Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 15

Луқо 15:1-23

Help us?
Click on verse(s) to share them!
1Бисёр андозгирон ва дигар касоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, барои шунидани суханони Исо ба наздаш меомаданд.
2Вале фарисиён ва шариатдонон норозигии худро баён карда, мегуфтанд: «Ин мард гунаҳкоронро қабул мекунад ва ҳамроҳашон хӯрок мехӯрад».
3Бинобар ин Исо ба онҳо чунин масалро гуфт:
4«Фарз мекунем, ки нафаре аз шумо сад сар гӯсфанд дораду якеашро гум мекунад. Магар наваду нӯҳтоашро дар чарогоҳ гузошта, то ёфтани он гӯсфанди гумшуда аз пайи вай намеравад?
5Ва чун ёбад, бо хурсандӣ онро болои кифтонаш бардошта
6ба хонааш меояд ва дӯстону ҳамсояҳояшро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед. Ман гӯсфанди гумшудаамро ёфтам“.
7Ба шумо мегӯям, дар осмон барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, хурсандии зиёдтаре мешавад, назар ба он наваду нӯҳ накӯкоре, ки ба тавба ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд.
8Фарз мекунем, ки зане даҳ тангаи нуқра дораду якеашро гум мекунад. Магар вай чароғро даргиронда, хонаро рӯфта, бодиққат намекобад, то онро пайдо бикунад?
9Ва чун ёбад, дугонаҳову ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед, чун тангаи гумкардаамро ёфтам“.
10Ба шумо мегӯям, фариштагони Худо ҳам барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, айнан ҳамин тавр хурсандӣ мекунанд».
11Боз гуфт: «Марде ду писар дошт.
12Писари хурдӣ ба падараш гуфт: „Он қисми молу мулкеро, ки насиби ман аст, ба ман бидеҳ“ ва падар ҳама чизеро, ки дошт, ба ҳарду писараш тақсим кард.
13Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ чизу чораашро ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт. Дар он ҷо ӯ тамоми бойигариашро беҳуда ба айшу ишрат сарф кард.
14Баъд аз он ки ҳамаи бойигариашро барбод дод, дар он сарзамин қаҳтии сахте ба амал омад ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд.
15Сипас рафта хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд ва он мард ӯро ба замини худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад.
16Азбаски ба ӯ чизи хӯрданӣ намедоданд, вай тайёр буд, шикамашро бо еме, ки хукҳо мехӯрданд, пур кунад.
17Оқибат вай ба худ омада гуфт: „Падарам хизматгорони бисёре дорад ва ҳамаи онҳо нони фаровон ва ҳатто зиёдатӣ доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам!
18Рафта ба назди падарам бармегардаму ба вай мегӯям: «Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам
19ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам. Маро ҳамчун яке аз хизматгоронатон қабул кунед»“.
20Пас ӯ хеста ба хонаи падараш равона шуд. Вай ҳанӯз хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, ба ҳоли писараш раҳмаш омад ва давида рафту фарзандашро ба оғӯшаш кашида, бӯса кард.
21Писар ба вай гуфт: „Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам“.
22Аммо падар ба хизматгоронаш гуфт: „Зудтар ҷомаи беҳтаринро оварда, ба ӯ пӯшонед. Ба дасташ ангуштарин ва ба пойҳояш пойафзол пӯшонед.
23Гӯсолаи боникардаро биёреду сар бибуред; мехӯрему хурсандӣ мекунем!

Read Луқо 15Луқо 15
Compare Луқо 15:1-23Луқо 15:1-23