Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс

Марқӯс 14

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1То иди Балогардон ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон роҳи бо ҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд.
2Онҳо мегуфтанд: «Дар рӯзҳои ид ин корро кардан мумкин нест. Шояд одамон шӯриш мебардоранд».
3Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном махав меҳмон шуда буд. Дар вақти таомхӯрӣ зане омад ва як кӯзачаи сангини гаронбаҳоро пур аз атри қиматбаҳо оварда, онро шикасту ба сари Исо рехт.
4Баъзеҳо аз ин кори зан ба ғазаб омада, ба якдигар гуфтанд: «Чаро ӯ ин атри пурқиматро исроф кард?
5Ин атрро ба маблағи зиёда аз сесад динор фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд». Ва занро сахт сарзаниш мекарданд.
6Вале Исо гуфт: «Ӯро ба ҳолаш гузоред, чаро ӯро ташвиш медиҳед? Вай бароям кори калон кард.
7Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд ва ҳар вақт, ки хоҳед, шумо метавонед ба онҳо ёрӣ кунед, вале Ман бо шумо ҳамеша намемонам.
8Ин зан ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Ӯ атрро ба баданам рехт, то онро барои гӯронидан тайёр намояд.
9Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаи ин занро барои ба ёд овардани ӯ нақл хоҳанд кард».
10Он гоҳ яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо, ки номаш Яҳудои Исқарют буд, ба назди сардорони рӯҳонӣ рафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад.
11Онҳо аз шунидани ин хеле хушҳол шуда, ба ӯ пул ваъда карданд. Пас, Яҳудо фурсати қулай меҷуст, то ки Исоро ба дасти онҳо бисупорад.
12Рӯзи аввали иди Фатир, ки мардум барраи балогардонро қурбонӣ мекарданд, шогирдон аз Исо пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки мо рафта бароятон дастархони иди Балогардонро тайёр намоем?»
13Исо ду нафар шогирдашро фиристода гуфт: «Ба шаҳр равед ва мардеро мебинед, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ биравед.
14Ба ҳамон хонае, ки он мард медарояд, шумо ҳам дароед ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод мепурсад, ки куҷост меҳмонхонаи ӯ, ки дар он ҳамроҳи шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонад?“
15Вай ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ғундошта ба тартиб оварда шудааст ва шумо дар ҳамон ҷо бароямон дастархон тайёр кунед».
16Пас шогирдон ба шаҳр рафтанду ҳамон тавре, ки Исо гуфта буд, шуд ва онҳо хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд.
17Бегоҳирӯзӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш омад.
18Вақте ки дар гирди дастархон нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, яке аз шумо, ки ҳоло бо Ман хӯрок хӯрда истодааст, ба Ман хиёнат мекунад».

19Онҳо хеле ғамгин шуда, пайдарҳам ба пурсидан даромаданд: «Мабодо ин ман набошам?»
20Исо ҷавоб дод: «Ин корро яке аз дувоздаҳ нафари шумо мекунад, ки луқмаи нонашро бо Ман дар як коса тар карда истодааст.
21Бо Фарзанди Инсон он чӣ дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, рӯй медиҳад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Фарзанди Инсон хиёнат мекунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд».
22Ҳангоме ки онҳо мехӯрданд Исо нонро ба даст гирифта, шукри Худоро карду онро пора карда ба онҳо тақсим намуду гуфт: «Бигиред, ки ин бадани Ман аст».
23Пас косаро гирифта, шукри Худоро карду онро ба шогирдонаш дод ва ҳамаи онҳо аз он нӯшиданд.
24Исо ба онҳо гуфт: «Ин хуни Ман аст, ки барои тасдиқ кардани аҳди Худо ба хотири одамони зиёде рехта мешавад.
25Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки акнун Ман аз меваи нави токи ангур фақат дар подшоҳии Худо хоҳам нӯшид, лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».
26Баъд онҳо Худоро ҳамду саногӯён ба теппаи Зайтун равона шуданд.
27Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Ҳамаи шумо пайравӣ кардани Маро бас мекунед, чунки дар навиштаҷот пешгӯйии Худо омадааст: „Чӯпонро мекушам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд“.
28Аммо, вақте ки аз нав зинда мешавам, пешопеши шумо ба вилояти Ҷалил меравам».
29Петрус гуфт: «Ҳарчанд ки ҳама пайравӣ кардани Шуморо бас кунанд ҳам, ман ин корро намекунам».
30Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, имрӯз, худи ҳамин шаб, ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
31Вале Петрус бо қатъият гуфт: «Ҳатто агар ҳамроҳи Шумо ҷон додан лозим ояд, ҳаргиз Шуморо инкор намекунам». Дигарон низ чунин гуфтанд.
32Онҳо ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсамон ном дошт ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Шумо дар ин ҷо бошед, Ман рафта дуо мекунам».
33Ӯ бо худ Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро бурд. Ғаму аламаш сахт шиддат меёфт ва
34Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду бедор бошед».
35Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва худро рӯи замин партофта дуо кард, ки агар шавад он вақти азоб ба сараш наояд.
36Сипас гуфт: «Эй Падарҷон, бароят ҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо на хости Ман, хости Ту шавад».

37Баъд баргашта дид, ки шогирдонаш хобидаанд. Ӯ ба Петрус гуфт: «Шимъӯн, ту хобидаӣ? Магар як соат бедор истода натавонистӣ?
38Бедор бимонед ва дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳатон ба ин тайёр аст, аммо табиати инсониатон нотавон».
39Пас, боз рафта бо ҳамон суханони пештарааш дуо кард.
40Бори дигар баргашта омаду онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо сахт хоболуд буданд ва намедонистанд, ки ба Исо чӣ ҷавоб диҳанд.
41Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта дам мегиред? Бас, акнун соати он расидааст, ки Фарзанди Инсон ба дасти гунаҳкорон таслим карда мешавад.
42Биёед, бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, ана таслимкунандаи Ман ҳам наздик омад».
43Якбора, ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдаш расида омад ва ҳамроҳаш як тӯда одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷониби сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм буданд.
44Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Бидонед, касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назорат гирифта баред».
45Яҳудо дарҳол ба Исо наздик шуду «Устод!» гуфта, Ӯро бӯсид.
46Пас онҳо Исоро дастгир карданд.
47Ҳамон замон як нафар аз ҳозирон шамшерро аз ғилоф кашиду ба сӯи ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла карда, гӯши вайро бурида партофт.
48Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо чӯбу шамшерҳо омадаед?
49Ман ҳар рӯз бо шумо дар Хонаи Худо будам ва таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Вале, бигзор гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд».
50Ҳамон вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо гузошта гурехтанд.
51Як ҷавоне аз паси Исо рафт, ки дар танаш ҳеҷ чиз надошту фақат бо матои катонӣ худро печонда буд. Вақте сарбозон Ӯро дастгир карданд,
52вай халос хӯрду матои катонӣ дар дасти онҳо монд, худаш тани бараҳна гурехт.
53Исоро ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Ҳамаи сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм дар он ҷо ҷамъ шуданд.
54Петрус ҳам, ки дуртар аз паси онҳо меомад, ба ҳавлии сарвари рӯҳониён даромада, дар назди хизматгорон нишаст, то ки дар оташи гулхан гарм шавад.

55Сардорони рӯҳонӣ ва ҳамаи аъзоёни шӯро кӯшиш мекарданд, ки бар зидди Исо далеле ба даст оварда, Ӯро ба қатл расонанд, вале ҳеҷ далеле пайдо накарданд.
56Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад.
57Баъзеҳо аз ҷо бархеста, ба Исо чунин тӯҳматҳо карданд:
58«Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин Хонаи Худоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигаре бе кӯмаки инсон месозам“».
59Вале шаҳодати онҳо бар хилофи якдигар буд.
60Он вақт сарвари рӯҳониён дар ҳузури ҳама бархеста, аз Исо пурсид: «Ин чӣ айбномаҳое, ки бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд? Чаро Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ?»
61Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Сарвари рӯҳониён боз пурсид: «Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?»
62Исо гуфт: «Ҳастам ва рӯзе Фарзанди Инсонро мебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудрат нишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд».
63Он гоҳ сарвари рӯҳониён либосашро дарронда гуфт: «Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест!
64Худатон шунидед, ки Ӯ суханони кофирона гуфт. Ба чӣ қарор меоед?» Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд.
65Баъд баъзеҳо ба туф кардан ба Исо даромаданд. Онҳо чашмони Ӯро баста, ба рӯяш торсакӣ зада мепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, бигӯй, ки Туро кӣ зад?» ва сарбозон ҳам Ӯро бурда заданд.
66Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди гулхан нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони сарвари рӯҳониён ӯро дид ва ба ӯ бо диққат нигоҳ карда гуфт: «Ту ҳам ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!»
68Петрус инро инкор карду «Намедонам ва намефаҳмам, ки чӣ мегӯӣ» гуфта, ба тарафи дигари ҳавлӣ гузашт.
69Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба ҳозирбудагон гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!»
70Петрус инро боз инкор кард. Дертар ҳозирбудагон ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!»
71Петрус бошад, ба сараш лаънатҳо хонда, қасам хӯрда гуфт: «Ин одамеро, ки дар борааш мегӯед, намешиносам».
72Худи ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад.