Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс

Марқӯс 1

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Хушхабар дар бораи Исои Масеҳ, ки Писари Худо аст, чунин сар мешавад:
2Дар китоби Ишаъё пайғамбар суханони Худо омадаанд: «Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, то ба омаданат роҳ тайёр кунад.
3Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!“».
4Ин шахс Яҳё пайғамбар буд, ки ба биёбон омада, ба эълон кардан даромад, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд.
5Аҳолии шаҳри Ерусалим ва мардуми тамоми сарзамини Яҳудия пеши Яҳё ба биёбон меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод.
6Яҳё либосе аз пашми шутур ва камарбанди чармӣ дошт. Хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд.
7Ӯ ба мардум эълон карда мегуфт: «Аз паси ман як нафаре меояд, ки аз ман тавонотар аст. Вай он қадар тавоност, ки ман ҳатто сазовори хам шуда кушодани банди пойафзоли Ӯ нестам.
8Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад».
9Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил буд, ба назди Яҳё рафт ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод.
10Вақти аз об баромадан Исо дид, ки осмон кушода шуд ва Рӯҳи Муқаддас ба сурати кабӯтаре поён фаромада, дар болои Вай қарор гирифт.
11Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам».
12Рӯҳи Муқаддас фавран Исоро ба биёбон равона кунонд.
13Ӯ дар он ҷо чил рӯз монд ва иблис Ӯро меозмуд. Дар биёбон Исо дар байни ҳайвоноти ваҳшӣ буд ва фариштагон ба Ӯ хизмат мекарданд.
14Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба сарзамини Ҷалил омад, то ки хушхабари Худоро ба мардум эълон бикунад.
15Ӯ мегуфт: «Вақт фаро расид ва подшоҳии Худо наздик аст. Тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст кашед ва ба ин хушхабар имон оваред».
16Рӯзе Исо аз назди кӯли Ҷалил мегузашт, ки ба об тӯр андохта истодани Шимъӯн ва бародари ӯ Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд.
17Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам».
18Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд.

19Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд.
20Дарҳол онҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бо мардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд.
21Сипас онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи истироҳат, ба ибодатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд.
22Мардум аз таълими Ӯ қоил монданд, чунки Ӯ бо қудрат таълим медод, ки шариатдонон ин тавр набуданд.
23Айнан ҳамон вақт марде гирифтори рӯҳи нопок, ки дар ибодатхона буд, фарёд зад:
24«Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!»
25Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд.
26Рӯҳи нопок ӯро ба замин афтонда, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд.
27Ҳама дар ҳайрат монданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чист? Ин як таълимоти навест! Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок чунон боқудратона амр медиҳад, ки онҳо ба Вай итоат мекунанд?»
28Овозаи Исо зуд дар тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил паҳн шуд.
29Ҳамин ки Исо аз ибодатхона баромад бо ҳамроҳии Ёқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯну Андриёс рафт.
30Вақте ба он ҷо расиданд, ба Исо зуд хабар доданд, ки хушдомани Шимъӯн таб карда, дар бистар хобидааст.
31Вай назди бемор омад ва аз дасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби бемор паст шуд ва ӯ машғули меҳмоннавозӣ гардид.
32Ҳамон бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб мардум ҳамаи беморону девонагонро ба назди Исо оварданд.
33Тамоми аҳолии шаҳр ҳам назди дари хонаи онҳо ҷамъ омаданд.
34Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ва нагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд.
35Саҳарии барвақт, ҳанӯз субҳ надамида, Исо бархесту ба ҷои хилвате рафта, дуо кард.
36Шимъӯн ва ҳамроҳонаш бошанд, ба ҷустуҷӯи Исо баромаданд.

37Ӯро ёфта, ба Вай гуфтанд: «Ҳама Шуморо ҷустуҷӯ мекунанд».
38Вале Исо гуфт: «Биёед, ба шаҳру деҳоти гирду атроф низ биравем, то ки Ман ба мардуми он ҷо ҳам хушхабарро эълон намоям, чунки барои иҷрои ҳамин кор Ман омадаам».
39Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил сафар карда, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва девҳоро аз одамон берун мекард.
40Рӯзе ба назди Исо марди махав омад. Вай ба зону нишаста зорӣ карда гуфт: «Агар хоҳед, метавонед маро пок созед».
41Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт ва дасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам! Пок шав!»
42Фавран касалии мард нест шуда, баданаш пок гашт.
43Исо ӯро зуд ҷавоб дода таъкидкунон
44гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба онҳо шаҳодате гардад».
45Вале он мард берун баромада ошкоро ин хабари хушро паҳн мекард. Барои ҳамин Исо дигар озодона ба шаҳр даромада натавонист, балки дар саҳро монд. Бо вуҷуди ин, мардум аз ҳама ҷо ба назди Ӯ меомаданд.