Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 10

Луқо 10:3-39

Help us?
Click on verse(s) to share them!
3Биравед! Ҳоло шуморо мисли барра ба байни гургҳо мефиристам.
4Бо худ ҳеҷ пул, борхалта ва ё пойафзоли иловагӣ нагиреду дар роҳ бо касе дурудароз саломуалейк накунед.
5Ба ҳар хонае, ки медароед, аввал бигӯед: „Сулҳ бод бар ин хонадон!“
6Агар дар он ҷо шахси сулҳпарваре бошад, сулҳи шумо бо ӯ мемонад вагарна, он ба сӯи шумо бармегардад.
7Пас дар ба дар нагардеду дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи ки доранд, бихӯреду бинӯшед, зеро коргар лоиқи он аст, ки музди корашро бигирад.
8Агар ба ягон шаҳр дароеду шуморо дар он ҷо қабул кунанд, ҳар хӯрокеро, ки пешатон гузоранд, бихӯред,
9беморони он шаҳрро шифо диҳед ва бигӯед: „Подшоҳии Худо ба шумо наздик омадааст“.
10Вале агар ба шаҳре дароеду шуморо қабул накунанд, дар кӯчаҳояш гашта, чунин бигӯед:
11„Ҳатто чангу ғубори шаҳри шуморо, ки бар пои мо нишастааст, афшонда ба шумо бармегардонем, вале аниқ бидонед, ки подшоҳии Худо наздик омадааст“.
12Ба шумо мегӯям, ки дар ҳамон рӯз аҳволи шаҳрвандони бадкирдори Садӯм аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.
13Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
14Бинобар ин дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Суру Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд.
15Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум, гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед.
16Ҳар кӣ шуморо, шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва ҳар кӣ аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва ҳар кӣ аз Ман рӯй гардонад, аз шахсе рӯй мегардонад, ки Маро фиристодааст».
17Ҳафтод нафар шогирдон бо хушҳолӣ баргашта, ба Исо гуфтанд: «Худовандо! Бо номи Ту ҳатто девҳо ба мо итоат мекунанд».
18Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман дидам, ки шайтон барқвор аз осмон ба поён афтод;
19Ҳоло Ман ба шумо қудратеро додам, ки морону каждумон ва тамоми қувваи душманро поймол кунед ва ба шумо ҳеҷ чиз зарар расонда наметавонад.
20Вале на барои он шод бошед, ки рӯҳҳо ба шумо итоат мекунанд, балки барои он шодӣ кунед, ки номҳоятон дар осмон навишта шудаанд».
21Худи ҳамон лаҳза Исо аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, бо хушҳолӣ гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падарҷон, ҳокими замину осмон, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пӯшида мондиву ба одамони оддӣ ошкор сохтӣ. Бале, Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд.
22Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ҳеҷ кас ғайр аз Падар намедонад, ки Писар кист. Инчунин ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то Падарро барояшон зоҳир кунад, ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист».
23Сипас, Исо ба шогирдонаш рӯ оварда, фақат ба онҳо гуфт: «Хушбахтанд чашмоне, ки чизи шумо медидаро мебинанд!
24Зеро ба шумо мегӯям, ки пайғамбарон ва подшоҳони бисёре мехостанд он чизеро бубинанд ва бишнаванд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд».
25Ҳамин вақт яке аз қонуншиносон бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, ба Ӯ чунин савол дод: «Устод! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?»
26Исо ҳам аз вай пурсид: «Дар шариат чӣ навишта шудааст? Шумо аз он ҷо чӣ мехонед?»
27Вай ҷавоб дод: «Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми қуввату ақлу ҳушамон дӯст бидорем ва шахсеро, ки наздики мост, мисли худ дӯст бидорем».
28Исо гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр бикун ва ҳаёт хоҳӣ дошт».
29Вале ӯ худро сафед карданӣ шуда ба Исо гуфт: «Пас, шахси наздики ман кист?»
30Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти роҳзанҳо афтид. Онҳо ӯро ғорат карда хуб заданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.
31Тасодуфан аз ҳамон роҳ рӯҳоние мегузашт ва чун ӯро дид, аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт.
32Ҳамчунин марде аз тоифаи Левӣ аз он ҷо мегузашт ва марди захмдорро дидан замон, ӯ низ аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт.
33Вале марди сомарие, ки аз он ҷо савора мегузашт, ба вай наздик шуда, ӯро дид ва дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт.
34Сипас назди ӯ омада, захмҳояшро бо шароб тоза карду равған молида баст. Баъд ӯро бардошта ба хараш савор карду ба меҳмонхонае овард ва дар ҳамон ҷо ӯро нигоҳубин намуд.
35Рӯзи дигар ба соҳиби меҳмонхона ду динор дода гуфт: „Ӯро нигоҳубин кун ва агар харҷат аз ин зиёдтар шавад, вақти баргаштанам онро ба ту бармегардонам“.
36Хӯш, ба фикри ту кадоме аз ин се нафар ба он марде, ки аз дасти роҳзанҳо ҷабр дида буд, шахси наздик ҳисоб мешавад?»
37«Он касе, ки ба ӯ раҳм кард», — ҷавоб дод шариатдон. «Пас, бирав ва монанди ӯ рафтор кун», — гуфт Исо.
38Исо ва шогирдонаш сафарашонро давом дода, ба деҳае ворид гаштанд. Дар ҳамон ҷо Марто ном зане Ӯро дар хонаи худ меҳмондорӣ кард.
39Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пои Исо нишаста ба суханони Ӯ гӯш медод.

Read Луқо 10Луқо 10
Compare Луқо 10:3-39Луқо 10:3-39