Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 4:29-43 in Tajik

Help us?

Луқо 4:29-43 in Хушхабар

29 Баъд аз ҷояшон бархеста, Исоро аз шаҳр берун карда, ба болои теппае бурданд, ки шаҳр он ҷо сохта шуда буд ва хостанд аз лаби ҷарӣ Ӯро партоянд.
30 Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, бо роҳи худ равона шуд.
31 Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи истироҳат мардумро таълим медод.
32 Одамон аз таълимоти Ӯ қоил мемонданд, чунки суханонаш боқудрат буданд.
33 Дар ибодатхона марде ҳузур дошт, ки дар вуҷудаш рӯҳи нопок, яъне дев ҷойгир шуда буд. Ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт:
34 «Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!»
35 Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд. Дев мардро дар пеши назари ҳама ба замин партофт ва ба он мард ҳеҷ зараре нарасонда, аз вай берун баромад.
36 Ҳама ҳайрон шуда ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ суханест, ки Ӯ бо қудрату қувват ба рӯҳҳои нопок амр мефармояд ва онҳо берун мебароянд?»
37 Овозаи Исо дар тамоми он ноҳия паҳн мешуд.
38 Исо аз ибодатхона баромада, ба хонаи Шимъӯн рафт. Хушдомани Шимъӯн ба табларзаи сахте гирифтор буд ва аз Исо хоҳиш карданд, ки ба ин зан ёрӣ диҳад.
39 Исо болои сари ӯ хам шуда, табларзаро манъ кард ва он тамоман нест шуд. Зан дарҳол бархеста, ба меҳмоннавозӣ машғул шуд.
40 Вақти ғуруби офтоб ҳамаи онҳоеро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ба назди Исо меоварданд. Ӯ дасти худро болои сари ҳар яке аз онҳо мегузошту шифояшон медод.
41 Ҳамчунон девҳо «Ту писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Таъиншудаи Худо аст. Аммо Ӯ ба онҳо иҷозати гап заданро намедод.
42 Вақте ки субҳ дамид, Исо берун баромада, ба ҷои хилвате рафт. Вале мардум Ӯро ҷустуҷӯ карда, ба наздаш омаданд ва намегузоштанд, ки аз пешашон биравад.
43 Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Ман бояд хушхабари подшоҳии Худоро ба шаҳрҳои дигар ҳам бирасонам, чунки бо ҳамин мақсад Ман фиристода шудаам».
Луқо 4 in Хушхабар