Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 1

Луқо 1:49-72

Help us?
Click on verse(s) to share them!
49зеро Худои Пурқудрат, ки номаш муқаддас аст, бароям корҳои бузурге кардааст.
50Вай насл ба насли касоне, ки худотарс ҳастанд, марҳамати худро нишон медиҳад.
51Ӯ бо дасташ корҳои боқудрат нишон дод ва онҳоеро, ки дилашон мағрур буд, ба ҳар сӯ парешон сохт.
52Ҳокимонро аз тахтҳояшон ба зер афканд, вале одамони хоксорро сарбаланд кард;
53гуруснагонро аз нозу неъматҳояш сер намуда, сарватмандонро аз пешаш бо дасти холӣ фиристод;
54ба хотири марҳаматаш, ҳамон тавре ки ба аҷдодони мо, яъне ба Иброҳим ва авлоди ӯ то ба абад ваъда дода буд, ба бандаи худ Исроил ёрӣ расонд».
56Марям қариб се моҳ дар назди Элисобат монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.
57Вақти таваллуд кардани Элисобат фаро расид ва ӯ писаре зоид.
58Ҳамсояҳо ва хешовандонаш фаҳмиданд, ки Худованд дар ҳаққи вай марҳамати бузурге кардааст ва ба шодии ӯ шарик шуданд.
59Вақте ки кӯдак ҳаштрӯза шуд, ҳамаи онҳо ҷамъ шуданд, то дар рӯзи хатнаи кӯдак иштирок кунанд ва хостанд ӯро монанди падараш Закарё ном гузоранд.
60Вале модараш гуфт: «Не, номи ӯ Яҳё мешавад».
61Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Охир, дар байни хешонат ҳеҷ кас ин хел ном надорад».
62Баъд бо имову ишора аз Закарё пурсиданд, ки ӯ кӯдакро чӣ ном мондан мехоҳад?
63Вай тахтачаеро талаб карда, ба рӯи он навишт «Номи ӯ Яҳё аст» ва ҳама ҳайрон шуданд.
64Ҳамин вақт забони Закарё кушода шуду ӯ ба гап даромада Худоро ҳамду сано хонд.
65Ҳамаи ҳамсояҳо ба тарс афтоданд ва ин воқеаҳоро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудия нақл мекарданд.
66Онҳое, ки нақлашонро мешуниданд, дар дили худ чунин мегуфтанд: «Хӯш, ин кӯдак кӣ мешуда бошад?» Худованд бошад, дар ҳақиқат кӯдакро дастгирӣ мекард.
67Падари кӯдак Закарё аз Рӯҳи Муқаддас пур шуду пешгӯӣ карда, чунин мегуфт:
68«Шаъну шараф ба Худованд Худои Исроил! Зеро Ӯ ба ёрии халқи худ омада, онро озод кард.
69Ӯ барои мо аз авлоди бандааш Довуд Наҷотдиҳандаи пурқудратро пайдо кард,
70чун аз қадим бо забони пайғамбарони муқаддаси худ гуфта буд,
71ки моро аз душманонамон ва аз дасти ҳамаи онҳое, ки моро бад мебинанд, наҷот медиҳад.
72Ҳамин тавр Вай аз рӯи ваъдае, ки ба аҷдодонамон дода буд, ба мо раҳм нишон дод. Инчунин он аҳду паймони муқаддаси худро аз хотир набаровард, ки бо авлоди гузаштаи мо Иброҳим баста, қасам дод, ки

Read Луқо 1Луқо 1
Compare Луқо 1:49-72Луқо 1:49-72