57Вақти таваллуд кардани Элисобат фаро расид ва ӯ писаре зоид.
58Ҳамсояҳо ва хешовандонаш фаҳмиданд, ки Худованд дар ҳаққи вай марҳамати бузурге кардааст ва ба шодии ӯ шарик шуданд.
59Вақте ки кӯдак ҳаштрӯза шуд, ҳамаи онҳо ҷамъ шуданд, то дар рӯзи хатнаи кӯдак иштирок кунанд ва хостанд ӯро монанди падараш Закарё ном гузоранд.
60Вале модараш гуфт: «Не, номи ӯ Яҳё мешавад».
61Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Охир, дар байни хешонат ҳеҷ кас ин хел ном надорад».
62Баъд бо имову ишора аз Закарё пурсиданд, ки ӯ кӯдакро чӣ ном мондан мехоҳад?
63Вай тахтачаеро талаб карда, ба рӯи он навишт «Номи ӯ Яҳё аст» ва ҳама ҳайрон шуданд.