17 Падар барои он Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони худро фидо мекунам, то боз онро ба даст оварам.
18 Ҳеҷ кас ҷони Маро аз Ман намегирад, Ман онро бо ихтиёри худ фидо мекунам. Ман қудрат дорам, ки онро фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ба даст орам. Ин фармонро Ман аз Падарам гирифтаам».
19 Аз сабаби ин суханон дар байни мардум бори дигар низоъ ба вуҷуд омад.
20 Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона шудааст! Чаро ба суханони Ӯ гӯш медиҳед?»
21 «Ин суханони шахси девона нестанд, — норозӣ шуданд дигарон. — Магар дев чашмони кӯрро бино карда метавонад?»