Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс

Марқӯс 2

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Пас аз чанд рӯз Исо ба шаҳри Кафарнаҳум баргашт ва овозаи дар хона буданаш зуд дар ҳама ҷо паҳн шуд.
2Хона ва беруни он чунон пуродам шуд, ки ҳатто ҷои сӯзан афтодан намонда буд. Исо ба онҳо каломи Худоро таълим медод.
3Ҳамин вақт боз одамоне омаданд, ки чор нафаре аз онҳо шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта назди Исо меоварданд.
4Вале аз бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавониста, боми хонаро аз болои сари Исо кушоданд ва дар он шикофе карда, шалро якҷоя бо ҷойгаҳаш поён фароварданд.
5Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Додар, гуноҳҳоят бахшида шуданд!»
6Баъзе аз шариатдононе, ки дар он ҷо нишаста буданд, аз дили худ чунин фикрҳо мегузаронданд:
7«Ӯ чаро чунин суханони кофирона мегӯяд! Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худо гуноҳи инсонро бахшида наметавонад».
8Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро чунин фикрҳо доред?
9Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё ки „бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард?“
10Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас ба шал нигариста гуфт:
11«Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав».
12Он мард аз ҷояш хеста, фавран ҷойгаҳашро ҷамъ карду дар пеши назари мардуми дарҳайратмонда равона шуд. Ҳама Худоро ситоиш карда, ба якдигар мегуфтанд: «То ҳол монанди ин чизе надида будем!»
13Исо боз ба соҳили кӯл рафт. Мардум дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд ва Ӯ онҳоро таълим дод.
14Ҳангоме Исо роҳашро давом дод Левии писари Ҳалфиро дид, ки ба ҷамъоварии андозу хироҷ машғул буд, ба ӯ гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». Левӣ бархест ва аз паси Ӯ равона шуд.
15Вақте ки Исо бо шогирдонаш дар хонаи Левӣ таом мехӯрд, бисёр андозгирон ва онҳое, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ дар сари он дастархон буданд, чунки бисёриҳо аз пайи Исо мерафтанд.
16Баъзе шариатдонон, ки фарисӣ буданд, Исоро бо «гунаҳкорону» андозгирон дар сари як дастархон дида, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯ бо андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон хӯрок мехӯрад?»
17Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям».
18Дар он айём ҳам пайравони Яҳё ва ҳам фарисиён рӯза гирифта буданд. Баъзе касон назди Исо омада пурсиданд: «Чаро пайравони Яҳё ва пайравони фарисиён рӯза мегиранду шогирдони Шумо намегиранд?»

19Исо ба онҳо гуфт: «Оё дӯстони домод дар ҷашни арӯсӣ, ки домод ҳанӯз ҳамроҳашон аст, рӯза мегиранд? То домод бо онҳост, онҳо рӯза гирифта наметавонанд?
20Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он рӯз онҳо низ рӯза мегиранд.
21Касе аз матои нав ба либоси кӯҳна ямоқ намекунад. Чун кунад ямоқи нав аз либоси кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам аёнтар мешавад.
22Инчунин касе шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезад, чун бирезад ҳангоми ба ҷӯш омадани шароб машк дарида, ҳам шароб мерезад ва ҳам худи машк аз кор мебарояд. Бинобар ин шароби навтайёршударо ба машки нав мерезанд».
23Як рӯзи истироҳат Исо ва шогирдонаш аз киштзори гандум мегузаштанд ва дар аснои роҳ шогирдон хӯшаҳои гандумро мечиданд.
24Баъзе аз фарисиён ба Исо гуфтанд: «Барои чӣ онҳо кори дар рӯзи истироҳат раво набударо мекунанд?»
25Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд ва эҳтиёҷ дошт, чӣ кор кард?
26Вақте ки Абётор сарвари рӯҳониён буд, Довуд ба хонае, ки ҳузури Худоро дошт, даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯи шариат фақат рӯҳониён ҳақ доштанд он нонро бихӯранд».
27Боз давом дод: «Рӯзи истироҳат барои инсон офарида шудааст, на инсон барои рӯзи истироҳат.
28Бинобар ин Фарзанди Инсон соҳиби ҳатто рӯзи истироҳат аст».