25Вақте ки мурдаҳо зинда мешаванд, дигар на зан мегиранд ва на шавҳар мекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд.
26Вале дар бораи зинда шудани мурдаҳо магар аз китоби Мӯсо дар бораи ҳодиса бо бутта нахондаед, ки чӣ тавр Худо ба Мӯсо гуфтааст: „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам“.
27Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Шумо хатои калон мекунед».
28Яке аз шариатдонон ба назди онҳо омада баҳсу мунозираашонро шунид. Вақте ӯ дид, ки Исо ба онҳо чӣ ҷавоби хубе дод, пурсид: «Аз тамоми фармоишҳои Худо кадомаш аз ҳама муҳимтар аст?»
29Исо ҷавоб дод: «Аввалин фармоиши муҳим ин аст: „Эй қавми Исроил, гӯш кунед! Худованд Худои мо Худованди яккаву ягона аст.
30Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷонатон, бо тамоми ақлу ҳушатон ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидоред“.
31Дуюмаш чунин мебошад: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумост, мисли худ дӯст бидоред“. Ҳеҷ фармоише аз ҳардуи ин бузургтаре нест».
32Шариатдон гуфт: «Устод, ҳақ ба ҷониби Шумост. Шумо бисёр хуб гуфтед, ки фақат як Худо вуҷуд дорад ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест.
33Инчунин, Худоро аз таҳти дил, бо тамоми ақлу ҳуш ва қуввати худ дӯст доштан ва шахси наздики худ бударо ҳам мисли худ дӯст доштан муҳимтар аз қурбон кардани ҷонвар ва дигар намудҳои қурбонӣ мебошад».
34Исо дид, ки шариатдон оқилона сухан меронад, бинобар ин ба ӯ гуфт: «Шумо ба подшоҳии Худо наздик ҳастед». Пас аз он дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Исо саволе диҳад.
35Вақте Исо дар Хонаи Худо ба мардум таълим медод, аз онҳо пурсид: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо аз насли Довуд аст?
36Дар ҳоле ки худи Довуд бо таъсири Рӯҳи Муқаддас чунин гуфта буд: „Худованд ба Худованди ман фармуд: «То вақте ки душманонатро зери поят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“.

37Худи Довуд Таъиншудаи Худоро „Худованд“ номид, пас чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?» Мардуми зиёде суханони Ӯро бо хушнудӣ гӯш мекарданд.
38Сипас Исо онҳоро таълим дода гуфт: «Аз шариатдонон эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд.
39Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд.
40Онҳо намоишкорона дуру дароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Онҳо ҷазои сахттар мебинанд».
41Баъд Исо рӯ ба рӯи сандуқи хайрия нишаста, ба сандуқ пул андохтани мардумро тамошо мекард. Баъзеҳо, ки бою бадавлат буданд, пули зиёде хайр мекарданд.
42Ҳамин вақт як бевазани бечора ҳам омада, ду тангаи хурди мисинро, ки арзиши кам дошт, ба сандуқ андохт.
43Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳамаи дигарон дида зиёдтар хайрот кард.
44Чунки онҳо аз зиёдатии бойигариашон хайрия карданд, вай бошад, ҳамаи он чизеро, ки дошт, тамоми ризқу рӯзиашро хайрия кард».