Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 1

Луқо 1:40-54

Help us?
Click on verse(s) to share them!
40Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закарё даромада, бо Элисобат салом кард.
41Саломи Марямро шунидан замон тифл дар шиками Элисобат ба ҷунбиш омад ва Элисобат аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда,
42бо овози баланд хитоб намуд: «Ту пурфайзтарин зани дунё ҳастӣ ва хушбахт аст он кӯдаке, ки дар шикам дорӣ!
43Ман кӣ ҳастам, ки модари Худовандам ба диданам омадааст?
44Нигоҳ кун! Ҳамин ки саломи ту ба гӯшам расид, аз шодӣ бача дар шикамам ба ҷунбиш омад.
45Хушбахт ҳастӣ ту, ки ба иҷро шудани гуфтаҳои Худованд бовар кардӣ».
46Марям гуфт: «Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад
47ва рӯҳам аз Худои Наҷотдиҳандаам шод аст,
48чунки Худо ба ман барин бандаи хокиаш назар андохтааст. Баъд аз ин ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд,
49зеро Худои Пурқудрат, ки номаш муқаддас аст, бароям корҳои бузурге кардааст.
50Вай насл ба насли касоне, ки худотарс ҳастанд, марҳамати худро нишон медиҳад.
51Ӯ бо дасташ корҳои боқудрат нишон дод ва онҳоеро, ки дилашон мағрур буд, ба ҳар сӯ парешон сохт.
52Ҳокимонро аз тахтҳояшон ба зер афканд, вале одамони хоксорро сарбаланд кард;
53гуруснагонро аз нозу неъматҳояш сер намуда, сарватмандонро аз пешаш бо дасти холӣ фиристод;
54ба хотири марҳаматаш, ҳамон тавре ки ба аҷдодони мо, яъне ба Иброҳим ва авлоди ӯ то ба абад ваъда дода буд, ба бандаи худ Исроил ёрӣ расонд».

Read Луқо 1Луқо 1
Compare Луқо 1:40-54Луқо 1:40-54