Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс

Марқӯс 16

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Вақте ки рӯзи истироҳат ба охир расид, Марями Маҷдалия, Марям, ки модари Ёқуб буд ва Салӯмит рафта, равғани хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд.
2Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр раҳсипор шуданд.
3Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ санги калонро аз даромади қабр барои мо мебардорад?»
4Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст.
5Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд.
6Вале ҷавон ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай аз нав зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед!
7Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши шумо ба Ҷалил меравад, то шуморо дар он ҷо бубинад, чунон ки ба шумо гуфта буд».
8Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз назди қабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дар ҳарос буданд.
9Исо субҳи рӯзи якшанбе аз нав зинда шуд ва аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт девро берун карда буд, худро зоҳир кард.
10Марям назди шогирдони гирёну мотамзада рафта ин хабарро гуфт.
11Вале онҳо суханони ӯро шунида, бовар накарданд, ки Исо зинда асту Марям Ӯро дидааст.
12Баъд Исо худро дар сурати дигар ба ду шогирдаш, ки ба деҳа мерафтанд, зоҳир кард.
13Онҳо баргашта, инро ба дигарон нақл намуданд, аммо ҳеҷ кас ба суханони онҳо бовар накард.
14Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш, дар вақти хӯрок хӯрданашон, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва якравиашон сарзаниш кард, зеро ба суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дида буданд, бовар накарданд.
15Баъд ба онҳо гуфт: «Ба тамоми дунё рафта, хушхабарро ба ҳама эълон бикунед!
16Касоне, ки имон биоваранд ва таъмид бигиранд, наҷот меёбанд, вале касоне, ки имон наоваранд, маҳкум мешаванд.
17Дар ҳаёти касоне, ки имон меоваранд, чунин аломатҳо пайдо мешаванд: онҳо бо номи Ман девҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд;
18онҳо морҳоро бо даст мегиранд ва агар заҳр хӯранд, зараре намебинанд; даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд».

19Вақте ки сӯҳбати Исои Худованд бо онҳо тамом шуд, Вай ба сӯи осмон бурда шуд ва аз тарафи рости Худо нишаст.
20Шогирдон рафта, хушхабарро дар ҳама ҷо эълон мекарданд. Худованд ҳам мададгори онҳо буд ва бо мӯъҷизаҳое, ки онҳо нишон медоданд, гуфтаҳояшонро тасдиқ мекард. Омин.