Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 4

Луқо 4:29-43

Help us?
Click on verse(s) to share them!
29Баъд аз ҷояшон бархеста, Исоро аз шаҳр берун карда, ба болои теппае бурданд, ки шаҳр он ҷо сохта шуда буд ва хостанд аз лаби ҷарӣ Ӯро партоянд.
30Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, бо роҳи худ равона шуд.
31Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи истироҳат мардумро таълим медод.
32Одамон аз таълимоти Ӯ қоил мемонданд, чунки суханонаш боқудрат буданд.
33Дар ибодатхона марде ҳузур дошт, ки дар вуҷудаш рӯҳи нопок, яъне дев ҷойгир шуда буд. Ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт:
34«Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!»
35Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд. Дев мардро дар пеши назари ҳама ба замин партофт ва ба он мард ҳеҷ зараре нарасонда, аз вай берун баромад.
36Ҳама ҳайрон шуда ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ суханест, ки Ӯ бо қудрату қувват ба рӯҳҳои нопок амр мефармояд ва онҳо берун мебароянд?»
37Овозаи Исо дар тамоми он ноҳия паҳн мешуд.
38Исо аз ибодатхона баромада, ба хонаи Шимъӯн рафт. Хушдомани Шимъӯн ба табларзаи сахте гирифтор буд ва аз Исо хоҳиш карданд, ки ба ин зан ёрӣ диҳад.
39Исо болои сари ӯ хам шуда, табларзаро манъ кард ва он тамоман нест шуд. Зан дарҳол бархеста, ба меҳмоннавозӣ машғул шуд.
40Вақти ғуруби офтоб ҳамаи онҳоеро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ба назди Исо меоварданд. Ӯ дасти худро болои сари ҳар яке аз онҳо мегузошту шифояшон медод.
41Ҳамчунон девҳо «Ту писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Таъиншудаи Худо аст. Аммо Ӯ ба онҳо иҷозати гап заданро намедод.
42Вақте ки субҳ дамид, Исо берун баромада, ба ҷои хилвате рафт. Вале мардум Ӯро ҷустуҷӯ карда, ба наздаш омаданд ва намегузоштанд, ки аз пешашон биравад.
43Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Ман бояд хушхабари подшоҳии Худоро ба шаҳрҳои дигар ҳам бирасонам, чунки бо ҳамин мақсад Ман фиристода шудаам».

Read Луқо 4Луқо 4
Compare Луқо 4:29-43Луқо 4:29-43