17Падар барои он Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони худро фидо мекунам, то боз онро ба даст оварам.
18Ҳеҷ кас ҷони Маро аз Ман намегирад, Ман онро бо ихтиёри худ фидо мекунам. Ман қудрат дорам, ки онро фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ба даст орам. Ин фармонро Ман аз Падарам гирифтаам».
19Аз сабаби ин суханон дар байни мардум бори дигар низоъ ба вуҷуд омад.
20Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона шудааст! Чаро ба суханони Ӯ гӯш медиҳед?»
21«Ин суханони шахси девона нестанд, — норозӣ шуданд дигарон. — Магар дев чашмони кӯрро бино карда метавонад?»