Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 22

Луқо 22:35-64

Help us?
Click on verse(s) to share them!
35Исо аз шогирдон пурсид: «Вақте ки Ман шуморо бе пул, бе борхалта ва бе пойафзол фиристода будам, магар ба чизе мӯҳтоҷ шуда будед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Ба ҳеҷ чиз».
36Ӯ гуфт: «Вале акнун, бигзор он касе, ки пул дорад, пулу борхалтаашро бо худ бигирад. Агар шамшер надошта бошад, бигзор ҷомаашро фурӯхта, онро бихарад.
37Ба шумо мегӯям, дар навиштаҷот гуфта шудааст: „Ӯро ба қатори ҷинояткорон дароварданд“. Ин гуфтаҳо дар Ман бояд иҷро шаванд ва дар ҳақиқат ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи Ман навишта шудааст, иҷро шуда истодааст».
38Онҳо гуфтанд: «Худовандо! Ана дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Вай ҷавоб дод: «Кифоя аст!»
39Исо аз хона баромада, чун ҳарвақта ба теппаи Зайтун равона шуд. Шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд.
40Ба он ҷо расида, Исо ба онҳо гуфт: «Дуо кунед, то ки ба васваса наафтед».
41Худаш бошад, ба масофаи партофтани санге аз онҳо дур шуд ва ба зону истода дуо кард:
42«Эй Падар! Илтимос мекунам, ин косаи азобро аз Ман дур кун. Вале бигзор на хости Ман, балки хости Ту ба амал ояд!»
43Аз осмон фариштае зоҳир шуд ва ба Ӯ қувват бахшид.
44Исо аз дарду сӯзиши зиёд бо ҷидду ҷаҳди бештаре дуо мекард ва арақ аз Ӯ мисли қатраҳои хун ба замин мечакид.
45Баъд аз дуо Исо бархеста, ба назди шогирдон рафт ва дид, ки онҳо аз ғаму ғусса бемадор шуда хобидаанд.
46Пас, ба онҳо гуфт: «Чаро хоб рафтаед? Бархеста дуо кунед, то ки ба васваса наафтед».
47Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, мардуми бисёре пайдо шуданд ва пешопеши онҳо касе меомад, ки Яҳудо ном дошту яке аз он дувоздаҳ шогирд буд. Вай ба Исо наздик шуд, то ки Ӯро бибӯсад.
48Исо ба вай гуфт: «Яҳудо, магар бо ин бӯсаат Фарзанди Инсонро таслим мекунӣ?»
49Пас шогирдоне, ки дар гирди Исо истода буданд, аз оқибати кор пай бурда гуфтанд: «Худовандо! Шояд шамшерҳоро ба кор барем?»
50Ва яке аз онҳо ба ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла оварду гӯши росташро бурида партофт.
51«Бас кунед, бас!» — гуфт Исо ва ба гӯши ғулом даст расонда, ӯро шифо дод.
52Баъд ба сардорони рӯҳонӣ, саркорони посбонии Хонаи Худо ва пирони қавм, ки барои дастгир намудани Ӯ омада буданд, гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки бо таёқу шамшерҳо омадаед?
53Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар Хонаи Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Ҳоло бошад, даври шумо, яъне вақти ҳукмронии зулмот фаро расидааст».
54Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Петрус каме дуртар аз онҳо роҳ мерафт.
55Дар мобайни ҳавлӣ гулхан даргиронданд ва одамон якҷоя нишастанд. Петрус ҳам бо онҳо нишаст.
56Яке аз канизакон дид, ки вай дар равшании оташ нишастааст, бодиққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ин одам ҳам бо Исо буд!»
57Вале Петрус инкор карда гуфт: «Эй хоҳар! Ман Ӯро намешиносам».
58Баъд аз чанд муддат як одами дигар вайро дида гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». «Не охир, ака!» — гуфт Петрус.
59Тахминан як соат гузашту боз як нафар бо боварии комил гуфт: «Аниқ ин кас ҳам бо Исо буд, чунки ӯ ҷалилӣ аст».
60«Гӯш кун, ман намедонам, ту дар чӣ хусус гап мезанӣ», — гуфт Петрус. Вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад.
61Худованд ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва Петрус суханони Худовандро ба ёдаш овард, ки гуфта буд: «Худи ҳамин рӯз, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
62Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.
63Одамоне, ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро таҳқир намуда мезаданд.
64Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Ҳой пайғамбар! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?»

Read Луқо 22Луқо 22
Compare Луқо 22:35-64Луқо 22:35-64