1Бори дигар Исо ба ибодатхона рафт ва дар он ҷо марди дасташ хушкшудае буд.
2Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи истироҳат шифо мебахшад ё не. Агар шифо бахшад, Ӯро айбдор кунанд.
3Исо ба он марди дасташ хушкшудае гуфт, ки дар назди ҳама рост истад.
4Сипас ба тарафи онҳо нигоҳ карда гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи истироҳат чӣ равост: некӣ ё бадӣ кардан; наҷот додани ҷон ё нобуд кардани он?» Аммо онҳо хомӯш буданд.
5Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз якравиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд.
6Фарисиён аз ибодатхона баромада, зуд бо аъзоёни ҳизби ҳиродиён муҳокима карда, нақшаи куштани Исоро кашиданд.
7Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи кӯл равона шуд, мардуми бисёре аз сарзамини Ҷалилу Яҳудия,
8аз шаҳри Ерусалим, инчунин аз сарзамини Адӯму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, ба гирди Ӯ ҷамъ меомаданд.
9Аз сабаби бисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, ки барояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон Ӯро пахш накунанд.
10Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро пахш мекарданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд.
11Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!»
12Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки Ӯро маълум накунонанд.
13Сипас Исо ба баландие баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо омаданд.
14Баъд аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро вакил таъин намуд, ки доимо бо Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои ба мардум эълон кардани хушхабари Худо фиристад
15ва онҳо қудрати берун кардани девҳоро дошта бошанд.
16Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус меномид,
17Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид,
18Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто, Тумо, Ёқуб, ки писари Ҳалфӣ буд, Таддо, Шимъӯни Ватандӯст
19ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад. Баъд Исо ба хона рафт.
20Мардуми зиёде боз ҷамъ омадаанд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан наёфтанд.
21Бо шунидани ин хабар аҳли оилаи Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро одамон мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст.
22Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад».
23Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад?
24Давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад.
25Хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст, устувор намемонад.
26Агар шайтон бар зидди худаш биҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устувор намемонад, балки нобуд мешавад.
27Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр зада даромада, молу мулкашро гирифта барад, то аввал дасту пои шахси пурзӯрро набандад, ана баъд хонаашро ғорат карда метавонад.
28Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, ки инсон мекунад ва ҳар сухани кофиронае, ки мегӯяд, бахшида мешавад.
29Вале агар касе бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона гӯяд, ҳаргиз бахшида намешавад ва ин гуноҳаш то абад хоҳад монд».
30Ин суханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дар борааш «Ӯ дар худ рӯҳи нопок дорад» мегуфтанд.
31Он гоҳ модар ва бародарони Исо омада, дар берун истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад.
32Исо дар байни мардум нишаста буд, ки онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронатон дар берун истодаанд ва Шуморо мепурсанд».
33Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд? —
34ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод, — Ана, инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд.
35Ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо орад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».