Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс

Марқӯс 13

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Вақте Исо аз Хонаи Худо мебаромад, яке аз шогирдонаш гуфт: «Устод, бинед, ин биноҳои Хонаи Худо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳои бузурге доранд!»
2Исо ҷавоб дод: «Шумо ҳоло ин биноҳои бузургро мебинед? Санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
3Вақте Исо дар болои теппаи Зайтун, рӯ ба рӯи Хонаи Худо менишаст, Петрус, Ёқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд:
4«Ба мо бигӯед, ки ҳамаи ин воқеаҳо кай рӯй медиҳанд ва иҷро шудани ҳамаи инро аз кадом нишона мефаҳмем?»
5Исо ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад.
6Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд.
7Вақте ки садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад.
8Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар бисёр ҷойҳо заминҷунбӣ рӯй дода, қаҳтию гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин монанди саршавии дарди зоидан аст.
9Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди қозӣ бурда, дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд ва ба сабаби Маро пайравӣ карданатон шумо дар назди ҳокимону подшоҳон истода шаҳодат хоҳед дод.
10Пеш аз ҳама хушхабар бояд ба тамоми халқиятҳо эълон карда шавад.
11Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ташвиш накашед, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чӣ ҳамон лаҳза ба дилатон андохта мешавад, бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳи Муқаддас ба воситаи шумо сухан меронад.
12Бародар бародари худро ба қатл мефиристад ва инчунин падар фарзандони худро. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд.
13Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
14Аммо вақте ки харобазори нафратангезеро дар ҷое мебинед, ки он набояд бошад (бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад), он гоҳ онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, бояд ба кӯҳистон гурезанд.
15Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе поён нафарояд ва ба хона надарояд.
16Агар касе дар саҳро бошад, барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад.
17Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт!
18Пас дуо кунед, ки ин ҳодиса ба зимистон рост наояд.

19Зеро дар он айём чунон мусибате рӯй медиҳад, ки аз замони дунёро офаридани Худо то ба ҳол чунин нашуда буд ва дигар ҳаргиз нахоҳад шуд.
20Агар Худованд он рӯзҳои мусибатро кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин ягон инсон зинда намемонд. Вале ба хотири интихобкардагонаш Худованд он рӯзҳоро кӯтоҳ кардааст.
21Агар ҳамон вақт касе ба шумо гӯяд, ки „Ана, Таъиншудаи Худо дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост“, ба суханонаш бовар накунед.
22Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд ва чунин мӯъҷизаҳову аҷоибот нишон медиҳанд, то ки агар шавад интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд.
23Инак, бохабар бошед. Ана Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
24Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо, офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад,
25ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.
26Он вақт мардум Фарзанди Инсонро мебинанд, ки болои абрҳо бо қудрату ҷалоли бузург меояд.
27Ӯ фариштаҳояшро мефиристад, то интихобкардагонашро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон гирд оваранд.
28Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд.
29Ҳамин тавр, вақте мебинед, ки ин ҳодисаҳо ба амал меоянд, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст.
30Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд.
31Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
32Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.
33Пас, ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.
34Ин монанди он аст, ки марде ба сафар рафта, барои ҳар як хизматгори худ вазифаи махсусе медиҳад ва ба дарвозабон мефармояд, ки посбонӣ кунад.
35Пас шумо низ ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон.
36Мабодо ӯ ногаҳон баргашта шуморо дар хоб наёбад.

37Он чӣ ба шумо мегӯям ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!»