1Саҳарии барвақт сардорони рӯҳонӣ, пирони қавм бо шариатдонон ва тамоми аъзоёни шӯро дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо Исоро баста, ба назди ҳокими румӣ Пилотус фиристоданд ва ба дасти ӯ супориданд.
2Пилотус аз Исо пурсид: «Оё Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳамон тавре ки худатон мегӯед».
3Сардорони рӯҳонӣ Исоро аз бисёр ҷиҳат айбдор мекарданд.
4Пилотус аз Ӯ пурсид: «Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Бубин, Туро чӣ қадар айбдор мекунанд».
5Вале Исо боз ҳам чизе нагуфт ва Пилотус дар ҳайрат монд.
6Аз рӯи одат Пилотус дар ҳар ҷашнгирии ин ид як нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озод менамуд.
7Дар он вақт Бараббос ном марде, ки бо шариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам кушта буд, дар ҳабс менишаст.
8Мардум хоҳиш карданд, ки Пилотус мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озод кунад.
9Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки Шоҳи Яҳудиёнро бароятон озод кунам?»
10Чун мефаҳмид, ки сардорони рӯҳонӣ Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.
11Вале сардорони рӯҳонӣ мардумро ба ошӯб оварданд, то ба ивази Исо озод кардани Бараббосро талаб кунанд.
12Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо он касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ кор кунам?»
13Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!»
14Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!»
15Пилотус танҳо барои қонеъ гардондани талаботи халқ Бараббосро барояшон озод карда, фармон дод, ки Исоро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
16Сарбозон Исоро ба ҳавлии дарбор бурда, аскарони зиёдро ҷамъ карданд.
17Баъд ба Исо ҷомаи бунафшранг пӯшонданд ва аз хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанд.
18Ба Ӯ таъзим карда фарёд мезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!»
19Онҳо бо чӯб ба сараш мезаданд, ба Ӯ туф мекарданд ва дар наздаш ба зону истода, ба Ӯ саҷда менамуданд.
20Вақте ки онҳо масхара додани Ӯро бас карданд, ҷомаи бунафшрангро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд ва барои ба салиб мехкӯб кардан Ӯро аз он ҷо берун бурданд.
21Дар роҳ онҳо бо як роҳгузари қуриние вохӯрданд, ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шимъӯн ном дошт ва падари Искандару Руфис буд. Сарбозон ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад.
22Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт.
23Сарбозон ба Ӯ майи бо мӯр омехтаро доданд, вале Ӯ онро қабул накард.
24Он гоҳ Исоро ба рӯи салиб мехкӯб карданду либосашро байни худ тақсим карданӣ шуда, бо партофтани қуръа соҳибшавандаи онро муайян карданд.
25Соати нӯҳи саҳар буд, ки Ӯро рӯи салиб мехкӯб карданд.
26Дар лавҳаи айбнома бар зидди Исо навиштанд: «Шоҳи Яҳудиён».
27Ҳамроҳи Исо боз ду дуздро аз тарафи чапу росташ ба салибҳои дигар мехкӯб карданд.
29Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда Исоро мазоқ карда мегуфтанд: «Ту-ку мехостӣ Хонаи Худоро вайрон карда, дар муддати се рӯз онро аз нав созӣ,
30пас, ҳоло аз салиб поён фаромада, худатро наҷот деҳ?»
31Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон низ Ӯро масхаракунон ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад.
32Бигузор Таъиншудаи Худо, ки Шоҳи Яҳудиён аст, акнун аз салиб поён фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро таҳқир мекарданд.
33Нисфирӯзӣ ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифт ва он то соати се давом кард.
34Дар соати се Исо бо садои баланд фарёд зад: «Элла! Элла! Лама сабақтанӣ?», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?»
35Баъзе аз ҳозирон инро шунида, гуфтанд, ки Исо Илёс пайғамбарро садо мекунад.
36Сипас як нафар давида латтаеро ба сирко тар кард ва ба сари як чӯб гузошту барои нӯшидан ба Исо дароз кард ва гуфт: «Истед, бинем-чи, оё Илёс омада, Ӯро аз салиб гирифта поён мефарорад ё не?!»
37Баъд Исо нолаи баланде карда ҷон дод.
38Худи ҳамин вақт пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд.
39Вақте сардори лашкари румии дар рӯ ба рӯи салибистода дид, ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард Писари Худо буд!»
40Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Ёқуби хурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд.
41Онҳо дар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷаш кӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд.
42Шом шуд ва мардум ба рӯзи истироҳат тайёрӣ медиданд.
43Юсуф ном шахс аз шаҳри Аромот, ки аъзои обрӯманди шӯро буд ва омадани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат ба назди Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард.
44Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар ин сардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оё Исо аллакай мурдааст.
45Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид.
46Юсуф суфи сафед харид ва ҷасадро аз салиб поён фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре канда шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард.
47Марями Маҷдалия ва Марям, модари Юшо диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд.