1Исо бо шогирдонаш аз он ҷо баромада, ба шаҳри Носира, ки дар он ҷо ба воя расида буд, баргашт.
2Рӯзи истироҳат Ӯ дар ибодатхона ба таълим додани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯро мешуниданд, ба ҳайрат афтода, чунин мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ҳамаи ин чизҳоро дорад? Ин чӣ ҳикмате ба Ӯ дода шудааст? Чӣ хел мӯъҷизаҳои бузург бо дастони Ӯ иҷро шудаанд?
3Магар Ӯ ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям, бародаронаш Ёқуб, Юшо, Яҳудо ва Шимъӯн ҳастанд ва хоҳаронаш ҳам дар байни мо зиндагӣ мекунанд?» Пас Ӯро рад карданд.
4Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беифтихор намешавад, магар ин ки дар диёр, байни хешон ва хонадони худ қадр надорад».
5Бинобар ин Исо дар он шаҳр мӯъҷизаи бузурге нишон дода натавонист, танҳо ба чанд бемор даст расонда, онҳоро шифо дод.
6Ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат буд. Исо ба деҳоти атроф рафта, мардумро таълим медод.
7Вай дувоздаҳ вакилашро ба пешаш даъват кард ва ба онҳо қудрати ба рӯҳҳои нопок амр карданро дода, ҷуфт-ҷуфт ба ҳар тараф фиристод.
8Ӯ ба онҳо фармуд: «Ба ғайр аз асо ҳамроҳи худ чизе нагиред: на хӯрок, на борхалта, на ҳамёни пул ва на либоси иловагӣ. Танҳо пойафзоли оддӣ бипӯшед.
10Ба ҳар ҷое, ки расидед, то вақти рафтанатон фақат дар як хона бимонед ва онро иваз накунед.
11Агар дар он ҷо шуморо қабул накунанд ва ба суханони шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо биравед ва чанги он ҷойро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».
12Пас онҳо рафта, эълон мекарданд, ки ҳама бояд тавба карда ба Худованд рӯй оваранд.
13Онҳо девҳои зиёдеро берун карда, бисёр беморонро бо молидани равған шифо бахшиданд.
14Шоҳ Ҳиродус аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шӯҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда зинда шудааст ва барои ҳамин ҳам чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дар ҳаёташ амал мекунад.
15Баъзеи дигарон мегуфтанд, ки ин Илёс пайғамбар аст. Қисми дигари одамон мегуфтанд, ки Ӯ яке аз пайғамбарони давраҳои қадим аст.
16Аммо вақте Ҳиродус инро шунид, гуфт: «Ин Яҳё аст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ва ҳоло ӯ аз нав зинда шудааст».
17Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Ҳиродус ба занӣ Ҳиродияро, ки зани бародараш Филиппус буд, гирифт. Барои ҳамин Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Хонадоршавии шумо бо Ҳиродия, ки зани бародаратон аст, раво нест». Аз ин рӯ, Ҳиродус як даста одамонро барои дастгир кардани Яҳё фиристод. Онҳо ӯро дастгир карда, баста ба ҳабс андохтанд.
19Дар дили Ҳиродия зидди Яҳё кина пайдо шуд ва ӯ хост, ки Яҳёро бикушад, лекин ин корро карда наметавонист,
20чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид. Вай медонист, ки Яҳё марди худотарс ва муқаддас аст, барои ҳамин ҳам ӯро эҳтиёт мекард. Гарчанде суханони Яҳё ӯро нороҳат мекарданд, ба ҳар ҳол онҳоро гӯш кардан барояш маъқул буд.
21Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносибе фаро расид: Ҳиродус дар рӯзи таваллуди худ зиёфате ороста, ҳамаи мансабдорон, сарлашкарон ва мардуми баобрӯи сарзамини Ҷалилро даъват намуд.
22Вақте ки духтари Ҳиродия ба базм омада рақсид, ӯ Ҳиродус ва меҳмононашро мафтун кард. Аз ин рӯ, Ҳиродус ба вай гуфт: «Ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам».
23Подшоҳ Ҳиродус қасам хӯрда гуфт: «Ҳар чӣ ки пурсӣ медиҳам, то ҳатто нисфи мамлакатамро».
24Духтар рафта аз модараш маслиҳат пурсид, ки чӣ талаб кунад. Ҳиродия ҷавоб дод: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро талаб кун».
25Духтар базудӣ назди шоҳ омада гуфт: «Мехоҳам, ки худи ҳозир сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯи табақе ба ман ҳадя кунед».
26Шоҳ хеле ғамгин шуд, вале аз барои қасами хӯрдааш ва меҳмононаш хоҳиши духтарро рад кардан нахост.
27Бинобар ин шоҳ даррав ба ҷаллод фармуд, ки сари Яҳёро барояш гирифта биёрад. Ҷаллод ба ҳабсхона рафта, сари Яҳёро аз танаш ҷудо карду
28рӯи табақ гузошта ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш дод.
29Ҳангоме ки шогирдони Яҳё аз ин хабар ёфтанд, омада, ҷасади ӯро гирифтанду бурда гӯронданд.
30Вакилон ба назди Исо баргашта кори кардаашон ва ба мардум чизи таълим додаашонро нақл карданд.
31Азбаски рафтуомади мардум чунон зиёд буд, ки Исо ва вакилонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан надоштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Танҳо худатон биёед, ки ҷои хилвате биравем ва каме истироҳат кунед».
32Пас, ба қаиқ савор шуда, худашон танҳо ба ҷои хилвате рафтанд.
33Бисёр одамон рафтани онҳоро диданд ва онҳоро шинохта, аз ҳар қишлоқ пиёда аз пасашон шитофтанду пеш аз онҳо ба он маҳал омада расиданд.
34Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳолашон раҳмаш омад, зеро ки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон буданд ва ба онҳо таълим додани чизҳои зиёдеро сар кард.
35Бегоҳӣ шогирдон назди Исо омада гуфтанд: «Ин як ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд.
36Мардумро фиристед, ки ба деҳоту қишлоқҳои атроф рафта, барои худ хӯрдание харанд».
37Вале Исо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон пурсиданд: «Ба фикри шумо, мо бояд рафта ба дусад динор нон харида, ба онҳо диҳем?»
38Исо гуфт: «Рафта бинед, ки шумо чӣ қадар нон доред». Онҳо фаҳмида омада ба Ӯ гуфтанд: «Ҳамагӣ панҷ нону ду моҳӣ ҳаст».
39Он гоҳ Исо фармуд, ки шогирдонаш мардумро гурӯҳ-гурӯҳ рӯи сабза шинонанд.
40Одамон бо гурӯҳҳо панҷоҳ ва саднафарӣ нишастанд.
41Исо он панҷ нон ва ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, бо моҳӣ ба шогирдонаш дод, онҳо бошанд, ба мардум тақсим карданд.
42Ҳама то сер шудан хӯрданду
43шогирдон аз нонпора ва моҳиҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабадро пур карданд.
44Шумораи мардоне, ки нон хӯрданд, панҷ ҳазор нафар буд.
45Баъд аз он Исо зуд ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеш ба сӯи Байт-Сайдо раҳсипор шаванд, то худаш мардумро ҷавоб диҳад.
46Пас аз ҷавоб додани мардум Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад.
47Шомгоҳон қаиқ ба миёни кӯл расид, Исо бошад, дар соҳил танҳо монда буд.
48Вақте Исо дид, ки шогирдонаш бо азоб зидди боди мухолиф шино мекунанд, субҳидам рӯ-рӯи об қадамзанон ба тарафи онҳо равона шуд. Вай аз назди онҳо гузашта рафтанӣ буд,
49вале шогирдон дар рӯи об роҳ рафтани Ӯро дида, фикр карданд, ки ин арвоҳ аст ва аз тарс фарёд заданд.
50Азбаски ҳама Ӯро дида тарсиданд, Исо фавран ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед».
51Баъд ба қаиқ савор шуд ва ҳамон замон бод аз вазидан монд. Шогирдон бениҳоят ҳайрон монданд,
52чунки аз сабаби якравиашон ҳанӯз ҳодисаи зиёд шудани нонро нафаҳмиданд.
53Онҳо ба соҳили дигар расида, дар сарзамини Ҷинесор қарор гирифтанд.
54Ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд одамон Исоро шинохтанд.
55Онҳо зуд ба тамоми гирду атроф рафта, беморонро, ҳатто бо ҷойгаҳашон бардошта, ба ҳар ҷое, ки мешуниданд Исо буд, меоварданд.
56Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт.