Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 4

Луқо 4:9-32

Help us?
Click on verse(s) to share them!
9Баъд иблис Ӯро ба Ерусалим бурд ва ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошта гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо ба поён парто.
10Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони худ фармон медиҳад, ки Туро муҳофизат кунанд
11ва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“».
12Исо ҷавоб дод: «Не, ҳамчунин гуфта шудааст, ки набояд Худованд Худои худро бисанҷем».
13Баъд аз ин иблис васвасаҳои худро бас кард ва то пайдо шудани лаҳзаи мувофиқ аз Исо дур шуд.
14Исо бо қудрати Рӯҳи Муқаддас ба Ҷалил баргашт ва ин хабар дар сар то сари он ноҳия паҳн шуд.
15Ӯ дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва ҳама Исоро ситоиш мекарданд.
16Ҳамин тавр Ӯ ба шаҳри Носира омад, ки дар он ҷо ба воя расида буд. Вай дар рӯзи истироҳат аз рӯи одат ба ибодатхона даромада, барои бо овози баланд хондани навиштаҷот аз ҷояш бархест.
17Ба Ӯ китоби Ишаъё пайғамбарро доданд ва Исо онро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:
18«Рӯҳи Худованд дар Ман аст, зеро Ӯ Маро таъин намудааст, ки ба бенавоён хушхабарро бирасонам. Ӯ Маро фиристодааст, то озодии асирон, бино шудани кӯрон ва раҳоии ситамдидагону
19соли файзбахши Худовандро эълон намоям».
20Баъд Вай китобро пӯшида, ба ходим дод ва ба ҷои худ нишаст. Дар ибодатхона ҳама бо диққат ба Ӯ нигоҳ мекарданд
21ва Ӯ ба сухан оғоз намуд: «Он навиштаҳоеро, ки ҳоло шунидед, имрӯз амалӣ гаштанд».
22Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?»
23Ӯ ба онҳо гуфт: «Медонам, ки дар бораи Ман чунин масалро хоҳед гуфт: „Эй табиб! Худатро шифо деҳ ва дар ватани худ низ мӯъҷизаҳоеро бикун, ки шунидаем дар шаҳри Кафарнаҳум кардаӣ“».
24Баъд суханашро давом дод: «Ба ростӣ мегӯям, ки ягон пайғамбар дар диёраш қадр надорад.
25Ҳақиқатан ҳам, дар замони Илёс пайғамбар, вақте ки дар муддати севу ним сол борон наборид ва дар рӯи замин гуруснагии сахте ба вуҷуд омад, дар Исроил бевазанони бисёре буданд,
26вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд. Ӯ танҳо ба назди як бевазане фиристода шуд, ки дар Сорфато ном шаҳри Сидун зиндагӣ мекард.
27Дар замони Элишои пайғамбар ҳам дар Исроил махавиёни зиёде буданд, вале ба ғайр аз Наамони суриёнӣ ҳеҷ кадоме аз онҳо шифо наёфтанд».
28Онҳое, ки дар ибодатхона буданд, аз шунидани чунин суханҳо ба ғазаб омаданд.
29Баъд аз ҷояшон бархеста, Исоро аз шаҳр берун карда, ба болои теппае бурданд, ки шаҳр он ҷо сохта шуда буд ва хостанд аз лаби ҷарӣ Ӯро партоянд.
30Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, бо роҳи худ равона шуд.
31Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи истироҳат мардумро таълим медод.
32Одамон аз таълимоти Ӯ қоил мемонданд, чунки суханонаш боқудрат буданд.

Read Луқо 4Луқо 4
Compare Луқо 4:9-32Луқо 4:9-32