Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 1:57-63 in Tajik

Help us?

Луқо 1:57-63 in Хушхабар

57 Вақти таваллуд кардани Элисобат фаро расид ва ӯ писаре зоид.
58 Ҳамсояҳо ва хешовандонаш фаҳмиданд, ки Худованд дар ҳаққи вай марҳамати бузурге кардааст ва ба шодии ӯ шарик шуданд.
59 Вақте ки кӯдак ҳаштрӯза шуд, ҳамаи онҳо ҷамъ шуданд, то дар рӯзи хатнаи кӯдак иштирок кунанд ва хостанд ӯро монанди падараш Закарё ном гузоранд.
60 Вале модараш гуфт: «Не, номи ӯ Яҳё мешавад».
61 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Охир, дар байни хешонат ҳеҷ кас ин хел ном надорад».
62 Баъд бо имову ишора аз Закарё пурсиданд, ки ӯ кӯдакро чӣ ном мондан мехоҳад?
63 Вай тахтачаеро талаб карда, ба рӯи он навишт «Номи ӯ Яҳё аст» ва ҳама ҳайрон шуданд.
Луқо 1 in Хушхабар